АЗ ФАРШ ТО АРШИ ҲУНАР

Далер Назар.

Далер Назар. Имрӯз  алоқамандони ҳунари овозхонии эстрадӣ дар  Осиёи Марказӣ, Русия, Эрону Афғонистон ва қисман Аврупо бо ин ном каму беш ошноянд. Хусусан, ӯ дар байни мухлисони қазоқистониаш, ки бо ҳукми тақдир чанд сол он ҷо ба сар бурда буд, маҳбубияти бештар дорад. Ҷавонон сурудҳояшро, аз қабили “Чак-чаки борони баҳор”, “Некӣ бимонад ҷовидон”, “Агар он турки шерозӣ...” замзама мекунанд, овозхонони ҷавон дар тақлиди ӯ месароянд.  Метавон гуфт, ки дар ин бахши ҳунар – мусиқии поп ва овозхонии эстрадӣ  аз хунёгарони соҳибмактаб аст.
Мисли роҳи бисёр ситораҳои ҳунар роҳи тайкардаи Далер низ ҳамвор набуд.
Баъди хатми мактаби миёнаи таҳсилоти ҳамагонӣ дар Душанбешаҳр ба омӯзишгоҳи мусиқӣ дохил шуд. Вале омӯзишро то ба охир нарасонда ин даргоҳро тарк гуфт. Таҳсилро дар факултаи филологияи руси Донишкадаи давлатии омӯзгории Тоҷикистон (он вақт ба номи Тарас Шевченко) идома дод. 
Тӯли таҳсил Далер мехост ҳамеша дар дунёи худ бимонад, ба дунболи орзуҳояш  равад. Аз овони наврасӣ озодандеш буд. Бо вуҷуди он ки омӯзишгоҳи мусиқиро тарк карда буд, бе созу мусиқӣ наметавонист ба сар барад. Дар гӯшаҳои танҳоӣ гитор менавохт ва беҳтарин сурудҳои халқиеро, ки ба дилаш наздик буданд, замазама мекард... Дертар дар роҳи ҳунар шарикону ҳамназаронеро пайдо кард. Овозхон дар як суҳбат аз рӯзгори пуштисаргузоштааш чунин ёд кардааст:
– Мо бо шарикон дар таҳхонаҳои биноҳои баландошёна ба кор шурӯъ намудем. Бо одамон забон меёфтем. Ин кор осон набуд. Вале кӯшиш мекардем, ки ороми бошандагонро халалдор насозем.   
Ишқ ба санъат соли 1979  ба таъсиси гурӯҳи “Далер” сабаб шуд. Сабки тозаи “Далер” бо мурури вақт ба дили алоқамандони ҳунар роҳ пайдо мекард. Мурғи савту сурудаш аз таҳхонаҳо ба фазои кушоди дилҳо пару бол мекушод. Ба оҳистагӣ садои ин мурғи хушилҳон  аз ҳудуди Тоҷикистон  берун рафт. Мардум, сарфи назар аз қавму нажоду ҷинс, ба савту садои ӯ дил бастанд...
Овозхон бар он аст, ки дили инсон, хоссатан дили аҳли ҳунар,  сарҳаднопазир аст. Якпорчагии замину зиндагиро мехоҳад. Инсонҳо ба ҳар васила ба якдигар қаробат меҷӯянд, зеро ба меҳр ниёз доранд. Савту суруд ҳамин чизро ба онҳо медиҳад, дасту дилашонро ба зиндагӣ гарм месозад.
Имрӯз санъатшиносон ва ҳамкасбони берунмарзии шаҳаншоҳи ҳунари эстрадии тоҷик эътироф менамоянд, ки ӯ овозхони нотакрор аст, дар ин бахш сабку мактаби худро дорад.
Ҳунарпеша ба дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек назари нек дорад. Аз нигоҳи ӯ бо қатъияти сарони ду давлат боз гардидани  гузаргоҳҳо ҳодисаи бузург ва деринтизор буд. 
– Як муддат робитаҳои илмиву адабӣ ва ҳунарии мо қатъ гирдиданд,  – изҳор доштааст дар яке аз мусоҳибаҳояш ҳунарпеша. – Ва ин ҷудоӣ собит намуд, ки мо бе ҳам буда наметавонем...
Аз муколамаҳои зиёдаш бо журналистон ва алоқамандони ҳунари овозхонӣ дарёфтам, ки ӯ инсони хушбин аст,  бечоранолиро дӯст намедорад. Саъй менамояд, ки гиреҳи зиндагияшро худ кушояд. Шояд ин аз таҷрибаи рӯзгор аст, ё ба умқи сатрҳои зерини Иқболи Лоҳурӣ рафтааст, ки фармуда:
Гила аз сахтии айём бигзор,
Ки сахтӣ нокашида камиёр аст.
Намебинӣ, ки оби ҷӯйборон,
Чу рӯйи санг афтад хушгувор аст.
Вақте бо зиндагиномаи овозхон шинос шудам, аз ҷумла омадааст: “Далер Назаров, сарфи назар аз он, ки ӯро дар Тоҷикистон ва берун аз он ба сифати як ҳунарпешаи мумтоз мешиносанд,  бо мукофоти олие сарафроз гардонда нашудааст. Ҳамчунин унвоне надорад.  Танҳо барои беҳтарин мусиқиҳои барои филмҳо офаридааш сазовори мукофоти «Ника» гардидааст. 
Ӯ худ ин ҳолатро чунин шарҳ  медиҳад: “Боре, вақте дар ин хусус сухан ба миён омад, ман гуфтам: мусиқӣ барои ман на шуғл, балки зиндагӣ, муҳаббат ва фароғ аст. Чаро бояд ба ивази чизе, ки  бо қаноатмандӣ анҷом медиҳам ва мояи дилхушиям аст,  мукофот гирам. Ман бо мусиқӣ нафас мекашам. Ин мисли он аст, ки барои нафаскашиат чизе бидиҳанд...»
Ба наздикӣ дар қасри “Дӯстии халқҳо”-и  пойтахти кишварамон консерти пуршукӯҳи  Далер Назаров  баргузор гардид. Толори қасри муҳташам аз мухлисони ҳунарпеша пур буд.  
Дар он консерт сафири томулихтиёри Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода ҳангоми муаррифии ҳунарпеша, аз ҷумла, гуфт:
– Ситораи  эстрадаи тоҷик Далер Назар аз ҳунарпешагонест, ки дар Тоҷикистон ва берун аз он шуҳрати густарда дорад. Метавон гуфт, ки аз овозхонҳои сатҳи ҷаҳонист...
Ҳунарпеша ин гуфтаи сафирро дар рафти ҳунарнамоӣ собит намуд. Хеле аҷиб буд: овозхон зери cадои созҳои зарбиву нафасӣ нолаҳои фалакӣ дошт, ба Шашмақом ва сурудҳои халқӣ руҷӯъ мекард, якҷо бо гурӯҳи худ ба рақси самоъ мерафт: “Ё ҳу, ё ҳа...” Бо ӯву гурӯҳи ӯ аҳли толор  ширин-ширин мерақсид...
Аз репертуараш шеърҳои қофиласолори адабиёти классикии тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Ҷалолуддини Балхии Румӣ, Умари Хайём, Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир..., ки ба онҳо оҳангҳои ҷаззоб бастааст, ҷой гирифта буданд. 
Далер бад-ин сон,  аз оғоз то анҷоми консерт Шарқро бо Ғарб ва Шимолро бо Ҷануб даромехт, бо садои дилнишинаш аҳли толорро сеҳру ҷоду кард.  Ғазалу рубоӣ ва маснавиро бо мусиқии поп созиш додан кори на ҳар  ҳунарпеша аст. Дар рафти консерт ба созҳои зарбиву нафасӣ ҷӯр кардани садои наю қӯшнай ва дигар созҳои миллӣ аз тозакориҳои Далер буданд.
Фикр мекунам, шоми дӯстие, ки овозхон ва оҳангсози номии тоҷик бо ҳузураш ба он шукӯҳи тоза бахшид, ба он маънӣ, ки мухлисонаш то субҳ мехостанд бо ӯву сурудҳои ҷаззобаш бимонанд, кӯтоҳтарин буд. Ситораи осмони ҳунар  бо умеди дидорҳои баъдӣ  ба консерт ҳусни анҷом бахшид.

А. СУБҲОНОВ, 
хабарнигори 
“Овози тоҷик”.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: