АЗ ЧИН ТЕХНИКАҲОИ ЗАРУРИИ ТИББӢ ВА ВОСИТАҲОИ ҲИМОЯ ОВАРДА ШУДАНД

Мувофиқи супориши Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 28 марти соли равон ба мақсади бартараф кардани васеъ паҳншавии коронавирус аз ҳисоби маблағҳое, ки баҳри мубориза бо ин пандемия ҷудо карда шудаанд, аз Чин 200 ҳазор адад низоми тести муайянкунандаи вирус ва 50 ҳазор адад сару либоси якдафъаина – комбинезони ҳимоя харид карда шуданд.

Арзиши умумии бори мазкур, ки аз тариқи ҳавопаймои боркашони ҳарбӣ оварда шуд,27,8 миллиард сӯм буда, вазнаш 20 тоннаро ташкил медиҳад. Бо ин хатсайри махсус 2,5 миллиард сӯмина воситаҳои гуногуни тиббии инсонпарваронае, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷудо карда шудаанд, низ расиданд.
Ғайр аз ин бинобар қарори Девони Вазирон аз ҳисоби маблағҳое, ки барои мубориза бо коронавирус ҷудо карда шудаанд, 31 март харид шудани 16 миллиард, 3 апрел бошад, 45 миллиард сӯмина техникаҳои тиббӣ ва воситаҳои ҳимоя ва ба мамлакат овардани онҳо пешбинӣ гардидаанд.
Аз ҷумла, бо назардошти таҷрибаҳои хориҷӣ барои кормандони тиббиёт ба харидани комбинезонҳои махсуси дараҷаи дувум, яъне таъиноти минтақаи сурх эътибор дода шуд.

ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: