Аҳмад ШАҲИД: ӮЗБЕКИСТОН БАРОИ МУКОЛАМАИ СОЗАНДА БОЗ АСТ

Сафири Ӯзбекистон Ҷавлон ВАҲҲОБОВ дар Вашингтон бо маърӯзачии махсуси СММ оид ба озодии дин ва эътиқод Аҳмад Шаҳид мулоқот кард.

Сафир ба маърӯзачии махсус дар бораи чорабиниҳо оид ба такмили таҷрибаи қонунгузорӣ дар соҳаи таъмини озодии виҷдон, ба қайд гирифтани ташкилотҳои динӣ ва фароҳам овардани шароит барои фаъолияти бемамониат, озод кардани маҳбусон, ки барои иштирок дар созмонҳои манъшуда маҳкум шудаанд, мубориза бар зидди радикализм, аз ҷумла тавассути тавсеаи механизмҳои институткунонӣ тарғиби исломи маърифатпарвар муфассал маълумот дод.
Қайд карда шуд, ки дар саъю талошҳои пайвастаи Ӯзбекистон дар мубориза бар зидди  экстремизм  ва терроризм ба тарғиби ғоя ва тамоюлҳои таҳаммулпазирӣ, эҳтироми байниҳамдигарӣ, муколамаи байни динҳо ва фарҳангҳо бо иштироки тамоми қишрҳои ҷамъият эътибори асосӣ дода мешавад.
Ҳамзамон дар Ӯзбекистон, дар асоси тамоюли «Маърифат бар зидди ҷаҳолат», ки ба огоҳии аҳолӣ, дастгирии ҳамаҷонибаи намояндагони табақаҳои гуногуни ҷомеа, хусусан ба дастгирии ҷавонон нигаронида шудааст, чораҳои мунтазам андешида мешавад. 
Дар навбати худ Аҳмад Шаҳид аз пешрафтҳои Ӯзбекистон дар соҳаи таъмини озодиҳои динӣ рӯҳбаланд буданашро қайд кард: «Аз нахустин мулоқотам бо Президент Шавкат Мирзиёев соли 2017 бо як ҳаяҷон мушоҳида мекунам, ки бо шарофати азми қатъии ӯ Ӯзбекистон ҷиҳати ба амал овардани дигаргуниҳои куллӣ дар пешбурди ҳуқуқи инсон ба муваффақиятҳои тасаввурнашаванда ноил шудааст, хусусан дар соҳаи озодии дин ва эътиқод»,– таъкид намуд маърӯзачии махсуси СММ. 
Ба гуфтаи ӯ «Ӯзбекистон дар қатори кишварҳои камшумор дар мулоқоти созанда бо институтҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи коршиносон ошкорбаёнии қатъӣ нишон медиҳад».
Маърӯзачии махсуси СММ ҳавасмандии худро дар идомаи ҳамкориҳо бо Ӯзбекистон ба пешрафти кишвар дар соҳаи озодии дин тавассути барномаҳои муштараки тренингҳо, ки ба баланд бардоштани дониш дар бораи стандартҳои байналмилалӣ нигаронда шудааст, таъкид кард, зеро озодӣ, тафаккур, виҷдон, дин ва эътиқод  дар асоси он қарор дорад. Чунин барномаҳо, ба гуфти Аҳмад Шаҳид, ба рушди нерӯи касбии намояндагони сохтори махсуси давлатӣ ва созмонҳои ҷамъиятӣ имкон медиҳад.

АИ «Дунё»,
ВАШИНГТОН.    

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: