АҲАМИЯТИ ТАРБИЯВИИ «ТУРКИЙ ГУЛИСТОН Ё ХУД АХЛОҚ»-И АБДУЛЛО АВЛОНӢ

Дар нимаи дуюми асри ХIХ ва ибтидои асри ХХ дар ҳудуди Осиёи Марказӣ барои ривоҷ додани илм ва босавод кардани мардум хидмати зиёиёни ин давр ниҳоят бузург аст.

«Масъалаи тарбия барои мо ё ҳаёт, ё мамот, ё наҷот, ё ҳалокат, ё хушбахтӣ, ё фалокат аст».
Абдулло АВЛОНӢ.
Дар нимаи дуюми асри ХIХ ва ибтидои асри ХХ дар ҳудуди Осиёи Марказӣ барои ривоҷ додани илм ва босавод кардани мардум хидмати зиёиёни ин давр ниҳоят бузург аст. Маорифпарварон ягона роҳи наҷотро аз гумроҳӣ ва ҷоҳилӣ дар кушодани мактабҳои усули нав, мактабҳои аврупоӣ, русӣ ва тоторӣ медиданд.  Яке аз чунин равшанфикрон, намояндаи адабиёти ҷадидӣ, шоир, омӯзгор ва драматург Абдулло Авлонӣ мебошад.
Абдулло Авлонӣ  зодаи шаҳри Тошканд аст. Падараш Миравлон ҳунарманди миёнҳол буда, бо бофандагӣ машғул буд. Абдулло дар 7-солагиаш  дар мактаби кӯҳнаи маҳаллаи Ӯқчӣ дар назди Акрамхон ном шахси босавод таълими ибтидоӣ мегирад. Соли 1890 дар ҳамон маҳалла ба мадраса мегузарад ва баъдан дар мадрасаи Абдумаликбой таҳсили илмро давом медиҳад. Аммо баъд аз чанд муддат зиндагонии шоир вазнин гардида, аз кори таҳсил дур мешавад. Ӯ менависад: «Аз соли 1891 фақат дар рӯзҳои зимистон хонда, дар дигар фаслҳои сол бо мардикорӣ машғул мешудам». 
Абдулло Авлонӣ барои таълим додани фарзандони халқ соли 1904 мактаби ҷадидӣ мекушояд. Ӯ дар он ҷо ба сифати омӯзгор фаъолияташро давом медиҳад. Барои бо китобҳои дарсӣ таъмин намудани мактаб кӯшиши зиёд ба харҷ медиҳад. Вай барои таҳсил гирифтани фарзандони халқи одӣ, ки онҳо барои хондан ягон имконият надоштанд, «Ҷамъияти хайрия»-ро ташкил мекунад ва маблағҳое, ки дар он ҷо ҷамъ мешуданд, ба ҳамин ният харҷ месозад.  Абдулло Авлонӣ соли 1927 бо унвони «Қаҳрамони меҳнат» мукофотонида мешавад. Баъдтар ба ӯ унвони фахрии «Зарбдори маорифи халқи Ӯзбекистон»-ро медиҳанд.  Авлонӣ 25-уми августи соли 1934 вафот кардааст.
Аз ӯ мероси илмии зиёде боқӣ монд. Беҳтарин асари ӯ «Туркий Гулистон ё худ ахлоқ» буда, борҳо аз чоп баромада буд. Абдулло Авлонӣ онро дар пайравии «Гулистон»-и Саъдии Шерозӣ навиштааст. Ин асар сар то по панду ахлоқӣ буда, дар он аз ҳадис ва гуфтаҳои паёмбар (с.с) намунаҳо оварда шудааст. Асар барои синфҳои болоии мактабҳои миёна чун китоби дарсӣ навишта шуда буд. Дар асари мазкур илмро наҷотдиҳанда тавсиф карда, таъкид мекунад, ки маҳз дониш одамонро «ба некӣ даъват ва аз корҳои бад мегардонад». Дар асар одобу ахлоқ мавқеи муҳимро ишғол менамояд. Ахлоқ маҷмӯи хулқҳо аст. Ӯ барои исботи фикру ақидаҳои худ  далелу бурҳон нишон медиҳад. Авлонӣ таъкид менамояд, ки одобу ахлоқ ба тарбия вобаста аст. Тарбия маҳз дар оила шакл мегирад ва он аз рӯзҳои аввали таваллуди тифл оғоз гардида, то дамҳои вопасин давом меёбад. Барои ҳар як инсон беҳтарин тоҷ ин тарбия аст. Баъд аз он  ба гуфтаҳои пайғамбарамон рӯ меоварад: «Дар байни аъмоле, ки ба тарозу гузошта мешавад, аз рафтори нек гаронтар ҳеҷ чизе нест. Бандаи мӯъмин бо рафтори некаш баробари шахсест, ки шабҳо хоб намераваду рӯзона рӯза мегирад ва  тоату ибодат мекунад». 
Абдулло Авлонӣ дар ин асар барои нигоҳ доштани нафс андешаҳои ҷолиб баён месозад. Ба фикри ӯ, инсон бо чашми худ тамоми оламро мебинад, аммо нигоҳ доштани нафс ба ақл вобаста аст. Агар инсон аз ҷавонӣ ғуломи нафси худ шуда, тарбия надида ба воя расида бошад, аз ин инсон ҳеҷ гоҳ некиро интизор нахоҳад шуд. Барои тақвияти фикр боз ба гуфтаҳои Пайғамбар рӯ меоварад: «Агар шунидед, ки як кӯҳ ҷунбидааст, бовар кунед, аммо агар шунидед, ки рафтори як одами бад дигар шудааст, бовар накунед». 
Дар ҳеҷ давру замон рафтори як инсони бад зуд дигаргун намешавад. Чунки чизе, ки бо хун ворид шудааст, бо ҷон мебарояд. Дар ҳақиқат тарбия аз давраҳои қадим то ҳол яке аз масъалаи муҳимтарин ба ҳисоб меравад. Инсон бо одобу ахлоқи ҳамидаи худ андешаҳои худро низ идора карда метавонад. Фикру андешаҳои шахсоне, ки тарбияи хуб доранду худро идора карда метавонанд, ҳамеша нишонрас ва чун алмос буранда аст. 
Президенти муҳтарамамон борҳо таъкид намуданд, ки мо бояд аввал ба тарбия ва баъд ба таълим эътибор диҳем. Асоси таълим ин тарбия аст. Мақоми тарбия аз таълим волотар мебошад. Шахси тарбиякунанда мисли табиб аст. Табиб бо воситаи доруҳои гуногун бемори худро сиҳат мекунад. Тарбиякунанда бошад, дар вуҷуди кӯдак рафтори нек ва покизагиро ҷо карда, ба воя мерасонад. Барои зебову олӣ шудани ахлоқамон таъсири тарбия ниҳоят калон аст. Гузаштагони мо гуфтаанд: «Саодати ҳар як миллат, сулҳу осоиштагии давлат... ба тарбияи хуби ҷавонон вобаста  мебошад». Дар Қуръони Карим ҳам гуфта шудааст, ки дуруст тарбия намудани фарзандон барои ҳар як  падар фарз. Вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як падару модар дуруст тарбия намудани фарзандон аст. 
Ҳамин тавр, аз таҳлилу баррасии масъалаи мавриди назар ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки ин асар арзиши зиёди тарбиявӣ дошта, барои дуруст ба роҳ мондани тарбияю таълими насли наврас,  аҳамияти беандоза дорад. Ба гуфти Абдулло Авлонӣ, ҷавонони ботарбия ва соҳибилм ояндаи мамлакат мебошанд.

Парвина АБДУРАҲИМОВА,  
донишҷӯйи курси 2-юми шуъбаи тоҷикии факултети 
филологияи Донишгоҳи давлатии Тирмиз.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: