АҲМАДИ ЯКГӮША

(Ҳикояи ҳаҷвӣ)

Дар маъракае мардум аз ину он суҳбат мекарданд.
– Аҳмади якгӯша, чой рез, – гуфт ҳампаҳлӯяш.
– Ист, ки барои чӣ якгӯша шудӣ? Модарзод-ку не, – лаб ба сухан кушод ҳангоматалабе.
– Аз дарахт афтида, гӯшам ба як парахаи хушки корд барин тез бархӯрд-у...
– Дурӯғ нагӯй! – бо шитоб ба миёни гапи Аҳмади якгӯша лагад зад писари калонии худораҳматӣ Абдусамад – Абдулло.
– Хӯш-хӯш, – бисёриҳо шакарханда карданд.
– Панҷоҳ ё панҷоҳу панҷ сол пеш ӯ шабона ба ҳавлии мо ба говдуздӣ даромада буд, – бо ҷаҳл ба забон овард Абдулло.
– Дурӯғ, ба гапи ин бовар накунед, – мегуфт Аҳмади якгӯша базӯр дар ҷояш нишаста.
– Ман гапамро тамом кунам, ту як дам нафасата каш! – хитоб кард Абдулло. – Тойи моро бо  ресмонаш кашола карда, акнун дари ҳавлиро кушоданӣ будааст, ки падари раҳматиам, ки аз меҳмонӣ бармегаштанд, пеши ӯро гирифта:
– Падарлаънати дузд! – гӯён ба таги манаҳаш як мушт зада, маро ҷеғ заданд. 
Ман ҳадаҳа парида аз ҷо хеста, ба ҳавлӣ баромадам.
– Абдусамадака маро сар диҳед, тавба кардам, маро шайтон аз роҳ зад! – мегуфт Аҳмади якгӯша (он вақт ду гӯш дошт).
– Ба гапи ин чапдаст гӯш накун, бачам. Биё ба ман ёрдам деҳ, – гуфтанд қиблагоҳ.
Ва бо ресмон дукаса даступои инро бастем.
– Акнун табари тоҷикию корди қассобиро биёр, – амр доданд падар.
– Илтимос, маро сар диҳед, ҳамаи гову гӯсолаамро ба шумо мебахшам, – фарёд мекард Аҳмад сарашро ба сутун зада.
Падар ба гапи ӯ гӯш намекарданд.
Ман ба падар рӯ оварда:
– Табарро диҳам,  ё корди қассобиро, – гуфтам.
Қиблагоҳ як нафас андеша карданду бадтар оташин шуда:
– Корди қассобиро деҳ! – гуфтанд. – Дасташро бо табар бурам, дар ҳамин ҷо мурданаш мумкин.
Ва падар оташи ғазабашон бадтар аланга гирифта, бо корди қассобӣ гӯшашро бурида, ба пеши саг партофтанд. Саги бечора гӯши ин дузди муттаҳамро гармогарм фурӯ бурд.
Ба болои ин ду сол пеш ғуноҷини сесолаамонро низ ҳамин дуздида, ҳадаҳа ба дасти қассоб дода, гӯшташро ба мардум фурӯхта буд.
– Хайрият, – мегуфтанд баъзеҳо гиребонро дошта. – Агар бо табар мезаданд...
– Рост, аз ҳамон гӯшти ғуноҷин ман ҳам ду-се кило харида будам,– ... мегуфт дигаре. – Ана ҳамин аст қиссаи якгӯшашавии Аҳмад, – хулоса кард Абдуллои ҳафтоду панҷсола.

Бекназар ТӮЙНАЗАР

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: