Аз 7 феврал тамоми муассисаҳои таълимӣ ба таълими анъанавӣ бармегарданд

Рӯзҳои охир мизони гирифторӣ ба коронавирус дар кишвари мо коҳиш меёбад. Сатҳи паҳншавии беморӣ 0,8 фоизро ташкил медиҳад (тибқи хулосаи коршиносони СУТ, дар сурати то сатҳи 1,0 будани ин нишондиҳанда вазъи эпидемиологӣ мӯътадил ҳисобида мешавад).

Нисбати онҳое, ки бистарӣ мешаванд, низ тамоюли мусбати хориҷшавӣ аз беморхонаҳо мушоҳида мешавад.

Дар 35-43% ҳолатҳо манбаи сироят аъзои оила ё хешовандони бемор, 6-7% ҳамсояҳои бемор, 10-12% муошират дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва 4-5% мулоқот дар ҷойи кор мебошанд.

Тибқи таҳлилҳо, гирифторшавӣ дар байни  кӯдакони синни кӯдакистон (3-6-сола) нисбат ба кӯдакони ҳамсинну соли дар нигоҳубини хонагӣ қарордошта (3-3,5 маротиба) камтар аст.

Комиссияи махсуси ҷумҳуриявӣ инҳоро ба назар гирифта, чунин қарор қабул кард.

Аз ҷумла, аз 7 феврали соли 2022 мактабҳои таҳсилоти умумӣ, муассисаҳои таҳсилоти касбӣ ва олӣ, литсейҳои академикӣ ва муассисаҳои таълимии ғайридавлатӣ ба шакли анъанавии таълим бармегарданд.

Дар баробари ин, дар тамоми муассисаҳои таълим талаботи ҳатман пӯшидани ниқоб, риоя намудан ба масофаи иҷтимоӣ, қатъӣ риоя намудан ба қоидаҳои гигиенаи шахсӣ ва мунтазам истифода бурдан аз  антисептикҳо нигоҳ дошта мешаванд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: