АЗ ЭЪТИБОР ДИЛҲО ШОДУ МАМНУН

Дар мамлакатамон вобаста ба ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, дастгирии куҳансолон, ногироён ва оилаҳои камбизоат як қатор корҳо ба амал татбиқ мегарданд.

Қарори Девони Вазирон «Дар бораи чорабиниҳои иловагӣ доир ба ҳифзи иҷтимоии собиқадорони ҷанги солҳои 1941-1945, ҳамчунин, маҳбусони собиқи ноболиғи конслагерҳои фашистон ва шаҳрвандоне, ки дар давраи ба муҳосира афтодани шаҳри Ленинград меҳнат кардаанд», аз 28 апрели соли 2018, низ ифодагари эътибори доимӣ ба собиқадорон мебошад.
Дар асоси ҳуҷҷати мазкур ба собиқадорони ҷанги солҳои 1941-1945, ҳамчунин, маҳбусони собиқи ноболиғи конслагерҳои фашистон ва шаҳрвандоне, ки дар давраи ба муҳосира афтодани шаҳри Ленинград меҳнат кардаанд, ҳар моҳ хӯрокворӣ ва воситаҳои гигиена, соле як маротиба либос ва пойафзор  ройгон дода мешавад.
Дар вилояти Фарғона низ ба ин анъана амал мекунанд. Шуъбаи вилоятии фонди «Нуронӣ» ва ташкилотҳои мутасаддӣ барои собиқадорони ҷанг пӯшок ва сарупои баҳорию зимистонаро омода намуда, ба хонадони 16 нафар куҳансоли шаҳри Фарғона рафта, аз ҳоли онҳо хабар гирифтанд ва туҳфаҳоро супориданд.
– Мо халқи хушбахттарини дунё мебошем,– мегӯяд собиқадори ҷанг Муъминҷонота Анорбоеви 93-сола. – Чунки дар мамлакатамон авлоди ҷавону куҳансол ҳар доим таҳти эътибор ва ҳурмат мебошанд. Аз ҳолпурсии имрӯза сарам ба осмон расид. Дар диёрамон оромӣ, сулҳу осоиш барқарор бошад. Ҳамеша дуо мекунам, ки роҳбари давлатамон саломат бошанд, ба чунин рӯзҳои нишотбахш шукрона мегӯям. 
– Дар кишварамон ба ҳар як инсон ғамхорӣ зоҳир карда мешавад,– мегӯяд Пелагея Просяники куҳансол аз маҳаллаи Берунӣ. – Кушодадилӣ ва накӯӣ шиори мост, мо шарики хурсандиву ташвишҳои якдигарем. Урфу одатҳоямон муштарак. Аз эътибор ба куҳансолон хеле хурсанд ҳастем.
Ҷасорат ва муборизаи мардонавори собиқадорон дар ҷанггоҳҳо барои насли имрӯза ибрат ва панди ҳаёт мебошад. Аз ҳолпурсии мутасаддиён аъзои оилаи собиқадорон низ миннатдор шуданд. Чунин хабаргириҳо дар ҳар як шаҳру ноҳияи кишвар сурат мегиранд.

М. СУЛАЙМОНОВ,
мухбири ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: