АЗ ҒАМХОРӢ САРБАЛАНДЕМ

Имрӯзҳо дар кишвари соҳибистиқлоламон дигаргуниҳои васеъмиқёс  рӯй медиҳанд, ки аз оинаи нилгун дида, ба чунин рӯзҳо шукрона мегӯям.

Имрӯзҳо дар кишвари соҳибистиқлоламон дигаргуниҳои васеъмиқёс  рӯй медиҳанд, ки аз оинаи нилгун дида, ба чунин рӯзҳо шукрона мегӯям.                       Оре, ҳазорон нафар ҳамяроқонамон чунин рӯзҳоро надида, дар майдони муҳориба мардонавор ҳалок гардиданд.
Ҳоло сафамон торафт кам шуда меравад. Мо иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳон дар ноҳияамон ҳамагӣ 8 нафар мондем. Синнам ба 95 расида бошад ҳам, солиму сиҳҳат ҳастам. Аз иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳон вакилони ҳокимият, бунёди «Нуроний» сари вақт хабар мегиранд. Сиҳҳатиамон низ таҳти назорати шифокорон аст. Бароямон ҳама чиз муҳайёст. Аз ҷавонон хоҳиш менамоем, ки ба қадри чунин рӯзҳои сулҳу осоиш расанд. 
Дар мамлакатамон барои мо – иштирокдорон ва ногироҳои Ҷанги дуввуми ҷаҳон ҳурмату эҳтиром зоҳир карда мешавад. Таҳти роҳбарии Президентамон Шавкат Мирзиёев барои ҳаёти хуби мо шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
Дар арафаи ҷашни 9 май – Рӯзи хотира ва қадр, таҷлили 73-юмин солгарди Ғалаба бар фашизм, ҳамчунин бо мақсади аз ҷиҳати моддӣ таъмин кардани иштирокчиёни Ҷанги дуввуми ҷаҳон, Фармон ва қарори Президент «Дар бораи рағбатноксозии иштирокдорони Ҷанги дуввуми ҷаҳон» ва «Дар бораи чораҳои тайёрӣ ва баргузор кардани чорабиниҳои бахшида ба Рӯзи хотира ва қадр» бароямон боз як рағбат ба шумор меравад, ки аз ин хурсандиамон ҳадду канор надорад.
Аз ҷумла, мукофоти якдафъаинаи пулӣ ба иштирокдорони Ҷанги дуввуми ҷаҳон дар ҳаҷми 5 000 000 (панҷ миллион) сӯм, барои ҳар кадом иштирокдори ҷанг бо як нафар роҳбалад  мувофиқи хоҳишашон ба мамлакате, ки дар ҳудуди он ҷангидаанд, ба роҳ мондани саёҳат ва тамоми хароҷоти сафарро пардохтан, мувофиқи хоҳиши онҳо ба осоишгоҳҳои «Ӯзбекистон» дар шаҳрҳои Ялта ва Кисловодск ё худ осоишгоҳҳои воқеъ дар ҳудуди ҷумҳурӣ, бо пешниҳоди ройгони авиабилетҳо ва роҳи оҳан ташкил кардан пешбинӣ шудааст.
Ба шарофати ин ғамхорӣ, эътибор ва эҳтиром мо – собиқадорони Ҷанги дуввуми ҷаҳон худро солиму хушҳол эҳсос менамоем. Соли гузашта низ аз тарафи роҳбари давлатамон барои иштирокдорони  Ҷанги дуюми ҷаҳон ба зиёрати Ҳаҷ рафтан    пешбинӣ шуда буд. Камина аз ин имтиёз ва имконият истифода бурда, ба зиёрати Ҳаҷ рафта будам. Барои ин ғамхориҳо даст ба дуо кушода, роҳбари давлатамонро самимона  дуо мекунем.

Худойбердӣ ҶАМАТОВ,
иштирокчии Ҷанги дуввуми ҷаҳон
аз деҳаи Шаҳанди ноҳияи Тӯрақӯрғони вилояти Намангон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: