«АЗ ДАҲАН БАР ДАҲАН РАВАД ШЕЪРАМ...»

Гузориш аз 70-умин солгарди шоир Абдуллоҳи Раҳмон

Чанд рӯз пеш ноҳияи Сариосиё дари худро ба рӯи аҳли илму фарҳанг, мухлисони каломи бадеъ боз намуд. Бо ташаббуси Маркази миллӣ-мадании тоҷикони Ӯзбекистон, Донишгоҳи соҳибкорӣ ва педагогии Деҳнав, маҷаллаи «Дурдонаи Шарқ», маҳфили адабии «Амвоҷи Варорӯд» ва «Бунёди фарҳангии «Нурсултон Азимов» анҷумани илмӣ-адабӣ бахшида ба хотири 70-умин солгарди шоири шаҳиру зиндаёд Абдуллоҳи Раҳмон баргузор гардид. 
Ба ин муносибат аз ҳар гӯшаву канори ҷумҳуриҳои Ӯзбекистону Тоҷикистон шоиру нависандагон, дӯстон ин ҷо сарҷамъ шуданд.
Қадами аввал меҳмонон дар назди қабристони деҳаи Гулистон – ватани шоир ҷамъ гардида, қабри марҳумро зиёрат карда, сари хокаш гул гузоштанд ва ба некӣ ёдаш намуданд, баҳри оромиши руҳаш оятҳо аз Қуръони маҷид тиловат карда шуд. Сипас, ҳамагон ҷониби мактаби рақами 38, ки Абдуллоҳи Раҳмон аз соли 1977 то 2009 он ҷо ба шогирдон таълим додааст, роҳ пеш гирифтанд. 
Ниҳоят, дар толори боҳашами Донишкадаи соҳибкорӣ ва педагогии Деҳнав анҷумани байналмиллии илмӣ-адабӣ бо номи «Абдуллоҳи Раҳмон – тараннумгари дӯстӣ» ифтитоҳ гардид. Толор пуропури меҳмонону мухлисон буд. Саҳнаро сурати калонҳаҷми шоир, ки атрофашро аҳли қаламу дӯстонаш иҳота карда буданд ва макети калонҳаҷми ҷилди якуми куллиёти шоир ва китоби «Абадзинда» (мураттиб Маҳкам Ҷаъфаров), ки маҷмӯи мақолаҳои ёдбудӣ дар бораи шоир, нақди адабӣ дар бораи ашъораш ва бахшидаҳо дар он гирд оварда шуда буд, зеб медод. Ба қавле, баробари ҷашни 70-солагии шоир тақдимоти ин ду китоб низ ҷараён дошт.
Аз 1 май то 20 май бо ташаббуси гурӯҳи эҷодии «Ориён»-и Самарқанд, маҷаллаи «Дурдонаи Шарқ» ва Бунёди фарҳангии «Нурсултон Азимов» таҳти унвони «Сайқали истеъдод» озмуни шеърхонӣ аз ашъори шоир Абдуллоҳи Раҳмон ва навиштани тазмин ба ин байти шоир:
«Рӯйи сурхи одамӣ дар ору 
номус асту бас,
Кӯрдил дар доми нафси хеш 
маҳбус асту бас».
эълон шуда буд. Озмун ҷамъбаст шуда, натиҷаҳо эълон гардиданд. Мувофиқи баҳодиҳии ҳайати ҳакам тазмини Фозили Шукурзод ва Исмоил Зарифӣ аз беҳтаринҳо ҳисобида шуд. 
Ба шарафи ҷашн озмуни хониши шеър аз ашъори ин устоди зиндаёд ва навиштани тазмин ба як байти ӯ ҷараён гирифт. Дар он ҷамъулҷамъ 270 нафар  иштирок намуданд. 
Тасмим гирифта шуд, ки аз ҳар гурӯҳ то се нафар  беҳтаринҳо муайян ва ба ҷоизаҳо пешбарӣ карда шаванд. Бо назардошти ҳамаи ин дар асоси ҷамъбасти натиҷаҳои озмун мувофиқи холҳое, ки ҳакамони алоҳида ба хониши иштирокдорон гузоштаанд, ғолибон муайян гардиданд. 
Аз рӯйи натиҷабардории ҳайати ҳакамон ба ғолибони озмун диплом ва ба сазоворони ҷойи якум телевизор, ҷойи дуюм телефони мобилӣ ва ҷойи сеюм соати калони деворӣ тақдим карда шуд. 
Баъд аз тақдимоти ҷоизаҳо устоди Донишгоҳи давлатии Тирмиз, раиси Маркази миллӣ-мадании тоҷикони Сурхондарё Рамазон Абдуллоев  суханронӣ карда, ғолибонро табрик гуфт ва ба меҳмонони олиқадре, ки аз роҳи дур омада, дар чорабинӣ ширкат варзиданд, изҳори ташаккур намуд ва ба як гурӯҳ ашхосе, ки барои хубу хотирмон гузаронидани ин чорабинӣ саҳми босазо гузоштанд, ташаккурномаи Маркази миллӣ-мадании тоҷикони вилоят ва ҷилди якуми куллиёти Абдуллоҳи Раҳмонро армуғон кард.
Ба таҳсин сазовор аст, ки якчанд шеъри устод Абдуллоҳи Раҳмон аз ҷониби ҳофизони хушовози воҳаамон ба оҳанг дароварда, суруда шудаанд. Сароида шудани суруди «Модар» аз ҷониби ҳофизи хушовоз Асадуллоҳи Қаландар, «Ватан» аз ҷониби сарояндаи хушсадо Комилҷон Қобилов ва таронаҳо аз ҷониби Нуралӣ Муродалиеви ширинадо табъи ҳозиринро болида сохт.
Баъди анҷоми қисми бадеии чорабинӣ суҳбат дар сари як пиёла чой идома ёфт. Дар ин ҷо низ як идда меҳмонон дар бораи шоир Абдуллоҳи Раҳмон ва ашъори ӯ суханони самимӣ баён карданд ва ҳофизи ширинадо Тоҳирҷон Зокиров бо таронаҳои дилнишин хотири меҳмононро шод гардонид.
Хуллас, дар маҷмӯъ, чорабинии фарҳангӣ бахшида ба 70-солагии шоири зиндаёд Абдуллоҳи Раҳмон басо хотирмон ва дилнишин гузашт. Ин мисраъҳои худи шоир гӯё баёнгари ин лаҳзаҳои нотакрор буданд:
Аз даҳан бар даҳан равад 
шеърам,
Гар танам зери хок мемонад.
Гар хӯрад хок ҷумла аъзоям,
Ниятам поки пок мемонад. 

Олим ПАНҶИЗОДА, 
хабарнигори «Овози тоҷик» 
дар вилояти Сурхондарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: