АЗ АШЁИ ХОМ ТО МАҲСУЛОТИ ТАЙЁР

Саноати бофандагӣ, дӯзандагӣ ва матоъбарорӣ аз ҷумлаи соҳаҳои аз ҷиҳати стратегӣ муҳими иқтисодиёти миллӣ ба шумор мераванд.

Бинобар ин, дар вилояти Сирдарё низ ба рушду такомули саноати бофандагӣ ва матоъбарорӣ аҳамияти махсус дода мешавад. Ин, агар дар навбати аввал барои коркарди ашёи хоми пахта дар вилоят имкон фароҳам оварад, сониян ба афзудани салоҳияти содиротии вилоят мусоидат мекунад, барилова, боиси бо кори доимӣ фаро гирифтани табақаи бекори аҳолӣ мегардад. – Истеҳсоли маҳсулоти тайёр аз ашёи хому нимтайёр нафақат барои коргарону хидматчиёне, ки дар корхона кор мекунанд, балки барои фермер ва агрокластерҳое, ки ин маҳсулотро расонда медиҳанд низ навгонии хуб шуд, – мегӯяд сардори шуъбаи истеҳсоли ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Mili teks Sirdaryo»-и ноҳияи Гулистон Алишер Тоиров. Дар корхонаи мазкур кор дар се навбат ташкил дода шудааст, барои равуои коргарон автобуси махсус хидмат мекунад, ба кормандони корхона хӯроки бепул дода мешавад ва барои истироҳати онҳо шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Дар сурат: намое аз корхона. Суратгир: Ш. ОртиҚбоев (ӮзА).

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: