АЗ БЕГОНАГОН ЧАРО НОЛЕМ?

ё худ саволҳои беҷавоб

Вақте ки мавсими обуна ба рӯзномаву маҷаллаҳо наздик мешавад, дар ин бора  дурудароз ба дарёи андешаҳои амиқ ғӯтавор мешавам. Дар сарам фақат як савол  чарх мезанад: “Имсол аз ноҳия ва вилоятамон чанд кас ба «Овози  тоҷик» обуна мешуда бошад?» Боз маҷаллаи «Дурдонаи Шарқ» барои соли оянда обуна эълон кардааст...
Дар таърихи фарҳанги тоҷикони ҷумҳурӣ рӯйи чопро дидани нахустин маҷаллаи тоҷикӣ бо номи «Дурдонаи Шарқ» рӯйдоди муҳим маҳсуб меёбад. Ба  саъю эҳтимоми ду-се тан равшанфикрон, алалхусус бо ташаббуси шоир Асадуллоҳи Исмоилзода, инак шумораи сеюми маҷалла нашр мешавад.
Ба наздикӣ аз Интернет навиштаи мухбири «Овози тоҷик» дар  вилояти Ҷиззах  Анорбой Назаровро хонда, ҳуш аз сарам парид. То ҳол боварам намеояд, ки аз якчанд мактаби тоҷикии ноҳияи Нурато ҳамагӣ се нафар шумораи  нави «Дурдонаи Шарқ»-ро харидорӣ кардаанд. Бо ин ҳол боз доду фарёд мезанем, ки дар мактабҳои тоҷикӣ китобу маҷаллаҳои бадеӣ нестанд.
Чанд рӯз пеш ба раиси Маркази миллии тоҷикони вилояти Ҷиззах Абдукарим  Шарипов занг зада, «Девон»-и устод Паймонро пурсон шудам. Он кас дар ҷавоб  гуфтанд, ки аз Тошканд нафиристондаанд. Ва боз илова карданд, ки пули китобҳои соли гузашта ба мактабҳову марказҳои миллии ноҳияҳо тақсимшуда то  ҳол  дастрас нагардидааст. Эшон китобҳои «Гули санг» ва романи «Сабзу сурх»-и нависанда Юнуси Имомназарро дар назар доштанд. Китобҳои устодон Турсунзода, Лоиқ ва Паймон, ки аз рӯйи нақшаи Маркази миллии тоҷикони  ҷумҳурӣ чоп шудаанд, то ҳол дар Маркази миллии вилоят хоб рафтаанд. Дар ноҳияҳои Арнасой, Дӯстлик, Зафаробод, Пахтакор, Мирзочӯл, Фориш, Янгиобод  ва шаҳри Ҷиззах тоҷикон ҳам кору зиндагӣ мекунанд.
Дар ноҳияи Мирзочӯл, ки ман зиёда аз чиҳил сол боз дар он ҷо зиндагӣ ва кор  мекунам, тоҷиктаборон бисёранд. Ногуфта  намонад, ки ҳар як ноҳияи тоҷикнишини вилояти Ҷиззах аз уҳдаи ягон кор набарояд ҳам, маркази миллии    тоҷикон ва раиси худро дорад.
Гуфтаҳои болоӣ беҳуда нест, чунки худи онҳо ба ягон адад рӯзномаҳои  «Овози тоҷик» ё «Ховар» обуна нестанд ва ягон сол обуна нашудаанд.
Бо ин ҳама дар тӯю маросим ва маъракаҳои тоҷикон онҳо пешгаҳнишину давророянд ва боз ғайритоҷикӣ сухан мегӯянд.
Ёд дорам, ки дар ноҳияамон Насриддин Бобоев ва Тӯймурод Бобоев (рӯҳашон шод бод) раисони Маркази миллии тоҷикон буданд ва худашон аз аввалинҳо ба  «Овози тоҷик» обуна мешуданду дигаронро ҳам дар тӯйу маъракаҳо ба обуна тарғибу давъат мекарданд. Директори собиқи мактаби панҷуми ноҳия Файзӣ  Ӯроқов (рӯҳаш шод бод) ҳам аз ҷумлаи чунин инсонҳои нексиришт буд.
Вақте ки худамон ягон газета ё маҷаллаи тоҷикӣ намехонем, дар рафи  китобхонаамон ақаллан як нусха асари классикон ва муосиронро надорем, пас чӣ хел ба фарзандонамон ҳисси миллӣ, ватанпарварӣ, меҳр ба марзу бумро тарбия мекунем?
Умуман, саволҳои беҷавоб бисёранд. Бояд сари ин саволҳо андеша кунем ва ба онҳо посух ёбем. Барои ин бояд аввал ҳаддиақалл ба маҷаллаву рӯзномаҳо ба забони модарии худ обуна шавем...

Раҳимшоҳи ШАРИФЗОДА.
Вилояти ҶИЗЗАХ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: