АҲАМИЯТИ ТАЗКИРА ДАР ОМӮЗИШИ ШАРҲИ ҲОЛ ВА ОСОРИ ШУАРОИ ТОШКАНДӢ

Устоди Донишгоҳи давлатии Самарқанд, олими забардаст, доктори илмҳои филологӣ, профессор Садрӣ Саъдиев солҳои зиёдест, ки барои рушд ва нумӯи адабиётшиносии тоҷик ҳиссаи арзанда мегузорад.

Устоди Донишгоҳи давлатии Самарқанд, олими забардаст, доктори илмҳои филологӣ, профессор Садрӣ Саъдиев солҳои зиёдест, ки барои рушд ва нумӯи адабиётшиносии тоҷик ҳиссаи арзанда мегузорад. То имрӯз як қатор асарҳои илмии ӯ, аз қабили “Сӯзанӣ ва муҳити адабии Самарқанд дар асри XII” (Душанбе, 1974), “Поэтикаи шоирони Мовароуннаҳр дар асри XII” (Душанбе, 1978), “Адабиёти тоҷик дар асри XII” (Душанбе, 1985), “Адабиёти форс-тоҷик дар нимаи дуюми асри XI ва нимаи аввали асри XII” (Душанбе, 1986), “Малеҳои Самарқандӣ ва тазкираи ӯ” (Самарқанд, 1999), “Нақшбандия ва таъсири ӯ ба адабиёт” (Самарқанд, 2001), “Муҳити адабии Самарқанд дар оинаи таърих” (Тошканд, 2009) ба табъ расидаанд. Олими забардаст, инчунин, муаллифи зиёда аз 20 монографияву китобҳои алоҳида мебошад.
Тазкираи “Муҳити адабии Самарқанд дар оинаи таърих”-и Садрӣ Саъдиев, бешубҳа, яке аз тазкираҳои гаронбаҳотарини адабиёти тоҷик ба шумор меравад. Ин тазкира бо забони ӯзбекӣ, дар соли 2009 нашр гардида, аз ҳаёту фаъолияти 123 нафар шоирони намоёни давраҳои гуногун, ки дар муҳити адабии Самарқанд эҷод намудаанд, маълумот медиҳад. Мақсади муаллиф муаррифии намояндагони барҷастаи адабиёти тоҷики Самарқанд ба хонандагон ва адабиётшиносони ӯзбек будааст.
Тазкира аз сарсухан ва чор боб иборат мебошад. Ҳар боби он давраҳои муайянро дарбар гирифта, алоҳида номгузорӣ гардидаанд ва ҳар яке сарсухани алоҳида дорад. Бобҳо чунин номгузорӣ гардидаанд:
Боби 1. Адабиёти асрҳои IX-XII
Боби 2. Адабиёти асрҳои XV-XVI 
Боби 3. Адабиёти асри XVII
Боби 4. Адабиёти нимаи дуюми асри XIX ва аввалҳои асри XX.
Боби якум шарҳи ҳаёт ва фаъолияти 14 нафар, дар боби дувум 78 нафар, боби сеюм 24 нафар ва боби чорум 7 нафар шоирро дарбар мегирад.
Муаллиф дар оғози ҳар боб дар бораи ҳаёти иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии ҳамон давра маълумот дода, баъд ба шарҳи ҳаёту фаъолияти намояндагон мегузарад. Тазкира қариб ҳамаи шоиронеро, ки аз Рашидии Самарқандӣ (асрҳои XI-XII) сар карда, то Ҷуръати Самарқандӣ (аввали асри XX) дар доираи адабии Самарқанд эҷод намудаанд, дарбар мегирад. Дар тазкира номи 123 нафар шоир оварда шуда бошад ҳам, ин шумори тамоми намояндагони муҳити адабии Самарқанд нест. Зеро, чуноне ки дар сарсухани китоб муаллиф иброз медорад, бисёре аз шоирони дигар, аз сабаби норасоии маълумот дар ин тазкира ҷой нагирифтаанд.
Фарқи асосии ин тазкира аз тазкираҳои дигар дар он мебошад, ки дар ин китоб маълумотҳои дақиқ, пурра ва аз ҷиҳати илмӣ тасдиқгардида оварда шуда, худи асар характери тадқиқотӣ дорад. Яъне, ҳаёт ва фаъолияти эҷодии ҳар як шоири зикргардида омӯхта ва тадқиқ карда шудааст. Муҳаққиқ дар асоси таҳлили ҳартарафаи маълумоти тазкираҳои муайян дар бораи аҳволи шоирон кӯшиш намудааст рӯзгори ҳар яке аз онҳоро ҳарчӣ пурратару васеътар равшан созад. Бо таҳлили муҷази ҳамагӣ як ва гоҳо ду намунаи шеъри онҳо  бошад, тавонистааст пояи ҳунарии суханварӣ ва мақоми дар шеъру адаби замони худ доштаи ҳар як шоирро таъин созад. Инчунин, дар тазкира мушкилоти умумии давраҳои таърихи адабиёт ва тамоюлҳои тараққиёти он зоҳир мегардад. Аз ин нуқтаи назар тазкира хусусияти илмӣ дорад.
Садрӣ Саъдиев аз тазкираҳои “Лубоб-ул-албоб”-и Муҳаммад Авфии Бухороӣ, “Чаҳор мақола”-и Низоми Арӯзии Самарқандӣ, “Маҷолис-ун-нафоис”-и Алишери Навоӣ, “Тазкират-уш-шуаро”-и Давлатшоҳи Самарқандӣ, “Тазкират-уш-шуаро”-и Мутрибии Самарқандӣ, “Музаккир-ул-асҳоб”-и Малеҳои Самарқандӣ ва ғайра фаровон истифода намудааст.
Дар “Маҷолис-ун-нафоис”-и Навоӣ дар бораи чанд нафар шоирони тошкандӣ, аз қабили Лутфии Шошӣ, Мавлоно Улои Шошӣ, Орифи Фаркатӣ ва Дарвешбек ибни Мирзо Алӣ маълумоти мухтасар дода шудааст. Намунаи ашъорашон ҳам аз як-ду байт беш нест. Дар боби дувуми тазкираи Саъдиев бошад, дар бораи ҳафт шоири тошкандиюласл маълумоти арзанда ва аз ашъорашон ҳам якғазалӣ оварда шудааст. Пас, нисбат ба он тазкираҳо дар тазкираи Саъдиев тарҷумаи ҳоли шоирон муфассалтар, намунаи ашъорашон зиёдтар оварда мешавад. Муаллиф аз ашъори шоирони зикргардида аз ду мисраъ сар карда, то се шеърро мисол меорад. Албатта, сабаби асосии ин дар он аст, ки олим аз тазкира ва манбаъҳои дигар низ истифода намудааст ва ба ин васила маълумотҳоро зиёдтару мустаҳкамтар карда, ба ҷамъ намудани намунаи осори онҳо муваффақ гаштааст.
Дигар хусусияти тазкираи мазкур дар он аст, ки Садрӣ Саъдиев саъй намудааст, ки дараҷаи маҳорати эҷодии ҳар як шоири шомили тазкираро аз рӯйи шеъри ӯ муайян сохта, ҷавҳари ҳунарии ҳар як шоирро ошкор созад. Чунончӣ, дар зикри шарҳи ҳол ва осори Дайрии Тошкандӣ, дар намуди шеъри маснуъ бартарӣ доштани ӯро баён месозад. Инчунин, олим костагиҳои салиқаи шоирии баъзе шоиронро низ ошкор намудааст. Инро дар шарҳи ҳоли Рабеии Тошкандӣ дидан мумкин аст. Гарчанде Мутрибии Самарқандӣ дар тазкираи худ ӯро ҳамчун шоири хуштабъ эътироф мекунад, Садрӣ Саъдиев дар тазкираи худ бо ошкор намудани норасоиҳои шеъри Рабеӣ шоири ҳаваскор будани ӯро исбот менамояд. Дар тазкира ин шеъри Рабеӣ мисол оварда шудааст:
Дилам аз ҳаҷрат, эй маҳ, 
тири меҳнатро нишон гашта,
Зи маҳрумии дидорат қади ман 
чун камон гашта.
Раҳи саҳрои ғам бигрифта, 
мехоҳад дили зорам
Дар ин водӣ шавад бисёр расвои 
ҷаҳон гашта.
Зи баҳри он ба гирдоби ғаму 
андӯҳ афтодам,
Ки оби чашмаи ман аз гиря баҳри 
бекарон гашта.
Аз он оворагӣ ҷустам зи ҷойи худ 
мани бедил,
Ки дидам: моҳи ман чашму чароғи 
дигарон гашта.
Худоро, инчунин ғофил мабош 
аз нотавони худ,
Ки з-андӯҳу ғамат қадди Рабеӣ 
чун камон гашта.
Олим таъкид менамояд, ки дар ин шеъри Рабеӣ ягон образи нав ва ифодаи тоза ба назар намерасад. Баръакс, ҳамаи тасвирҳои дар ғазал овардашуда хусусияти анъанавӣ дорад, ки пеш аз Рабеӣ истифода шудаанд. Дигар камбудии ғазал, чунон, ки Саъдиев баён мекунад, дар он аст, ки қофияи “камон” ду бор корбаст шудааст. Дар матлаи ғазал қадду қомат ба камон ташбеҳ шуда бошад, дар мақтаъ ҳам калимаи камон худди ҳамон ташбеҳ шудааст. Ин бар зидди қоидаи ғазал буда, байти мақтаъ бояд байти ҷамъбастӣ бошад. 
Дар ин тазкира метавон чанд тан шоирони тошкандиюласлро пайдо намуд, ки аҳволу осорашон барои муайян кардани вазъи рушди шеъри форсӣ-тоҷикӣ дар муҳити адабии асрҳои  XV-XVI-и Тошканд ёрӣ хоҳад дод. Самарқанд, ки дар он замонҳо маркази илму адаби Мовароуннаҳр шумурда мешуд, барои камоли эҷодии бисёре аз шоирони вилоятҳои Мовароуннаҳр ва атрофи он аҳамияти бузургро соҳиб буд. Шоирони зиёде зодгоҳи худро тарк намуда, ба Самарқанд меомаданд ва дар ҳамин ҷо ба пояи баланди шоирӣ мерасиданд. Аз ин рӯ, шоирони зиёди тошкандӣ барои ба камол расидан ё дар доираи бузурги адабӣ қарор гирифтан ба Самарқанд меомаданд. Бархе аз шоирони тошкандиюласли зикргардида танҳо дар муҳити адабии Самарқанд эҷод намуда, дар ҳамин шаҳр ба мавқеи баланди шоирӣ соҳиб гардида бошанд, бархе дигар дар худи Тошканд маъруф гашта, баъд ба Самарқанд ҳиҷрат намудаанд. Аз ин рӯ, Садрӣ Саъдиев ононро дар қатори шоирони Самарқанд ҷой додааст. Шоирони тошкандие, ки дар тазкира номи онҳо оварда шудааст: Дайрии Тошкандӣ, Шӯҳратии Оҳангаронӣ, Сомании Тошкандӣ, Сабрии Тошкандӣ, Собирии Тошкандӣ, Содиқии Тошкандӣ, Рабеии Тошкандӣ мебошанд. Садрӣ Саъдиев дар бораи тамоми ин шоирон аз тазкираи Мутрибии Самарқандӣ мавод гирифта, маълумотҳои изофию хулосаи худро илова намудааст. Намунаи ашъорашонро оварда, дар зераш тарҷумаи ӯзбекиашро низ илова кардааст.
Сабаби тарҷума ё маънидод кардани шеърҳо дар он мебошад, ки тамоми шоирони дар тазкира зикргардида ба забони форсӣ-тоҷикӣ эҷод кардаанд, вале тазкира ба забони ӯзбекӣ таълиф ёфтааст. Аз ин рӯ, барои ба хонандаи ӯзбекзабон фаҳмо шудани шеърҳо тарҷумаашон низ оварда шудааст. Бояд гуфт, ки муаллифи тамоми  тарҷумаҳо худи Садрӣ Саъдиев мебошад. Муаллиф то ҳадди имкон шеърҳоро тарҷума карда, ба ин восита маҳорати маъниравӣ ва тарҷумонии худро нишон додааст. Дар зер барои мисол як ғазалро бо тарҷумааш меорем:
Шаҳрии Самарқандӣ:
Соғари айши маро соқии даврон 
бишкаст,
Аҳд барбаст ба ман он буту 
паймон бишкаст.
Пой аз кӯйи маломат накашидам 
ҳаргиз,
Гарчӣ бисёр маро сар зи рақибон 
бишкаст.
Ҷон фидо чун накунам, 
дар раҳи гулбарги таре,
Ки пайи қатли ман ӯ гӯшаи 
домон бишкаст.
То ба завқи майи куфри 
ту шудам вобаста,
Нашъаи куфри туам соғари имон 
бишкаст.
Дошт ҷонам ҳаваси дидани он 
рӯй, Шаҳрӣ,
Дидам он рӯйу маро орзуи ҷон 
бишкаст.
Тарҷумаи Садрӣ Саъдиев:

Айш-ишрат ҷомимни соқии
 даврон синдирди,
Мен ила ул бут аҳд боғлабон, 
паймон синдирди.
Тортмадим ҳаргиз қадам маломат 
кӯйидин,
Гарчи кӯп бошим рақиблар ҳар он 
синдирди.
Нега ҷон қилмай фидо ул тоза 
гулбарг йулидаким,
Менинг қатлим учун ёқа-домон 
синдирди.
То сенинг куфринг майи завқига 
қолдим боғланиб,
Куфринг нашъаю хумори соғари 
имон синдирди.
Ҷоним ул юзни кӯриш 
орзусида, Шаҳрий, эди,
Кӯрдим ул юзнию ҷон орзуси шу 
он синдирди.
Тазкираи Саъдиев, ки ба омӯзиши муҳити адабии Самарқанд ва вижагиҳои осори намояндагони он бахшида шудааст, ба мисли тазкираи “Маҷолис-ун-нафоис”-и Алишер Навоӣ ва “Тазкират-уш-шуаро”-и Мутрибӣ дар пайдо намудани шоирони тошкандӣ ва омӯзиши шарҳи ҳолу осори онҳо низ аҳамияти бузургро соҳиб аст. Аз мулоҳиза дар атрофи маводи китоби мазкур ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки дар камол ёфтани шоирони тошкандӣ муҳити адабию фарҳангии Самарқанд муассир бошад, дар навбати худ дар баробари шоирони дигар маҳалҳо шоирони тошкандӣ низ дар рушду равнақ ёфтани ин муҳити адабӣ саҳмгузор будаанд.   

Дилшода ҲАЗРАТҚУЛИЁН
номзади фанҳои филология.
Ҳасан СУЛАЙМОНӢ,
донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: