Дар «Пирӯзинома»-и Абӯалӣ Сино тандурустӣ ба ҷои аввал гузошта шуда ва дар он таъкид меёбад, агар саломатӣ барқарор аст, хотири ҷамъ ва тавонгарӣ даст медиҳад.
Бобои бузурги мо Сино чун энсиклопедист, яъне донандаи ҳамаи илмҳо дар ҷаҳон машҳур бошад ҳам, қабл аз ҳама ӯро ба сифати табиби бузург, ки тибби мардумиро ба дараҷаи баланд баровард, мешиносем.
Дар ҳамаи давру замонҳо тибби халқӣ ё худ табобати мардумӣ дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва рӯзгори мардуме, ки саломатӣ барояшон неъмати бебаҳост, мавқеи ба худ хос дошт. Имрӯз низ пояҳои он устуворӣ касб менамоянд. Дар амалиёти тиббию илмӣ усули фитотерапея, яъне табобат бо рустаниҳои шифобахш мавриди истифодаи доимист. Баробари дорухонаҳое, ки сари ҳар қадам дари худ боз кардаанд, «дорухонаҳои табиат» ва тибби мардумӣ таваҷҷӯҳи ниёзмандонро ба худ мекашанд.
Тибби халқӣ, зимнан, таърихи қадима дошта, фурӯғи он, гуфтан мумкин, ҳанӯз аз субҳи ҷамъияти инсонӣ ба дилҳое, ки бинобар беморию дард тираву торанд, равшанӣ мебахшид. Дар осори хаттии Юнон, Рум, Эрону Ҳинд, Тибет ва ҳамзамон Мовароуннаҳр – ватани аҷдодиамон дар ин бора маълумотҳо мавҷуд ва он маъхазҳо то мо омада расидаанд.
«Вандедат» ном боби махсуси «Авесто» ба тиб, гигиенаи саломатӣ, тарзи солими ҳаёт бахшида шудааст. Буқрот (Ҳипократ), ки аз табибони номвари Юнони қадим ба шумор мерафт, дар бораи 236 рустании шифобахш маълумот додааст.
Дар диёри бобоии мо, баробари дигар илмҳо, илми тиб низ тараққӣ карда ва ҳанӯз дар асрҳои миёна ба рушди тибби ҷаҳонӣ саҳми муносиб ҳамроҳ намуд. Беҳуда сухан аз муроҷиат бо Синои бузургвор оғоз накардем, ки ӯро барҳақ пири ҳакимони Машриқзамин меноманд.
Дар яке аз асарҳои донишманди рус А. Задорожний чунин сатрҳо ҳастанд: «Пеш аз 1000 сол муқаддам Абӯалӣ ибни Сино қонунҳои илми тиббро дар 5 ҷилд навиштааст, ки он ҷилдҳо ба бисёр забонҳои дунё тарҷума шуда ва дар асрҳои миёна китоби рӯимизии табибони араб ва Аврупо ба шумор мерафтанд».
Чӣ Буқрот ва Абӯалӣ Сино, чӣ табибони дигари мардумӣ дар муолиҷаи беморон аз усулҳои гуногун истифода мекарданд. Истифода аз рустаниҳои шифобахш, айни замон, дар амалиёти табибӣ чизи муҳим ба шумор мерафт. Вале омодасозии маводи шифоӣ аз рустаниҳо нозукиҳои ба худ хос дошта, онҳое, ки ба тибби мардумӣ сарукор доштанд, одамонро ба ҳушёрӣ ва эҳтиёткорӣ даъват менамуданд. Рустаниҳо баробари шифобахшӣ заҳрдор низ мебошанд, ба ҳар гуна муолиҷаи худсарона набояд роҳ гузошт. Умуман тибби халқӣ, тавре мутахассисони соҳа таъкид менамоянд, аз табиб дониши ҳаматарафа, мушоҳидакорӣ, зиракиву эҳтиёткорӣ, масъулият талаб менамояд.
Имрӯзҳо чун дар ҳамаи соҳаҳо ислоҳот дар низоми тиббиёт самараи дилхоҳ бахшида, шаҳрвандонамон аз шаклҳои гуногуни хидматҳои замонавии тиббӣ истифода бурда метавонанд.
Тибби халқӣ низ мавриди эътибор. Баробари духтурони касбӣ дар маҳалҳо табибони мардумӣ низ беморонро қабул ва муолиҷа мекунанд. Ин хуб аст, албатта.
Вале масъалаҳои марбут ба тибби халқӣ низ мавҷуд, ки касро ба андеша, ҳатто ба ташвишу ҳарос мегузоранд. Ба ҳамаи онҳое, ки худро табиб шиносонда ба муолиҷаи беморон машғуланд, бовар кардан мумкин? Ҳоли беморе, ки барои шифо ёфтан сарро ба ҳар санг мезанад ва молу маблағ дареғ надошта, ба ҳар талаб, дархост ва пешниҳод розист, дар вазъи дучороӣ бо табиби сохта бадтар намешавад?
Духтур барои роҳ гузоштан ба хато ба ҷавобгарӣ кашида мешавад, табиби мардумӣ-чӣ?
Муаммоҳо дар табобати мардумӣ, роҳи ҳалли онҳо ва чораҳо баҳри мукаммалсозии низоми тибби халқӣ дар Қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи чораҳои ба тартиб овардани соҳаи тибби халқӣ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон» аз 12 октябри соли 2018 мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Дар ҳуҷҷати мазкур, аз ҷумла, қайд карда мешавад, тибби халқӣ дар табобати бемориҳои вазнину мураккаб мақоми муҳим дошта, ба хидматҳои табибони халқӣ дар байни табақаҳои мухталифи аҳолӣ талабот зиёд мебошад, вале пойгоҳи меъёриву ҳуқуқӣ, ки тартиби хидматрасонии тибби мардумиро ба танзим меоварад, мавҷуд нест. Мушаххас набудани ҳуқуқ ва ӯҳдадории табибони халқӣ, татбиқ нашудани назорати давлатӣ нисбати сифат ва бехатарии табибони маҳаллӣ, таъин нашудани ҷавобгарӣ ба хатоӣ, ки муолиҷагарон роҳ мегузоранд, албатта, масъалаҳои дардноканд. Баробари ҳамин кафолати ҳифзи ҳуқуқи табибони мардумӣ аз дахолати беасос мавҷуд нест.
На ҳамаи онҳое, ки ба табобати мардумӣ машғуланд, аз рӯихат гузаронида шудаанд.
Аз таҷриба ва имкониятҳои мавҷудаи тибби халқӣ истифода бурда намешавад, барои корбасти самарабахшу бехатари усулу дастовардҳои тибби мардумӣ ба андозаи даркорӣ шароит фароҳам оварда нашудааст.
Акнун дар асоси қарори нав рухсатномадиҳӣ ба фаъолияти хидматрасонӣ бо усулҳои тибби мардумӣ дар тартибе, ки барои рухсатномадиҳӣ ба фаъолияти тиббӣ пешбинӣ шудааст, татбиқ мегардад. Фақат пешниҳоди ҳуҷҷат дар бораи маълумоти тиббӣ шарт нест.
Ворид гардидани мақоми «тибби халқӣ» ба номгӯи хелҳои ихтисоси табобатӣ, айни замон, мувофиқи матлаб ва акнун, бешубҳа, табибони мардумӣ барои соҳиб шудан ба ин гуна мақоми лаёқаташонро муайян кунанда ҳаракат менамоянд.
Боз як аҳамияти қарор аз он иборат аст, ки дар масъалаи пешгирӣ, ташхис ва табобати бемориҳо мувофиқи ин ҳуҷҷат тартиб ва механизми ҳамкории байниякдигарии табобати замонавӣ ва тибби халқӣ ба вуҷуд оварда мешавад.
М. ШОДИЕВ,
мухбири «Овози тоҷик».