АҲОЛИИ ТОШКАНДИ АЗИМ

Яке аз шаҳрҳои қадимӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ будани Тошканд, дар ин марз ҳануз дар давраи палеолит (пеш аз милод) ва ибтидои ҳазорсолаи нав зиндагӣ кардани одамон, асосан ба чорводорӣ ва қисман ба кишоварзӣ машғул будани қабилаҳои бумиву кӯчӣ ба аксарияти мо маълум.

Вале аз хусуси миқдори сокинон дар давраҳои муайяни таърихӣ ва тарзи зисту машғулоти онҳо маълумотҳо хеле кам мебошанд. 
Танҳо дар охири асри ҳаждаҳум истиқомат кардани бештар аз 40 ҳазор нафар аҳолӣ дар сарчашмаҳо қайд ёфтаанд.  Дар солҳои панҷоҳуми асри нуздаҳ бошад, зиёда аз 50 ҳазор нафар сокинони Тошканд  дар тақрибан 11 ҳазор хонадон муттаҳид шудаанд.  
Баъде Тошканд ба тасарруфи Русия гузашт, имкон пайдо шуд миқдори аҳолии он аниқтар гардад (соли 1868 шуъбаи барӯйихатгирии аҳолӣ ташкил шуда буд). Соли 1865 шаҳр аз чаҳор даҳа (Бешёғоч, Кӯкча, Себзор, Шайхонтаҳур) ва Шаҳри нав иборат гардид ва миқдори аҳолӣ 73,8 ҳазор нафар, ба соли 1884 омада 90,1 ҳазор нафарро ташкил намуд. Истиқоматкунандагони Шаҳри нав бештар меафзуданд. Дар соли 1902 назар ба соли 1869 аҳолӣ ду баробар зиёд шуд. Структураи иҷтимоии аҳолӣ иборат буд аз маъмурҳои ҳукумати подшоҳӣ, амалдорҳои маҳаллӣ, хидматчиёни ҳарбӣ, аъён, рӯҳониён, деҳқонон, ҳунармандон, зиёиҳо ва ҳоказо. Таркиби иҷтимоӣ-сиёсии аҳолии шаҳр дар соли 1897 иборат буд аз косибу ҳунармандон (29, 5 фоиз), савдогарон (17,8), хидматчиёни ҳарбӣ (15,8), ходимони хоҷагидории хоҷагии хонаву манзил (3 фоиз), ходимони илму фан, санъат, тандурустию таълим (1,2) ва ғайраҳо. 
Сабзиши аҳолии Тошканд асосан аз рӯйи муҳоҷират ба амал омад ва ба қисми Шаҳри нав рус ва русзабонҳо кӯчида омаданд. Айни замон дар гирду атрофи шаҳр деҳаҳое пайдо шуданд аз қабили Черняевка, Троитское, Кауфманское, Солдатское ва ҳоказо. Назар ба маълумотҳо, соли 1897 дар Тошканд миқдори аз ҷойҳои дигар омадагон 26,2 ҳазор нафарро ташкил менамуд (17 фоизи аҳолии умумии шаҳр).
Дар солҳои бистум-чиҳилуми асри бист аҳолии Тошканд хеле афзуд. Ба ин аз Самарқанд ба Тошканд кӯчонда шудани пойтахт низ сабаб гардид. Дар ин давр сокинони пойтахт бештар аз 500 ҳазор нафарро ташкил намуд. Соли 1960 ба 1 миллион нафар расид. Баъди 27 сол аҳолӣ 2 миллион нафарро ташкил намуд.
Суръати афзоиш, бинобар оғоз ёфтани ҷанг, дар солҳои чиҳилум як андоза суст шуда бошад, аз ҳисоби эвакуатсия аз ҳудудҳои наздифронт боз боло рафт. Баъди пирӯзӣ аз болои Олмони фашистӣ батадриҷ давраи барқарории демографӣ ба амал омад. 
Соли 1966 дар пойтахт зилзилаи сахт ба амал омад ва он талафоти калон дид. Садҳо ҳазор нафар сохтмончиён аз ҳар гӯшаю канори Иттиҳод дар барқарорсозии шаҳр иштирок намуданд. Қиёфаи Тошканд куллан дигаргун гардид. Дар давоми солҳои 1960-1970 майдони пойтахт дуюним баробар васеъ гашт. Сабзиши миёнаи солонаи аҳолӣ ба 3,3 фоиз баробар гашт. Соли 1989 аҳолии шаҳр 2102,1 ҳазор нафарро ташкил кард. Аз оғози солҳои навад бо сабабҳои барои ҳамаамон маълум қисме аз русзабонҳо аз пойтахт низ кӯч бастанд. Суръати таваллуд низ нисбати пештара андак паст шуд. Бо вуҷуди ин афзоиши мутлақи аҳолӣ дар соли 1991 55 ҳазор нафарро ташкил намуд.
Таркиби синнусолӣ ва ҷинсии аҳолӣ низ яке аз ҷонибҳои муҳими натиҷаҳои демографист. Ба ин робитаҳои мигратсионӣ, мавқеи иҷтимоии бонувон, марги модару кӯдак низ таъсир расонданаш мумкин. Дар соли 1897 бонувон дар Тошканд 45,9 фоизи аҳолиро ташкил карда бошанд, ба соли 1959 омада ҳиссаи ҷинси латиф 54 фоизи аҳолии умумиро ташкил намуд. Ба ин, албатта, оқибатҳои Ҷанги дувуми ҷаҳон (1941-1945), яъне ба фронт сафарбаршавии мардҳо, ҳалок ва бедаракшавии онҳо сабаб шудааст.
Дар ибтидои солҳои дуҳазорум ҷавонони синни то 19-сола дар шаҳри Тошканд 34 фоизи сокинонро ташкил намуд.
Таркиби миллии аҳолӣ бошад, вобаста ба ҷараёнҳои иҷтимоию иқтисодие, ки дар давраҳои гуногуни тараққиёти ҷамъият ба амал омаданд, дигаргунӣ касб намуд.
Баъди ӯзбекон дар пойтахт русҳо аз ҷиҳати миқдор ҷои дувумро ташкил менамоянд. Афзоиши аз ҳама баланди аҳолии русзабон дар солҳои 1959-1970 ба мушоҳида расидааст. Дар ин давра суръати афзоиш 3,5 фоизро ташкил намуд. Ба зиёдшавии русзабонҳо тавре дар боло ишора рафт, зилзилаи сахти соли 1966 дар Тошканд, сохтмонҳои нав ва барқарорсозии оқибатҳои офати табиӣ бо кумаки халқҳое, ки аз қисми аврупоии Иттиҳод сафарбар шудаанд, сабаб гардидааст.
Дар ибтидои садаи бистуякум асосан ҷавонони аврупоинажод аз Тошканд кӯч бастанд, яъне камшавии славянҳо аз ҳисоби мигратсияи аҳолӣ ба вуқуъ пайваст, қисми зиёди пиронсолон дар пойтахт монданд. Соли 2005  таваллуди русзабонҳо 3256, фавт 6372-торо ташкил намуд. Аз украинҳо 195 нафар ба дунё омада ва 518 нафар аз олам чашм пӯшиданд.
Нисбат ба дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ гуногунии таркиби миллии аҳолӣ дар Тошканд бештар ба мушоҳида мерасад, ки ин ҳолати табиист. Агар дар қаламрави мамлакат ӯзбекон 80 фоизи таркиби умумии аҳолиро ташкил намоянд, ин нишондиҳанда дар пойтахт ба 61,1 фоиз баробар мебошад.
То 1 октябри соли равон аҳолии умумии пойтахт ба 2 миллиону 934 ҳазору 600 нафар расид (мардҳо – 1438500, занҳо – 1495600).
Дар давоми нӯҳ моҳ 77 ҳазору 700 нафар кӯчида омаданд, 16 ҳазору 400 нафар кӯчида рафтанд. Дар ин байн таваллуд 54,8 ҳазор нафарро ташкил намуд.   
Сераҳолитарин ноҳияҳо дар пойтахт Олмазор ва Юнусобод буда, дар атрофи 400 ҳазор нафар дар онҳо буду бош доранд. Ноҳияҳои аз ҳама камаҳолӣ Бектемир ва Яккасарой мебошанд.
Тошканди азим чи бо миқдори аҳолӣ ва чи зебоиву ҳашамат, вусъат ва хуррамӣ аз қатори шаҳрҳои машҳури дунё ҷой гирифтааст.

М. ШОДИЕВ.  

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: