Нияти нек
Нияти нек
– Ҳар ҷо ки равед, бояд аз шириниҳои дасторхон бо нияти нек, яъне дар ҳамин хонадон тӯй ва рӯзҳои хуб шавад, ба чунин рӯзҳо моро ҳам расонад гуфта, тановул кунед, – зуд-зуд таъкид мекард модарам. Дарҳақиқат, мардуми мо агар ба меҳмонӣ равад ё аз меҳмонӣ ояд, бо худ ширинӣ мегирад, дар бастаи сарупо, яъне ҷиҳози арӯсу домод низ ширинӣ ҳамроҳ мекунанд, ба зери пойи онҳо пойандоз партофта аз сару китфашон шириниҳо мерезанд, ки ин ҳама бесабаб нест.
Рӯзе лозим омад, ки бояд ба шабнишинии дӯстам, ки дар деҳа бояд баргузор мешуд, равам. Вале поям намекашид: зиндагӣ, рӯзи корӣ, роҳи дур... Ҳамон шаб хоб дидаам. Дар хобам касе лаълии пур аз шириниҳоро сӯям дароз мекард. Шириниҳоро гирифтам. Субҳ бо табъи болида аз хоб хеста роҳи деҳаро пеш гирифтам. Фоли нек: аз дидори хоҳару бародарон, хешон, дӯстони айёми кӯдакӣ шод гаштам.
Ҳар дафъаи ба ҳавлии падарӣ қадам гузоштан аз он бӯйи нони гарми гандумии модарам ба машомам мезанад, гӯиё ӯ бо ду рӯйи сурх ба ман нон дароз мекунад...
Дар бозгашт, ҳамчун тӯшаи роҳ келини хона аз меваҳои боғи падар андохтанӣ мешавад. Ба ӯ мегӯям: “На, танҳо ду дона нони гарми танӯрӣ андозӣ, кифоя. Аз он бӯйи модарам меояд, симои падари меҳрубонам, ки як бурда нони гармро ба як коса оби хунуки ба тозагӣ аз чашма овардашуда тар карда мехӯрд, пеши чашмам намоён мегардад...”
Бегоҳ дар сари дасторхон бастаамро боз кардам. Дар он шириниҳои тӯй ва ду нони гандумии келини хона буд. Ба фарзандон ва наберагон гуфтам: «Бо нияти нек аз ин шириниҳо бичашед» ва даст ба дуо бардоштам: «Худоё, ҳамаи моро ба тӯй ва рӯзҳои хурсандӣ бирасон».
Ҳамдеҳагони ман
Деҳаи ман дар даруни кӯҳсор, кӯҳсори пур аз сангу шах, ки гумон мекунед ҳозир сангҳо канда шуда ба саратон мерезанд, ҷойгир аст. Хонаю ҳавлиҳо дар ду тараф, дар канори боғу дарахтон рӯди пуроб ҷорист. Доир ба ҳаёт ва меҳнати сангини ҳар як марду зани деҳаам силсилаҳикояҳо нависам, кам аст.
Солҳои бачагии ман боми хонаҳо паст, лоин, дарвозаҳо чӯбин, роҳҳо пур аз регу санг, нақлиёт хару асп буд. Ҳавлии падарам аз се-чор ҳуҷрачаҳои хурд иборат буд. Даҳ нафар хоҳару додарон пасу пеш ба воя расидем. Ҳоло фикр мекунам, меҳру оқибат, муҳаббати бепоён ба якдигар аз ҳамон хоначаҳои хурд оғоз ёфта будааст...
Рӯзе дугонаи шаҳриамро ба деҳа бурдам. Ба меҳмоннавозӣ, дасторхондории ҳамдеҳагонам ҳавас кард дугонаам.
– Ба бисёр деҳа сафар карда, дар тӯю маъракаҳояшон иштирок кардаам. Гувоҳи он шудам, ки дар баъзе маҳаллаҳо ҷавонони сабукандеш худро пулдор ҳисобида, аз сари соҳибтӯй ва ё санъаткор пул мерезанд ва бачаҳо бо ҳаёҳу, якдигарро тела дода пул мечинанд. Дар деҳаи шумо ин манзараро надидам. Бачаҳоятон тарбиятдида, зирак, боодоб, чашмашон сер, – раҳораҳ гуфт ҳамсафарам.
Агар дар деҳа таъзия шавад...
Дар ёдам, бача будем. Рӯзе дар деҳаамон таъзия шуд. Очаи бобои Раҳматулло – момои Сокина аз олам гузашта буд. Момоям гуфт: “Паси дарвоза бароед. Аз момо “шавгин” (барокат) гиред, то мисли ӯ умри дароз бинед”. Бо хоҳару додарон паси дарвоза баромада интизори тобути момо шудем. Издиҳоми мардум тобутро бо навбат рӯйи даст бардошта меомаданд. Пеш-пеши тобут бобои Раҳматулло қадам мезад. Ӯ ба дасти ҳар яки мо чанд тангагӣ дод...
Шавҳари ҷавони хоҳарам ногаҳон аз олам гузашт. Садои навҳаю фиғони хоҳараму кӯдакони ноболиғаш ҳоло ҳам дар таги гӯшам. Хешу ақрабои дур дар хонааш се-чор рӯз монданд. Ҳамсояҳо оилаи хоҳарамро дар ин рӯзи сахт танҳо нагузоштанд. Дар як тараф куҳансолон, дар дигар тараф занон, ҷавонону бачаҳо се рӯз ба як по истода хидмат карданд. Ҳатто ба гову гӯсола, бузу гӯсфанд, мурғони дар катак буда ҳамсояҳо нигоҳубин карданд.
Одат ин аст, ки дар хонаи азодор се рӯз хӯрок намепазанд. Се рӯз ҳамсоязанҳо яке шӯрбо, дигаре оши палав, сеюмӣ қатламаю нони гарм меоварданд. Ба дарди мотамдорон шарик мешуданд, аз чашмони онҳо низ сели ашк равон мешуд. Ҳамсояи девордармиён пиёлаи чойи гармро ба хоҳарам дароз карда мегуфт:
– Хоҳарҷон, ба ғамат шарик ҳастам, кори Худо, Камолҷонро Худо ба раҳматаш гирифта бошад. Як пиёла чой нӯш, ягон чиз хӯр, ҷуволи холӣ рост намеистад, дирӯз боз ҳеч чиз нахӯрдаӣ. Худатро маҳкам дор, Худо сабр диҳад. Акнун ту бояд ҳам оча ва ҳам додо шуда, кӯдаконатро парасторӣ намоӣ.
Шукри беҳад, ки чунин шахсони меҳрубону дурандеш ҳастанду ба дарди ғамзадагон марҳам мешаванд. Бар замми ин гӯрков, шустану пок намудани майит ҳам аз худи маҳалла.
— Тӯю азо як навъ ба ҳашари маҳалла табдил ёфтааст. Арзишҳои миллии моро фарзандонамон бояд омӯзанд, идома диҳанд, – мегӯяд яке аз куҳансолони деҳа.
Куҳансоли деҳа дуруст мегуфт. Мо бояд беҳтарин урфу одат ва арзишҳои миллиамонро дар мисоли тӯю маъракаҳо ба насли ҷавон интиқол диҳем. Дар байни имрӯз ва фардои силсилаи ҳаёт ҳалқаи пайванд шавем.
Саодат РӮЗИЕВА.