АЁДАТИ ПИРОНИ БАРНОДИЛ

Маълум аст, ки дар мамлакатамон 3-9 октябри соли ҷорӣ «Ҳафтаи куҳансолон» эълон шудааст.

Дар вилоятамон низ дар  ҳамин доира тадбирҳои гуногуни маданию маърифатӣ ва иҷтимоӣ ба вуқӯъ меоянд.
Дар ин бора ҳокимиятҳои маҳаллӣ, намояндагони халқ, ҷамоатҳои шаҳрвандони маҳаллаҳо, бахшҳои Бунёди «Нуронӣ» якҷоя бо ташкилот, ҷамоаҳои меҳнатӣ, муассисаҳои таълимӣ ба  манзилҳои куҳансолон рафта, бо мақсади тарғиби таҷриба, ҳаёти ибратбахши онҳо ба ҷавонон вохӯрию мулоқотҳо ташкил мекунанд. Ба қарибӣ сармутахассиси Бунёди «Нуронӣ»-и ҷумҳурӣ Олимҷон  Мамашарифов, аъзои шӯрои ҷамоатии «Мактаби бибиҷонҳо»-и вилоят бо сардории Моҳира Нурмуродова ба ноҳияи Бухоро рафта, якҷоя бо ҳамкасбони худ ба маҳаллаи «Янги турмуш», деҳаи «Чорраҳа» ташриф оварда, ба аёдати пирони барнодиле, ки рӯзгорашон барои ҷавонон ибратбахш аст: Қурбонбобою Асадхонбибӣ Ҷӯраева, Ҳаитбобо ва ҳамсари ӯ Шарофатбибӣ Аслонова, дар деҳаи «Деҳсӯхта» ба манзилҳои Амонбобою Мунавварбибӣ Раҳимова ва дигарон рафта, ба онҳо туҳфаҳои хотиравии ҳокимияти ноҳия ва бунёди «Нуронӣ»- ро супурданд. Чунин тадбирҳо дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят идома доранд.

А. АВЕЗОВ, 
хабарнигори 
«Овози тоҷик» 
дар вилояти Бухоро.
Суратгир: Р. ГАЛЕЕВ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: