Дар мавзӯи муҳим
Пас аз рӯзҳои башумор соли нави таҳсили 2024-2025 оғоз хоҳад шуд ва ҳоло дар мактабҳои ҳамагонии ҷумҳурӣ тақсимоти дарсҳо дар марҳилаи ниҳоӣ аст. Кормандони соҳа хуб медонанд, ки дар аксар маврид ин ҷараён боиси норозигӣ ва эътирозҳои баъзе омӯзгорон мегардад. Яке мегӯяд «соатҳои дарсиям кам шуд», дигаре лаб ба шикоят мекушояд, ки «директор ноадолатӣ кард». Ва ҳатто нафароне ёфт мешаванд, ки барои соати дарс аз гиребони ҳам бигиранд. Чанд рӯз муқаддам ба суроғаи телеграмии рӯзнома низ як нафар омӯзгор аз вилояти Самарқанд бо ҳамин мазмун нома фиристонд. Муаллиф дар он таъкид мекунад, ки хатмкардаи факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Самарқанд аст ва ду сол ин ҷониб дар яке аз мактабҳои таълим бо забони тоҷикии вилоят аз фанни «Тарбия» дарс медиҳад. Аммо имсол директори мактаб бо пеш овардани ваҷҳи «дарси фанни «Тарбия» танҳо ба омӯзгороне дода мешавад, ки филологияи ӯзбекро хатм кардаанд. Дарсро ба шумо диҳем, молия тарификатсия намекунад» аз ӯ соатҳои дарси фанни «Тарбия»-ро гирифтааст.
Муаллиф дар охири нома савол мегузорад, ки оё ин амал дуруст аст ? Мо бо мақсади дарёфти ҷавоби ин савол ба сарвари маркази хидматрасонии ҳуқуқии шуъбаи адлияи ноҳияи Ургути вилояти Самарқанд Маъмур Ҷуманов муроҷиат кардем.
– Бо назардошти синну сол ва хусусиятҳои психофизиологии донишомӯзони муассисаҳои таълими умумӣ ва бо мақсади дар рӯҳияи ватандӯстӣ, инсонпарварӣ ва эҳтиром ба арзишҳои умумиинсонӣ тарбия намудани онҳо аз соли хониши 2020-2021-дар мактабҳои ҳамагонӣ зина ба зина фанни «Тарбия» ҷорӣ карда шуд, — гуфт М.Ҷуманов. – Фанни мазкур дар мактабҳои ҳамагонӣ дар асоси қарори Девони Вазирон аз 6 июли соли 2020 «Дар бораи чораҳои дар муассисаҳои таълими умумӣ зина ба зина дар амал ҷорӣ кардани фанни «Тарбия» ва «Консепсияи фанни «Тарбия» барои донишомӯзони муассисаҳои таълими умумӣ» ба ҷойи фанҳои «Одобнома», «Эҳсоси Ватан», «Ғояи истиқлоли миллӣ ва асосҳои маънавият», «Таърихи динҳои ҷаҳон» роҳандозӣ шуд. Мувофиқи қарор аз рӯйи таълими фанни «Тарбия» стандартҳои давлатии таълим, барномаҳои таълимӣ таҳияву тасдиқ гардида, ба тамоми мактабҳо китобҳои дарсӣ дастрас карда шуд. Ҳоло дар мактабҳои ҳамагонӣ омӯзгороне, ки муассисаҳои таълими олиро аз рӯйи ихтисосҳои «Таълими ибтидоӣ», «Таърих» (аз рӯйи мамлакатҳо ва минтақаҳо), «Методикаи бозомӯзии таърих», «Филология ва бозомӯзии забонҳо: забони ӯзбекӣ», «Забон ва адабиёти ӯзбек», «Ғояи миллӣ, асосҳои маънавият ва таълими ҳуқуқ», «Педагогика ва психология», «Диншиносӣ ва исломшиносӣ (таърихи Ислом ва манбаъшиносӣ», «Психология (сотсиопсихологияи дин)»-ро хатм кардаанд, ба донишомӯзон аз фанни «Тарбия» таълим медиҳанд.
То ҳол омӯзгорони як қатор мактабҳое, ки таълим ба забони русӣ, тоҷикӣ, қазоқӣ, туркманӣ ва дигар аст, ба мо аз рӯйи ин масъала муроҷиат карданд ва мо асосҳои қонунии корро фаҳмонидем. Бо вуҷуди ин, дар аксар мактабҳое, ки муаллимони хатмкардаи ихтисосҳои зикршуда нестанд ё ҳастанду соати кофии дарсӣ доранд, дарси «Тарбия» ба дигар омӯзгорон вогузор карда шудааст.
Ғайр аз ин, мо бо дарназардошти муроҷиат ва пешниҳоди шаҳрвандон аз рӯйи ворид кардани тағйироту иловаҳо ба қарори Девони Вазирон таклифҳои худро таҳия менамоем. Бояд гуфт, ки пас аз ворид намудани тағйироти дахлдор ба ин ҳуҷҷати меъёрӣ хатмкардагони факултаҳои филологии тоҷикӣ, русӣ, қазоқӣ, қирғизӣ ва дигар забонҳо низ метавонанд бе ягон мушкилӣ аз фанни «Тарбия» дарс диҳанд.
Фаридун ЙӮЛДОШЕВ,
мухбири «Овози тоҷик».