Аз 20 март байни Самарқанд ва Шаҳрисабз ҳаракати поезди тезгард ба роҳ монда мешавад

Аз 20 мартии соли ҷорӣ бинобар хатсайри "Шаҳрисабз – Самарқанд – Шаҳрисабз" ҳарақати қатораи тезгард ба роҳ монда мешавад. Ин қарор ба хотири фароҳам овардани қулайӣ ба мусофирон қабул шудааст.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ҶС “Узтемирйулйӯловчи”, қатораи баландсуръати №7 ҳар рӯз ҳаракат мекунад. Поезд аз Шаҳрисабз  соат 07:03 ба роҳ баромада, ба Самарқанд  соати 10:54 мерасад.

Бозгашти рейси №8 аз Самарқанд соати 17:52 ба роҳ баромада, соати 21:22 ба Шаҳрисабз мерасад.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: