АҲАМИЯТИ ИСТИФОДАИ ОҚИЛОНА АЗ ЗАХИРАҲОИ ОБ

Дар Маркази матбуоти миллӣ аз ҷониби Вазорати хоҷагии об анҷумани матбуотӣ баргузор ва дар он корҳое, ки оиди таъмини иҷрои қарорҳои Президент «Дар бораи чораҳои боз ҳам такмил додани татбиқи технологияҳои сарфасози об дар кишоварзӣ» ва «Дар бораи чораҳои такмили идоракунии захираҳои об дар зинаи поёнӣ ва ба тартиб андохтани муносибатҳо байни истеъмолгарони об» (аз 1 марти соли равон) ба амал бароварда шудаанд, мавриди муҳокима қарор дода шуданд.

Навъе таъкид гардид, об яке аз неъматҳои фаровонии зиндагии аҳолиро таъминкунанда буда, зиёда аз 33 ҳазор нафар коргарону ходимоне, ки дар сохтори вазорати зикршуда фаъолият доранд, саъй нигарондаанд вазифаи дар зиммадоштаашонро сидқан ба ҷо оранд, баҳри сарфа сохтан, оқилона истифода кардан аз об ва захираҳои он, тарғиби ин ҷиҳатҳо дар байни аҳолӣ ҳаракат намоянд.
Сохторе, ки чанд сол пеш ибтидо гирифта ва самараи худро мебахшад – кӯшишҳо дар роҳи ҷорӣ сохтани технологияҳои обро сарфакунанда муттасил идома меёбад. Таҳти қарори махсуси роҳбари давлати мо дар ин самт тартибҳои нав муайян мегарданд.
Мувофиқи қарор, соли равон дар асоси тамоюли «як канал – як сохтор», ки қабл аз ҳама ба самаранок истифода кардан аз технологияҳои сарфасози об нигаронида шудааст, дар 230 ҳазор гектар майдон рӯихати манзилнок ташаккул дода шудааст. Имрӯзҳо дар 94 ҳазор гектар майдон, ки дар ихтиёри 2866 хоҷагӣ мебошад, обёрии қатрагӣ, дар 11,5 ҳазор гектар майдон, ки дар тасарруфи 475-то талабгор  мебошад, аз рӯйи ҷорӣ сохтани технологияҳои обёрии боронӣ корҳои сохтмону монтаж пеш бурда мешаванд.
Дар ҷумҳурӣ саноати истеҳсолӣ дар шароити маҳаллӣ рушд ёфта, ускуна ва қисмҳои будкунандаи технологияҳои обёрикунандаи обро захирасоз дар корхонаҳои худӣ кор карда бароварда мешаванд. Миқдори ин гуна корхонаҳои саноатӣ ба 45-то расидааст. Ин имкон медиҳад арзиши аслии қисмҳои будкунанда назар ба харҷи амволе, ки аз хориҷ оварда мешавад, 15-20 фоиз паст, ё худ аз ҳар гектар 5-7 миллион сӯм сарфа гардад.
Бо мақсади ба роҳ гузоштани механизми шаффофи табодули иттилоот барои истеҳсолгарони маҳсулоти кишоварзӣ реестри электронии ягонаи «Томчи – реестр» кор карда бароварда ва роҳандозӣ гардидааст. Имрӯзҳо бештар аз 200 корхона ба ин платформа ҳуҷҷатҳои дахлдорро дар шакли онлайн ворид сохтааст. Айни замон бобати ҷамъ кардани маводҳои дахлдор аз рӯи субсидиядиҳӣ, муоҳида бо ташкилоту мақомоти дахлдори сохтори ягонаи иттилоотии «Agro-Subsidiya» ба амал ҷорӣ карда шуд. Эътиборан аз соли 2022 ба истеҳсолгароне, ки технологияҳои сарфасози обро истифода мебаранд, субсидияҳо аз рӯйи ҳамин сохтор ҷудо карда мешаванд.
Дар асоси қарори Президент таҳти рақами 145 дар ҳамаи ноҳияҳои ҷумҳурӣ 161 шуъбаи хидмати махсуси хоҷагиҳои об ташкил карда шуд. Дар асоси ҳамкорӣ бо марказҳои ба шуғл кумакрасони ноҳиявӣ 4241 нафар бекорон ба шуғл фаро гирифта шуданд.
Аз ҷониби хидмати махсуси хоҷагии об дар ҷумҳурӣ ба 409 ҳазор гектар майдон хидмат расонда мешавад. Оиди дастрас гардонидани об ба истеъмолгарон 73 ҳазору 349 шартнома ба имзо расонда шудааст.
Хидматҳои махсуси хоҷагии об, айни замон, 303 миллиарду 801 миллион сӯмина нақшаҳои тиҷоратӣ кор карда бароварда, дар ҳолати то 10 июни соли равон онҳо ба истеъмолгарон 57 миллиарду 295 миллион сӯмина хидмат расондаанд.
Дар давоми моҳҳои апрел-майи соли равон ба истеъмолгарони об наздик 6 миллиарду 268 миллион кубометр об дастрас гардонида шуд. Ҳисобу китоб бо истеъмолгарон ба тартиб даромад. Айни замон дар маҳалҳо байни хидматҳои махсус ва истеъмолгарони об 68 ҳазору 194 пешбурди журналҳои рӯзонаи ҳисобу китоб ба роҳ гузошта шуд.
Оиди ба шарикии давлатӣ-хусусӣ додани объектҳои хоҷагии об низ як қатор корҳо ба амал бароварда шуданд.
Дар анҷумани матбуотӣ гуфта шуд мутахассисон – ходимони сохтори хоҷагии об дар мавсими обёрӣ аснои дар асоси лимит ба истеъмолгарон расонда додани об барои роҳ нагузоштан ба исрофгарии об, самаранок идора сохтани захираҳои об, оиди бечунучаро таъмин сохтани иҷрои қарорҳои Президент чораҳои зарурӣ меандешанд.

М. ШОДИЕВ,
мухбири 
«Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: