АҲОЛИИ ӮЗБЕКИСТОН ПРЕЗИДЕНТИ ӮЗБЕКИСТОН НОИБ-ПРЕЗИДЕНТИ БОНКИ ҶАҲОНИРО ҚАБУЛ КАРД

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 13 июл ҳайати Бонки ҷаҳониро зери сарпарастии ноиб-президент оид ба минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ Сирил Мюллерро қабул кард.

Меҳмонро хайрамақдам гуфта, роҳбари давлат бо қаноатмандии том рушди муттасили муносибати шарикии Ӯзбекистонро бо гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ таъкид кард.
Махсус таъкид гардид, ки чандин мулоқоти муфид бо роҳбарияти ин институти молиявии байналхалқии бонуфуз, ки соли ҷорӣ баргузор гардиданд, аз он ҷумла бо президенти бонк Ҷим Ёнг Ким моҳи май дар Вашингтон ва директори калони идора Кристалина Георгиева моҳи январ дар Тошканд ба фаъол гардидани алоқаҳо ва муайян намудани самтҳои нави ҳамкорӣ ва ҳамчунин татбиқи амалии лоиҳаҳои истиқболнок ва дастгирии барномаҳои ислоҳотии иҷтимоиву иқтисодии Ӯзбекистон мусоидат намуд.
Имрӯз барномаи муфиди тарафайни ҳамкории мамлакатамон бо Бонки ҷаҳонӣ аз 39 лоиҳаи татбиқгардида ва татбиқгарданда бо ҷалб намудани таъмини молиявии имтиёзнок ба миқдори 4,4 миллиард доллар иборат мебошад.
Онҳо чунин соҳаҳои муҳим мисли такомули энергетика, нақлиёт ва инфрасохтори коммуналӣ, татбиқи технологияи пешқадам ва аз лиҳози энергетикӣ босамар, рушди муттасили маҷмӯи агросаноатӣ, босамар идора намудани захираҳои об, такмили низоми таълим ва тандурустӣ, инчунин бисёр ҷанбаҳои дигарро фаро мегиранд.
Ҳоли ҳозир беш аз 20 лоиҳаи нав дар доираи Барномаи шарикӣ дар давраи то соли 2020 баррасӣ мегардад.
Ғайр аз ин коршиносони пешқадами бонк дар таҳияи Консепсияи ислоҳоти низоми андози Ӯзбекистон фаъолона иштирок намуданд. Кор дар бобати ташаккул додани Шӯрои муштараки иқтисодӣ пеш бурда мешавад.
Дар мулоқот масъалаҳои минбаъд васеъ намудани ҳамкории доманфарохи байни Ӯзбекистон ва Бонки ҷаҳонӣ муҳокима гардиданд. Эътибори махсус ба таъмини сифатнок ва саривақтии татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ аз он ҷумла дар асоси омода намудани «Харитаи роҳ» ва баланд бардоштани малакаи кадрҳои миллӣ нигаронда шуд.
Аҳамияти ҳамкории минбаъда дар ҷиҳати хоҷагии қишлоқ, авиатсияи шаҳрвандӣ ва энергетикаи эҳёшаванда дар мамлакатамон ва инчунин доир ба пешбурди лоиҳаҳои муштараки муҳим дар минтақаи Осиёи Марказӣ зикр гардид.
Сирил Мюллер ба роҳбари давлат барои пазироии гарм миннатдории амиқ изҳор намуд ва паёму таманноҳои беҳтарини президенти Бонки ҷаҳонӣ Ҷим Ёнг Кимро расонд.
Бори дигар омодагии бонк ба амиқсозии шарикии муфиди тарафайн бо Ӯзбекистон бо мақсади дастгирии ислоҳоти ҷории доманфарох ва бозсозиҳо, инчунин таъмини рушди босуботи мамлакатамон ва тамоми минтақа собит гардид.

ӮзА.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: