АЗ 1 ЯНВАР ДАР ҚОНУНГУЗОРӢ ЧӢ ГУНА ТАҒЙИРОТ ЭЪТИБОР ПАЙДО МЕКУНАНД?

Дар бораи баъзе тағйирот дар қонунгузории Ӯзбекистон, ки аз 1 январи соли 2022 эътибор пайдо мекунанд

Дар бораи баъзе тағйирот  дар қонунгузории Ӯзбекистон, ки аз 
1 январи соли 2022 эътибор пайдо мекунанд

 Бақайдгирӣ ва додани ID-кортҳо ва шиносномаҳои биометрии хориҷӣ низ тавассути марказҳои хидматрасонии давлатӣ сурат мегирад. 
 ID-картаҳоро метавон дар ҳама ҷо дар кишвар дастрас ва иваз кард.
 Пардохти нафақа ва кумакпулиҳо аз ҷониби бонки тиҷоратӣ, ки дар асоси озмун интихоб карда мешавад, сурат мегирад. Дар баробари ин бонк вазифадор аст, ки нафақа ва ёрдампулиро бо пули нақд ба нишонии шаҳрвандон расонад.
 Дар охири моҳ 1% маблағи харид ба корти шахсони воқеие, ки квитансияи хариди дар муассисаҳои савдо, хӯроки умумӣ ва маишӣ суратгирифтаро дар замимаи махсуси мобилии мақомоти андоз скан кардаанд, баргардонида мешавад. 
 Ба шахсоне, ки ба мақомоти андоз аз фурӯши мол ё бидуни чек хидмат расондан ба харидор тавассути барномаи махсус хабар додаанд, инчунин ба андозаи 20 фоизи маблағи ҷаримае, ки ба гунаҳкор таъин шудааст, мукофот дода мешавад.
 Дар ҳар як маҳалла вазифаи ёвари ҳоким оид ба рушди соҳибкорӣ, шуғл ва коҳиш додани камбизоатӣ таъсис дода мешавад.
 Аз ҷониби мақомоти давлатӣ талаб кардани як қатор маълумотнома ва ҳуҷҷатҳо аз аҳолӣ ва субъектҳои хоҷагидорӣ бекор карда мешавад. 
 Миқдори боҷи давлатӣ, хироҷ ва дигар пардохтҳо, ки барои хидмати муайяни давлатӣ ситонда мешаванд, кам карда хоҳанд шуд.
 Низоми декларатсияи ҳатмии даромад ва амволи хизматчиёни давлатӣ, зану шавҳар ва фарзандони ноболиғи онҳо ҷорӣ карда мешавад. Илова бар ин, ба хидматчиёни давлатӣ кушодан ва доштани суратҳисоб дар хориҷ аз кишвар, нигоҳ доштани пули нақд дар он ҷо, соҳиби амволи ғайриманқул ва дигар амвол шудан манъ аст. 
 Фарзандхондӣ ва парастории кӯдакони ятим ва кӯдакони аз парастории падару модар маҳрумшуда тавассути платформаи электронии “Васигӣ ва ҳомигӣ” сурат мегирад.
 Кордиҳандагоне, ки шахсони имконияташон маҳдудро ба кор қабул мекунанд (ба истиснои муассисаҳои давлатӣ) барои ҳар як корманд дар давоми 6 моҳ моҳе 1,5 ВБҲ (405 000 сӯм) субсид мегиранд. 
 Ба мансабдорони давлатӣ, ки шаҳодатномаи донистани забони хориҷӣ доранд, ба андозаи то 20 фоизи музди меҳнаташон иловапулӣ дода мешавад.  
 Талаботи нотариалӣ тасдиқ кардани гувоҳномаи шартномаҳои иҷораи воситаҳои нақлиёти автомобилӣ аз ҷониби шахсони ҷисмонӣ ва ҳуқуқӣ тавассути онлайн-савдои музояда бекор карда мешавад. 
 Санксияҳои молиявӣ барои ҳуқуқвайронкуниҳои дар натиҷаи санҷишҳои камеравии андоз ошкоршуда, инчунин барои сари вақт пешниҳод накардани ҳисобҳои андоз аз ҷониби корхонаҳо бекор карда мешаванд. 
 Маркази тамоси шабонарӯзӣ ба кор андохта мешавад, ки ба шаҳрвандон имкон медиҳад, ки дар бораи фактҳои коррупсионӣ сари вақт хабар диҳанд.
 Низоми нави ба муаллимон додани категорияҳо ҷорӣ карда мешавад. 
 Қарорҳои суд ба тарафҳо онлайн, бо дархости онҳо дар шакли қоғазӣ расонида мешавад, инчунин дар судҳо маҷмӯи системаҳои иттилоотии «Адолат» ҷорӣ карда мешаванд. 
 Аз гази моеъ, ки аз ҷониби истеҳсолкунандагон фурӯхта мешавад, андози аксизӣ ситонида намешавад. 
 Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба иҷора додани заминҳои истифоданашудаи Фонди ҷангалро тавассути савдои музоядаи интернетӣ анҷом медиҳанд.   

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: