АҲОЛӢ АЗ ТАВАҶҶУҲИ САРДОРОНИ СЕКТОРҲО МАМНУН АСТ

Дар ин рӯзҳои сарди обу ҳаво сардорони секторҳои ноҳияи Ёзёвон талош ба харҷ медиҳанд, ки дар чунин шароити мушкилзо аз аъзои хонаводаҳои камбизоат, пиронсолони барҷомонда ва оилаҳое, ки саробони худро аз даст додааст, хабар гиранд ва ҷиҳати бартараф намудани масъалаву муаммоҳои онҳо чораҳои фаврӣ андешанд.

– Дар ин росто яке аз тадбирҳои муҳиме, ки дар чанд ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаҳои ноҳия пиёда гардид, пухтани шӯрбо ва оши палав дар дегҳои калон ва ройгон тақсим намудани он ба аъзои оилаҳои эҳтиёҷманд мебошад. Дар роҳандозии он ба сардорони секторҳо ходимони Агентии кор бо ҷавонони ноҳия аз наздик кумак карданд, – гуфт котиби матбуоти ҳокимияти ноҳияи Ёзёвон Азимҷон Худойқулов.    
Ба таъкиди ӯ хусусан сокинони ҷамоатҳои шаҳрвандони “Қарасой” ва “Қарасоқол” аз чунин меҳру мурувват ва эътибори сардорони секторҳо шоду мамнун гардиданд. Тақсим кардани ширинӣ ва қаҳваи гарм низ дар ин ҳавои сарду тоқатфарсо ба ҷисму ҷони мардуми зиёд гармӣ ва нерӯ бахшид.
Гуфта шуд, ки ҳокими ноҳия Дилшодҷон Ҷалилов ва додситони ноҳия Илҳомҷон Хоҷаев кори марказгармии чанд муассисаи таълимӣ ва тандурустиро низ аз назар гузарониданд. Инчунин онҳо аз мутасаддиёни бозори деҳқонии ноҳия тақозо намуданд, ки дар чунин рӯзҳои сард ҳаргиз ба боло рафтани нарху навои маҳсулоти кишоварзӣ роҳ надиҳанд. 

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири “Овози тоҷик”.
Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: