АЗ АДАБ ПУРНУР ГАШТАСТ ИН ФАЛАК

Ин байти яке аз шахсиятҳои машҳури ҷаҳон, зодаи хоки Балхи бостон, ҳаким, шоир, сӯфӣ, ҷомеашинос Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ (Румӣ) мебошад, ки дар мавриду қиммати адаб аст.

Адаб тоҷест аз нури Илоҳӣ, 
Бинеҳ бар сар, бирав ҳар ҷо, ки хоҳӣ.


Ин байти яке аз шахсиятҳои машҳури ҷаҳон, зодаи хоки Балхи бостон, ҳаким, шоир, сӯфӣ, ҷомеашинос Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ (Румӣ) мебошад, ки дар мавриду қиммати адаб аст. Хӯш, Мавлоно бо ин ду мисраи зебо адабро чӣ гуна баён намуда, аз кадом дидгоҳ ба он қаробат ҷустааст? Сараввал, шоир адабро ба тоҷе ташбеҳ мекунад, ки он зару нуқра ё дигар навъи ҷавоҳирот набуда, балки аз нури илоҳист. Дар мисраи дуввум ба ҳамагон панду насиҳат мекунад, ки ин тоҷ (адаб)-ро бар сар ниҳанд, яъне ба худ пазиранд, боадаб шаванд ва ҳар ҷое хоҳанд, бираванд.  
Шояд суоле ба миён ояд, модоме ки адаб чунин неъмати бузург аст, онро чӣ гуна аз куҷо ба даст овардан мумкин? Сарчашмаи асосии он чист? – Адабиёт.
Адабиёт аслан аз вожаи арабии адаб гирифта шуда, маънои ахлоқи некӯ, поктинатӣ, кирдори писандидаро дорад. Адаб бошад, аз решаи «маъдаба» гирифта шуда, маънои одамонро ба некӣ, зиёфати маънавӣ даъват намуданро дорад. Пас, адаб ба таври кулл некӣ аст. Сухан ва амали писандидаро низ адаб ё одоб мегӯянд. Адабиёт ба насли наврас, ҷавонон, умуман, ҳамаи табақаҳои ҷамъият бо чӣ соҳиби адаб шуданро меомӯзонад. 
Аҳамияти адаб ниҳоят калон буда, ҷомеае, ки бо одобҳои писандида зинат ёфтааст, гул-гул мешукуфад. Мавлоно Балхӣ дар ҷойи дигар фармудааст:
Одамизод агар беадаб аст, 
одам нест,
Фарқ дар байни бани одаму 
ҳайвон адаб аст.
Бинобар ин, гузаштагони мо кӯшиш намудаанд, то фарзандону наврасон ва ҷамъиятро бо адаб зинат диҳанд. Пайғамбар алайҳиссалом ҳам дар ҳадисе фармудаанд: «(Ҳеч як) падару модар ба фарзандаш аз одоби зебо афзал чизе дода наметавонад». (Имом Тирмизӣ). Яке аз ниёгони машҳури мо Абунасри Форобӣ низ таъкид намудааст: « Ҳар як шахс соҳиби касбу кори мукаммал, тарбияи дуруст, хулқу одоби накӯ ва фазилатҳо бояд бошад». 
Барои ҳамин ба тарбияи насли наврас ҳамеша аҳамияти калон додаанд ва имрӯзҳо ҳам ба он таваҷҷӯҳи зиёд дода шуда истодааст. Яке аз сабабҳои асосии ба вуҷуд омадани адабиёти кӯдак барои бароварда кардани ҳамин эҳтиёҷи муҳими ҷомеа буд.
Адабиёти кӯдак (атфол, бачагона) навъе аз адабиёт буда, бо синну соли мухотабонаш аз дигар адабиётҳо фарқ мекунад. Он содаву равон, оммафаҳм буда,  чи тавре ки аз номаш маълум аст, махсуси кӯдакон ва навҷавонон мебошад. 
Яке аз жанрҳои асосӣ ва нисбатан калони адабиёти кӯдак афсона мебошад.  Афсона, қисса, достон жанри ҳамосавии фолклорӣ буда, як навъ ҳикояҳои насри шифоҳиест, ки мазмунҳои тамсилӣ, маишӣ-реалӣ ё сеҳромезӣ доранд. Афсона аз замонҳои қадим дар байни халқи форс-тоҷик асосан ба таври шифоҳӣ мавҷуд буд. Сипас қисмате аз он афсонаҳо ба рӯйи коғаз оварда шуданд. 
 «Дарахти асурик» яке аз афсона (ё достон)-ҳои қадимаи тоҷикон мебошад. Он ба таври мунозира – баҳсу гӯфтугӯйи ду кас иншо шудааст. Образҳои асосии достон буз ва дарахти осурӣ мебошад, ки ҳар ду сифатҳои худро баён намуда, яке дигареро таънаву маломат мекунад. Навъи афсона тамсилӣ мебошад. Дар мунозира буз роли халқи оддӣ, дарахти осурӣ бошад, нақши ҳокимиятро бозидааст. Мунозираи ин ду бо ғалабаи буз анҷом меёбад. Яъне, буз исбот мекунад, ки аз ӯ дарахти осурӣ боманфиаттар аст.
Танҳо аз ҳамин афсонаи чандин ҳазор сол пеш навишташуда, метавон гуфт, ки афсона маҳсули хаёл бошад ҳам, арзиши баланди тарбиявӣ ва таълимӣ дорад. Зеро чун навҷавони ҳанӯз ширинию талхии рӯзгорро начашида, ин афсонаро мутолиа мекунад, ба ғайри манфиати мутолиа ғолиб омадани ростиву адлро низ сарфаҳм меравад. Дарк мекунад, ки манфиати аксарият аз ақалият болост. 
Дар байни аксарияти халқҳои ҷаҳон маҷмӯаи афсонаҳои «Калила ва Димна» шӯҳрати зиёд дорад. Кӣ будани муаллифи китоби мазкур маълум набошад ҳам, аз тарафи бисёриҳо таҳрир, ё аз сар таълиф ва ё ба шакли манзума дароварда шудааст. Умуман, аз он ба таври фаровон истифода намудаанд. Аз ҷумла, онро устод Рӯдакӣ ба назм дароварда, Мавлоно бошад барои баёни андешаҳояш аз ҳикояҳои «Калила ва Димна» истифода намудаашро худ дар «Маснавии маънавӣ» овардааст:
Аз Калила бозҷӯ он қиссаро,
В-андарон қисса талаб кун
 ҳиссаро.
Дар байти мазкур Мавлоно дар баробари ишора аз «Калила ва Димна» будани қиссаи овардааш, таъкид кардааст, ки ин китобро пайдо намуда, хонда, аз он ҳиссаҳо гирифт, яъне, мақсади он қиссаҳоро бояд фаҳмида, дар ҳаёт татбиқ намуд.
Китоби «Калила ва Димна» дар адабиёти бузурги мо ҷойгоҳи баланд дорад. Таълифи беҳтарин, нисбатан сода ва мукаммали он аз тарафи Ҳусайн Воизи Кошифӣ сурат гирифтааст. Китоби мазкур, ки дар борааш мухтасар маълумот додем, арзиши худро то ба ҳол гум накарда, афсонаҳои онро хурду калон бо шавқу завқ мутолиа намуда, ғизои маънавӣ мегиранд. Барои ҳар як тоҷик бошуурона  хондани китоби «Калила ва Димна»-ро маслиҳат медиҳем.
 «Ҳазор афсона», «Ҳазору як шаб», «Абумуслимнома», «Самаки айёр», «Чор дарвеш» ва чандин асарҳои дигар низ саршор аз афсонаҳо буда, барои тарбияи насли наврас тӯли чандин аср хидмат кардаанд. Имрӯзҳо ҳам дар китобҳои дарсии мактабӣ аз афсонаву ривоятҳо иқтибосҳо оранд, хеле хуб мешуд. Зеро ки ин китобҳо мероси гузаштагони мо мебошанд, ки ворисони онҳо ҳаққи аввалиндараҷаи истифодаю баҳрабардорӣ аз онҳоро доранд. Дар дарсҳои хониши берун аз синф ҳам ба ин мероси гаронбаҳо омӯзгорон бояд эътибори алоҳида диҳанд. 
Гузаштагони мо шабҳои дарози зимистонро бо мутолиа намудани ҳамин гуна китобҳо мегузаронданд. Онҳо одатан, дар як хона ҷамъ омада, бо китобхонӣ машғул мешуданд. Дар аснои хондани қиссаҳо муҳокимаву мулоҳизаҳо ҳам мешуд. Қиссагӯӣ, ё афсонахонӣ омиле буд барои ҷамъу муттаҳид гардидани одамон. Модарон низ ба фарзандони худ шабҳо дар сари болини онҳо афсонагӯӣ мекарданд. Имрӯз, ҷомеаи мо муҳтоҷи одатҳои фаромӯшшуда мебошад, ки аз нав бояд ҷорӣ кард...
Дар ду қарни охир адабиёти кӯдаки тоҷик хеле ривоҷ ёфта, афсонаҳои зиёд аз тарафи нависандагон эҷод шудаанд, ки хонандагон метавонанд аз онҳо баҳра бардоранд.

Шеъру сурудҳое, ки махсуси бачагон эҷоду суруда шудаанд, бо содагӣ, равонӣ,  муъҷаз ва осонфаҳмиашон аз дигар шеъру сурудҳо фарқ мекунанд. Дар адабиёти кӯдаки мо шеъру суруд аз замонҳои хеле қадим ба таври шифоҳиву хаттӣ мавҷуд буд. Барои мисол, сурудҳои алларо метавон гуфт, ки модарон барои фарзандонашон дар сари гаҳвора месуруданд. 
Дар адабиёти кӯдаки тоҷик шеърҳои бачагона дар ду асри охир зиёд эҷод шуд ва шуда истодааст. Ҳатто шоироне, ки танҳо барои бачагон шеър эҷод мекунанд, пайдо шуданд. 
Дар ҷодаи эҷоди шеърҳои бачагона аз шоирони муосир аз аввалинҳо шуда  устод Садриддин Айнӣ қадам ниҳодааст. 
Абдусалом Деҳотӣ, Мирсаид Миршакар, Гулчеҳра Сулаймонова, Убайд Раҷаб, Алӣ Бобоҷон, Нуъмон Розиқ, Маҳбуба Неъматзода, Азизи Азиз, Асад Гулзодаи Бухороӣ ва чандин нафарони дигар барои ривоҷи шеъри бачагона дар адабиёти кӯдаки тоҷик саҳми босазо гузоштаанд. Албатта, шеърҳои бачагона аҳамиятҳои калон барои тарбияи наврасон, шууру нутқ, мустаҳкамкунии хотираи онҳо доранд. Яке аз мақсадҳои асосии шеъри бачагона низ ба боадаб тарбия намудани атфол равона карда шудааст. Масалан, ҳангоме ки бачагон шеъри «Дар сари хон»- и Маҳбуба Неъматзодаро ёд мекунанд, ё фақат мехонанд аз он  эҳтироми калонсолон, ҷойгоҳи онҳо, одоби сари дастархонро меомӯзанд. 
Бобоям дар сари хон,
Аз ҳама боло шинад.
Момоҷонам ҳамеша 
Аз бари бобо шинад.
Аз сӯйи рост падарам 
Аз чап шинад модарам.
Паҳлӯи модарҷонам
Ҷойи ману додарам.
Вале хоҳараки мо
Мешинад аз мо боло.
Медонӣ ҷояш куҷо? 
– Сари зонуи момо.
Ёд кардани шеърҳои бачагона барои наврасон он қадар душвор набуда, манфиатҳои зиёд дорад. Яке аз роҳҳои мустаҳкаму тез намудани хотира ёд намудани шеърҳо мебошад. Ҳангоме ки наврасон шеър аз ёд мекунанд ва ба маънои он сарфаҳм мераванд, дар оянда ба шиор ва тамоюл (принсип)-ҳои ҳаёти  онҳо табдил меёбад. Пас, ба чӣ гуна шеър ёд кардани кӯдакон низ бояд эътибор дод.
Хулоса, метавон гуфт, ки ҳамаи жанрҳои адабиёти кӯдак, аз ҷумла, ин ду – афсона ва шеъру суруд, ки мо аз дидгоҳи худ баррасӣ намудем, ба тарбияи насли  наврас аҳамияти калон дорад. Агар мо хоҳем, ки як ҷомеаи солим, бофарҳанг бунёд кунем, бояд ба одоби насли наврас эътибори ҷудогона диҳем, ки ин вазифаро ба воситаи адабиёти кӯдак ба амал баровардан осон аст. 

Фаридун АСЛОНОВ,  
донишҷӯйи курси дуюми факултаи таълими ибтидоии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Чирчиқ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: