Аз қадим фарзандро пайвандгари оила меноманд.
Бо шарофати онҳо оилаҳо мустаҳкам мегарданду ба хонадон файзу барака меоваранд. Аз ин ҳолати аҷиб нафақат оила, ҷамъият низ манфиатдор мешавад.
Дар хонаводаи Полвоновҳо 30 сол пеш фарзанде ба дунё омад, ба ӯ Аббосхон ном гузоштанд. Аббосхон дар оила тарбияи намунавӣ гирифт. Падару модараш чи хел орзу карда бошанд, аз вай зиёд ба воя расид. Меҳнаткашу боодоб, меҳрубону ғамхор...
Дар оилаи онҳо тартибу қоидаҳои қатъӣ, ҳаёти одиву сода амал мекунад: ҳалолӣ, меҳнатдӯстӣ, ростгӯӣ...
Сардори оила Саидаброрхон бо ҳамсараш Шаҳнозахон бо ҳамин хел хислатҳои хуб Шоҳидаву Аббосхонро ба воя расониданд. Ба тарбия ва донишомӯзии онҳо эътибори дучанд доданд.
– Имрӯз дар кишварамон ҳаёт тамоман дигар, – мегӯяд Аброрхонамак дар аснои суҳбат. – Солҳои дуру дароз дар деҳа сартарош шуда кор кардам. Корхонаи ман як хоначаи танги безеб буда, душвориҳо ниҳоят бисёр мешуданд. Зимистон хунуку тобистон гарм мешуд. Аммо ҳама аз ман манфиат медиданд. Бо ҳунари дӯстдоштаам рӯзгор ҷунбондам.
Ба ҷовонони ҳозира ҳавасам меояд. Шуҷоату ғайраташон баланд. Чи хеле ки мехоҳанд, дониш меомӯзанд ё ягон намуди касбу ҳунарро азхуд мекунанд, ҳамаи шароиту имкониятҳо фароҳам оварда шудааст. Хусусан, дар бораи соҳибкорӣ имкониятҳо беҳадду канор. Инро дар мисоли писари худам низ дидам. Бисёр китоб мехонаду дар амал ба иҷрои он шурӯъ мекунад.
Бачагии Аббосхон дар деҳаи кӯҳсори Чодаки табиаташ тозаю соф, одамонаш одию сода, гузаштааст. Қаҳрамони мақолаамонро ҳоло нафақат ҳамдеҳагон, ҳатто роҳбарони вилоят ҳамчун тадбиркори фаъолу ҷавони пешқадам хуб мешиносанд.
Донишҳои дар мактаби миёна, дертар дар литсейи академӣ (дар маркази вилоят, аз деҳа зиёда аз 100 км. дур ҷойгир шудааст) гирифтааш ва иштирок дар тадбирҳою чорабиниҳои ҷумҳурӣ бо гуфти худаш ӯро «тарбия карду обу тоб дод».
– Баъди хатми литсей бо мақсади маълумоти олӣ гирифтан ба Донишкадаи муҳандисиву технологияи Намангон ҳуҷҷат супурдам, аммо аз имтиҳонҳо гузашта натавонистам, – мегӯяд ӯ. – «Аз бекор, худо безор», гуфтаанд, барои ҳамин ба тадбиркорӣ даст задам. Дар бораи эълон кардани туризми Чодак ба ҳаракат даромадем. Яъне дар ҳавлиамон бо маслиҳат ва кумаки падарам «Меҳмонхонаи оилавӣ» ташкил кардем.
Аббосхони ғайратманду шуҷоатнок кӯшиш намуда, дар давоми фаъолияти соҳибкорӣ ба донишкадаи дилхоҳаш дохил шуду дипломи олӣ гирифт. Ӯро ҳамдеҳагон ҳамчун ҷавони фаъол ба ноҳия депутат интихоб карда буданд, масъулиятро ба ӯҳда гирифта, якчанд муамморо ҳал намуд. Меҳнату фаъолияти ӯ бесамар намонд. Аз тарафи роҳбари давлатамон бо медали «Келажак бунёдкори» сарфароз гардонда шуд. Ҳамаи ин бовариҳо ба вай нафақат муваффақият, балки масъулияти калон низ мебахшад ва кӯшиш менамояд, ки боз бисёртар корҳои аз ин ҳам муҳимтарро дар амал ҷорӣ кунад.
Шоҳида ДАМИНОВА,
хабарнигори
«Овози тоҷик»
дар вилояти Намангон.