АЗ БОНН БА БУХОРО

Бояд таъкид намуд, ки бародаршаҳрии байни Бонн (Олмон) ва Бухоро соли 2003 ба вуҷуд омадааст.

Бояд таъкид намуд, ки бародаршаҳрии байни Бонн (Олмон) ва Бухоро соли 2003 ба вуҷуд омадааст. Тайи солҳо шаҳри Бонн як қатор лоиҳаҳои ҳамкориро дар амал татбиқ намуда, бобати рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри куҳан саҳми арзанда гузошт. 

Моҳи майи соли ҷорӣ дар шароити пандемия бо мақсади дастгирӣ намудани оилаҳои камдаромади шаҳри Бухоро ҷамъияти бародарии шаҳри Бонн дар доираи иқдоми «100 оила» ба оилаҳои муҳтоҷ анвои хӯрокворӣ (11 намуд) инъом карда буд. Ба қарибӣ боз аз ҷониби ҷамъияти номбурда ва бо ташаббуси консулхонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар шаҳри Франкфурти Майн марҳалаи дуюми дастгирии моддӣ фаро расид. Мақсад аз ин эҳсон дастгирӣ намудани оилаҳое мебошад, ки бачагони ятиммондаи хонаҳои меҳрубониро бо роҳи ҳомигӣ ба нигоҳубини худ гирифтаанд. Ҳамин тариқа боз 50 оила аз саховати навбатии дӯстони олмонӣ баҳраманд гардиданд.

А. АВЕЗОВ, 
хабарнигори «Овози тоҷик» 
дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: