Аз COVID-19 хатарноктар: СУТ даъват кард, ки ба пандемияи нави хавфноки марговар омода бошем

Раҳбари Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) Тедрос Гебрейесус гуфт, ки хатари як пандемияи нав, ки аз COVID хатарноктар аст, истисно карда намешавад.

Вай дар ин бора дар ассамблеяи солонаи Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Женева сухан гуфт.

“Таҳдиди пайдо шудани варианти дигари [COVID], ки метавонад ба хуруҷи нави беморӣ ва марг оварда расонад, боқӣ мемонад. Ҳамчунин хатари пайдоиши як патогени нав бо потенсиали боз ҳам марговар боқӣ мемонад”, - қайд намуд директори генералии созмон.

Тедрос Гебрейесус инчунин аз тамоми ҷаҳон даъват кард, ки барои дастҷамъона мутақобила нишон додан ба хатар омода бошанд, менависад Lenta.ru.

Рӯзи 5 май сарвари Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ эълон кард, ки ҳолати фавқулоддаи ҷаҳонии тандурустӣ, ки бар асари паҳншавии вируси COVID-19 ба вуҷуд омадааст, хотима ёфт. Вай гуфт, ки ҳадди аққал 20 миллион нафар дар саросари ҷаҳон бар асари коронавирус фавтидаанд.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: