Аҳолии Замин 28 август имкон доранд паради иборат аз шаш сайёраро тамошо кунад

Субҳи рӯзи чаҳоршанбеи 28 август Меркурӣ, Миррих, Муштарӣ, Уран, Нептун, Сатурн ва Моҳ дар як тарафи Офтоб саф хоҳанд гирифт.

Паради шартии сайёраҳо дар осмон сектори қариб 160 градусро ишғол мекунад.

"Рӯзи чоршанбе, 28 август, Меркурӣ, Миррих, Муштарӣ, Уран, Нептун, Сатурн ва Моҳ (шаш сайёра ва Моҳи табиии Замин) дар як тарафи Офтоб дар бахши наздик ба 160 дараҷа хоҳанд буд", — омадааст дар гузориш.

Дар ҳавои софу беғубор бархе аз ширкаткунандагони парадро метавонанд бо чашми одӣ ва бархеи дигар бо дурбини пурқувват ё телескоп бинанд, хабар медиҳад report.az.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: