АЗ ФАРОВОНӢ ДИЛҲО ПУРНУР

Ба пешвози 33-юмин солгарди истиқлолият

Имрӯз дар саросари кишварамон барои пешвоз гирифтани 33-юмин солгарди истиқлолияти мамлакатамон чорабиниҳои маданӣ-маърифатӣ  баргузор мегардад. 
Дар ноҳияи Намангон 53 ҷамоати шаҳрвандони маҳалла мавҷуд аст. Шамсикӯл ягона маҳаллаест, ки қисми асосии аҳолиашро тоҷикон ташкил мекунад. Дар ин ҷо намояндагони миллатҳои дигар, аз ҷумла ӯзбек, рус, тотор, қазоқ ва қирғиз ҳамчун фарзандони як оила аҳлу тифоқ истиқомат мекунанд. 
– Бошандагони маҳалла, ки қариб 3,5 ҳазор нафаранд, асосан бо деҳқонӣ, чорводорӣ, ҳунармандӣ ва соҳибкорӣ машғуланд, – мегӯяд раиси маҳалла Абдуҷалил Ҷамолов. – Пештар мувофиқи Барномаи давлатии «Қишлоқи обод » ҳудуди маҳалла, аз ҷумла мактаби таълими ҳамагонии рақами 10-ум ва муассисаи таълими томактабии рақами 19-ум пурра аз таъмир баромада буд. 
Кӯчаҳои марказиву дарунии маҳалла мумфарш гардида, ба ҷои сутунҳои чӯбин симчӯбҳои нав монданд, трансформаторҳои кӯҳнаро ба наваш иваз намуда, хати нави барқ кашиданд ва таъминоти аҳолӣ бо барқ беҳтар гардид.
Дар маҳалла ҳунармандону соҳибкорон бисёранд. Маҳсулоти дастии ҳунармандон Сайёра Усмонова, Нигора Холмирзоева, дӯзанда ва гулсози моҳир Гулчеҳра Маҳмудова ба ҳамдеҳагон писанд меояд. Бо саъй ва ҳаракати соҳибкор Зайнобулло Қосимов, ки аз ҳисоби худ якчанд бинои замонавӣ сохтааст, намуди маҳалла боз ҳам ободу хушрӯй гардид. 
Барои гузаронидани чорабиние, ки ба истиқболи 33-юмин солгарди истиқлоли кишварамон таҳти « Бо ваҳдат – мо халқи ягона, муттаҳид бошем — Ватан ҳастем!» тайёрӣ дида истодаем. Дар тадбир намояндагони миллатҳои гуногун  намоиши якчанд намуди маҳсулоти ҳунармандӣ ва таомҳои миллиашонро пешкаш мекунанд. Аз тарафи ҳаваскорон ва мактаббачагон дастури бадеӣ намоиш дода мешавад. 
Дар арафаи иди истиқлолият дар кӯчаву канори деҳа ва қабристоне, ки дар ҳудуди маҳалла ҷойгир шудааст, ҳашари умумихалқӣ гузаронида шуд.  

 


АРМУҒОНИ ИДОНА БА ИДИ ИСТИҚЛОЛ 
Дар арафаи иди истиқлолият дар маҳаллаи Юқории ноҳияи Чуст поликлиникаи 49-ум фаолияти худро сар кард. 
Солҳои охир барои мустаҳкамсозии базаи моддиву техникии соҳаи тиббӣ аз ҷониби роҳбарияти ноҳияву вилоят эътибори дучанд дода мешавад. 
Ба бинои дуошёнае, ки аз тарафи бинокорони корхонаи «Газ таъмир пардоз» аз нав таъмир карда шуд, дар асоси «Барномаи инвеститсия» 2 млрд. 617 млн. сӯм маблағ сарф шуд.
Шифокорон барои  муҳофизати саломатии аҳолии деҳаи Ғаво, ки зиёда аз 16 ҳазоранд, масъуланд ва дар як рӯз ба қариб 100 нафар хидмати тиббӣ мерасонанд. 
Маҷмӯаи тиббӣ бо асбобу анҷомҳои замонавӣ ҷиҳозонида  шудааст. 
Дар маросими кушодашавии поликлиника ҳокими вилоят Шавкат Абдураззоқов иштирок карда, ҳозиронро бо иди мустақилӣ ва бинои нав табрик намуд. 

Шоҳида ДАМИНОВА, 
мухбири «Овози тоҷик» 
дар вилояти Намангон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: