АҲАМИЯТИ МЕРОСИ АБУҲАФСИ КАБИР

Дар Бухорои куҳан аллома ва мутафаккирони бузург, симоҳои шинохтаи илмҳои диниву дунявӣ ба камол расида, дар таърихи инсоният ном гузоштаанд.

Яке аз чунин алломаҳои машҳур Абуҳафс Кабири Бухороӣ мебошад. 
Бояд эътироф намуд, ки номбурда хеле пеш аз мадрасаи “Низомия”-и Бағдод ба мадрасаҳои олӣ дар Бухоро асос гузоштааст. Ба туфайли хидматҳои алломаҳое мисли ӯ дар давраи Эҳёи якум Бухоро ба унвони шарафноки “Қуббат-ул ислом”, яъне “Гунбази дини ислом” сазовор гардид. Абуҳафс Кабири Бухороӣ устоди Имом Бухорӣ буд ва Имом Бухорӣ низ дар мадрасаи Абуҳафси Кабир таҳсил гирифтааст.
Албатта, омӯхтан, ҳифз намудан ва ба авлоди оянда расондани мероси ғании бузургони хирад кори бошараф аст. Солҳои охир бо ташаббуси роҳбари давлат дар ин соҳа дигаргуниҳои назаррас ба амал омаданд. Аз ҷумла, бахшида ба тадқиқотҳои мероси илмиву маърифатии Абуҳафс Кабири Бухороӣ якчанд асар нашр шуд, филмҳои ҳуҷҷатӣ омода шуданд. Соли 2023 бо ташаббуси роҳбари давлат ба таври  васеъ ҷашн гирифтани 1255-солагии аллома пешбинӣ гардидааст. 
Ҳоло дар зиёратгоҳи Абуҳафс Кабири Бухороӣ Маркази машварат доир ба корҳои маънавиву маърифатӣ ва масъалаҳои динӣ фаъолият дорад. Дар он доир ба масъалаҳои оила ва никоҳ, қарз ва ҳам фарз будани донишомӯзӣ, ҳалолӣ, меҳнатдӯстӣ, ватанпарварӣ барин арзишҳои миллӣ аз ҷониби имом-хатибон, руҳшиносони пешқадами вилояти Бухоро маърӯзаҳо шунида мешаванд. 
Анҷумани байналхалқӣ таҳти мавзӯи “Мавқеъ ва аҳамияти мероси Аҳмад ибни Ҳафс Кабири Бухороӣ дар офариниши асосҳои илмиву назарии фалсафаи ислом ва  Ренессанси Шарқ” дар Бухоро баргузор гардид.
Ҳокими вилоят Ботир Зарифов таъкид намуд, ки мероси ғании динӣ ва маънавӣ, ҳаёт ва зиндагии ибратпазири Абуҳафси Кабир, ки ӯро «Имоми Ҳоҷатбарор» низ мегуфтанд, дар тамаддуни ин сарзамин аҳамияти муҳим дорад.
Мушовири илмии Ташкилоти ҳамкории исломӣ, профессор Аширбек Мӯъминов (Туркия), директори департаменти Ташкилоти ҳамкории исломӣ, профессор Башир Аҳмади Ансорӣ, профессори Донишгоҳи Мичиган Темурхӯҷа Усмонхӯҷа (ИМА), профессори Донишгоҳи Қоҳира Убайд Муҳаммад (Миср) ва дигар олимону таҳлилгарон, ки дар анҷумани онлайнӣ иштирок карданд, доир ба мероси аллома фикрҳои худро баён намуданд.

С. БЕКНАЗАРОВА,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».  
           

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: