Аз 1 январи соли 2023 шумораи вазоратҳо дар Ӯзбекистон то 21 адад кутоҳ карда мешавад

Фармони Президенти кишвар «Дар бораи чораҳои татбиқи ислоҳоти маъмурии Ӯзбекистони нав" ФП № 269 аз 21 декабри соли 2022) қабул гардид.

Мувофиқи Фармон, аз 1 январи соли 2023 низоми ҳамкории бевоситаи роҳбарони мақомоти ҳокимияти иҷроия, ки узви Девони Вазирон мебошанд, бо Сарвазир сарфи назар аз зершуъбаҳои сохтории Девони Вазирон ҷорӣ карда мешавад.   

Дар сохтори иҷроияи Девони Вазирон, котиботҳо, департаментҳо ва шўъбаҳои иқтисодиёт ва соҳаи иҷтимоии тобеи онҳо, инчунин Инспексияи ҳифзи мероси фарҳангӣ, шўъбаи таъминоти молиявӣ ва моддию техникии фаъолияти  сохторҳои ҳарбикунонидашуда,  шӯъбаи дастгирии маҳалла ва насли калонсол барҳам дода шуд.

Тибқи фармон, аз 1 январи соли 2023 шумораи мақомоти иҷроияи мустақили ҷумҳуриявӣ аз 61 то 28, аз ҷумла шумораи вазоратҳо аз 25 ба 21 кам карда мешавад, хабар медиҳад Вазорати адлия.

Мутаносибан, системаи Девони Вазиронро вазоратҳои зерин ташкил медиҳад:

Вазорати сармоягузорӣ, саноат ва савдо;

Вазорати иқтисод ва молия;

Вазорати саноати маъдани кӯҳӣ ва геология;

Вазорати сохтмон ва хоҷагии манзилию коммуналӣ;

Вазорати шуғли аҳолӣ ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ;

Вазорати таълими олӣ, илм ва инноватсия;

Вазорати таълими томактабӣ ва мактабӣ;

Вазорати захираҳои табиӣ;

Вазорати сиёсати ҷавонон ва варзиш;

Вазорати хоҷагии қишлоқ;

Вазорати хоқагии об;

Вазорати технологияҳои рақамӣ;

Вазорати адлия;

Вазорати нақлиёт;

Вазорати фарҳанг ва сайёҳӣ;

Вазорати мудофиа;

Вазорати энергетика;

Вазорати тандурустӣ;

Вазорати корҳои хориҷӣ;

Вазорати корҳои дохилӣ;

Вазорати ҳолатҳои фавқулодда.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: