АЗ 1 НОЯБР ЧӢ ГУНА ДИГАРГУНИҲО ЭЪТИБОР ПАЙДО МЕКУНАНД?

Дар Ӯзбекистон аз 1 ноябри соли 2021 як қатор тағйирот ба қонунгузории миллӣ ворид карда мешавад.

Дар Ӯзбекистон аз 1 ноябри соли 2021 як қатор тағйирот ба қонунгузории миллӣ ворид карда мешавад.

Назорати сифати маҳсулот пурзӯр карда мешавад
Барои таъмини воридоти маҳсулоти хушсифат ва бехатар ба бозори дохилӣ:
њ тартиби дар ҳудуди ҷумҳурӣ ба муомилоти озод баровардани навъҳои алоҳидаи маҳсулоти дорои дараҷаи хавфи баланд баъди бақайдгирии давлатӣ ҷорӣ карда мешавад;
њ ба резидентҳои Ӯзбекистон воридоти намудҳои ҷудогонаи маҳсулот бо дараҷаи хавфаш паст дар тӯли 24 моҳ бо як бор расмигардонии сертификати мувофиқат дар мақомоти оид ба арзёбии мувофиқати номнависшуда рухсат дода мешавад; 
њ номгӯи маҳсулоте, ки ба талаботи ҳатмӣ мувофиқат намекунанд, тартиб дода мешавад.

Шумораи тафтишот зиёд шуд
Иловаҳои ба Рӯйхати санҷишҳо воридкардашудае, ки бо огоҳии мақоми ваколатдор бо роҳи бақайдгирии онҳо дар Системаи ягонаи бақайдгирии электронии санҷишҳо гузаронида мешаванд, эътибор пайдо мекунанд. Онҳо риояи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи танзими техникӣ, дар соҳаи роҳсозӣ, пайвасти ғайриқонунӣ ба шабакаҳои обтаъминкунӣ, нерӯи барқ, газ, дахолат ба дастгоҳҳои ҳисобдорӣ бо мақсади тағйир додани нишондиҳандаҳои онҳо ва ғайраро тафтиш хоҳанд кард.

Маблағ барои хизматрасонии давлатӣ, ки сари вақт расонда нашудааст, баргардонида мешавад
њ Ба ашхосе, ки дар НИ «Феҳристи ягонаи ҳифзи иҷтимоӣ» ба қайд гирифта шудаанд, маъюбони гурӯҳҳои I ва II ҳангоми расонидани хизмати давлатӣ тавассути марказҳои хизматрасониҳои давлатӣ ва (ё) ПЯХДИ ба андозаи 50% тахфиф аз пардохти боҷҳои давлатӣ, пардохтҳо ва ҳар гуна дигар пардохтҳое, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муқаррар кардаанд,  дода мешаванд;
њ агар хизматрасониҳои давлатӣ тавассути марказҳои хизматрасониҳои давлатӣ, ХИ «Лицензия» ва ПЯХДИ зиёда аз 3 рӯзи корӣ ба таъхир афтода бошанд, дар давоми як рӯзи корӣ ба муроҷиаткунандагон 50 фоизи боҷи давлатӣ, боҷҳо ва дигар пардохтҳои пардохташуда баргардонида мешаванд. Ба онҳо хизмати дахлдори давлатӣ пурра расонда мешавад.

Рӯйхати хизматрасонӣ ба ташкилотҳои тиббии ғайридавлатӣ васеъ карда шуд
Ба онҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ иҷозат дода мешавад, ки ба категорияи имтиёзноки шахсоне, ки ба номгӯи хизматрасоние, ки марказҳои ҷумҳуриявии махсуси илмию амалии тиббии микроҷарроҳии чашм ва урология пешниҳод мекунанд, дохил карда шудаанд, хизмати тиббӣ расонанд.

Боз як ҳисобот аз бинокорон барои мақомоти андоз
Ташкилотҳо ва корхонаҳои сохтмонӣ, ки масолеҳи бинокорӣ истеҳсол менамоянд, бояд ба мақомоти андоз дар бораи истифодаи канданиҳои фоиданок дар шакли электронӣ бинобар шакле, ки КДА тасдиқ намудааст, тавассути кабинети шахсии андозсупоранда маълумот тақдим намоянд.

Фондҳо бачаҳои ятимро дастгирӣ мекунанд
Шӯрои Вазирони Қароқалпоқистон, ҳокимиятҳои вилоятҳо ва шаҳри Тошканд фондҳои дастгирии бачаҳои ятим ва бепарасторро, ки ба “дафтари меҳр” ворид карда шудаанд, созмон медиҳанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: