АЗ БУХОРО ТО СУХОРО

Дар Шарқи мусулмонӣ ҳафт шаҳри шариф мавҷуд, ки яке аз онҳо – Бухоро.

Ман зодаи ноҳияи Сухи вилояти Фарғона. Баробари Сух бароям Бухоро ва мардуми шарифи он хеле азиз. Дар воқеъ, яке аз шоирони маҳаллӣ дар асри XIX шеъре навишта бо унвони «Сухи шарифи пойтахт», ки ҳоло низ онро дар нишастҳо қироат мекунанд ва бо лабханд илова месозанд, Сухи кӯчаки мо низ шариф.
Гумон мекунам, Бухорои шариф ва Сухи кӯчаки моро, ки дар иҳотаи кӯҳҳо воқест, риштае пайваста ва ин қаробат решаҳои қадимии таърихӣ дорад. Дил мехоҳад зодгоҳи худро Сух не, балки Сухоро қаламдод ва чизе таълиф кунам бо сарлавҳаи «Аз Бухоро то Сухоро».
Вақте Бухоро гуфтем, қабл аз ҳама, ҳафт пири комиле, ки парвардаи ин шаҳри шарифанд, ба хотирамон мерасанд: Абдухолиқ Ғиждувонӣ, Ориф ар-Ревгарӣ, Анҷир Фағнавӣ, Ар-Рометанӣ, Бобои Самосӣ, Саййид Мир Кулол, Баҳоуддин Нақшбанд.
Номгӯйи инсонҳои муътабаре, ки аз Бухоро баромадаанд, худ як китоб.
Кадоме аз бузургворони бухороӣ ба Сух омада ва ҳамин ҷо манзил кардаанд, номаълум. Вале дар ноҳияи мо, айни замон, чанд хонақоҳ ва зиёратгоҳ бо номҳои гуногун мавҷуд ва аз онҳо ҳафттояшон хеле машҳур: Хоҷа Орифи Моҳитобон (дар деҳаи Қалъа), Хоҷаи Тӯш  ва Хоҷаи Калон (дар Касминон), Хоҷаи Мурод (дар Демурсад), Хоҷаи Рушноӣ (дар Чашма), Хоҷаи Абулқосим (дар Обишир), Хоҷаи Занҷиркушо (дар Ҳушёр). Ривоят мекунанд, аксарияти ин азизу авлиё аслан аз Бухоро, ки замонҳое бо мақсади паҳн кардани нури ислом ба чаҳор тараф паҳн шуда буданд. Дар Сӯхи бостон бошад, ҷойгоҳи алоҳидаи худ доранд онҳо. Инак, аз офтоби илм ва маънавияти Бухоро, гуфтан мумкин, Сӯх (ё худ Сухоро)-и мо низ нурафшон.

Абдувоҳид ЙӮЛДОШЕВ,
номзади илмҳои таърих.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: