АЗ ФАРШ ТО... ГИРЕБОНИ ДЕВОР...

Гаҷкорӣ яке аз ҳунарҳои қадимаи мардумӣ буда, дар замони мо эҳёю гул-гулшукуфии он мушоҳида мегардад.

Гаҷкорӣ яке аз ҳунарҳои қадимаи мардумӣ буда, дар замони мо эҳёю гул-гулшукуфии он мушоҳида  мегардад. Садҳо нафар устоҳои  халқӣ ин  ҳунари бостониро  сайқал дода, ба дараҷаи  санъат  мерасонанд. Имрӯз  дар гӯшаю канори  диёрамон  қасру кӯшкҳо,  иншооти  меъморию маданӣ, маҷмӯъҳои  варзиширо, ки бо қиёфаи муҳташамашон ҳусни шаҳру деҳотамонро ҳусни дигар бахшида истодаанд, инчунин иморатҳои навсохту тоза таъмир гардидаамонро бе амали устоҳои  гаҷкор тасаввур карда наметавонем. 
Аз дару девори Бухоро, ғайр аз бӯйи ҳавои тоза ва  сояи рангини нақши румӣ  изораҳои  бетакрори қадимаро низ мебинем, ки ин боиси ҳусни таваҷҷӯҳи ҳар бинанда мегардад. Аз асри панҷ сар карда то ин замон шифту катибаю изораҳои  деворҳои Бухоро  аз нақшу нигори  бетакрори гулкорию райҳонӣ  чӣ қадар дунёи пурҷило дорад. Баъд аз сари Ширини Мурод, ки устои чӯбкору гаҷкор буд, санъати  бетакрори ӯ ҳанӯз назир надорад. Агар ба мавзеъи Моҳи Хоса  равем – хоҳ музейи санъат  ва хоҳ кадом як  ҳавлии базеби  Бухоро – албатта  аз деворҳои  пургули  ин ҷо нақшҳои абадзиндаи  усто Ширин Муродовро  дарёфт мекунем. Имрӯз дар Бухоро дар роҳи санъати наққошию  гаҷкорию кофтагарӣ  як гурӯҳ шогирдони усто Ширини Мурод  ба майдон омадааст, ки аз санъати  бетакрори онҳо дилҳо пурнур мегардад.  Яке аз чунин устоҳои  гулдаст Алишер Ғоибов мебошад, ки санъати гаҷкориро  аз синфи мактабӣ омӯхтааст. Пас аз устодони  ин ҳунар ба вай сирру асрори   гаҷкориро дар Донишгоҳи ҳунар боз  муфассал меомӯзонанд. Имрӯз  Алишер дар назари  дӯст-доштагони  санъати гаҷкорӣ  як устои мукаммал ба назар  мерасад. Нақшҳое, ки ӯ  бо гаҷ ба ҷойи шарафа, намоён, изора ва аракиҳо банду баст кардааст, дар назари бинанда олами навъи чорчаманро ҷилва медиҳад. Дар ҳунари ӯ нақшҳои турунҷ,  гулнори  баргак, муғҷа, гулкоса ба назар мерасанд. Ба ин нақшҳо чӣ қадар назар афканед, аз ҳуснаш сер намешавед. Ӯ ба нақшҳои гул  нақши румӣ  ва нозукиҳои  ироқиро илова карда, ҳассосияти рагу пайванду таппиши дилро ба мақоми боло бурдааст.  Ба болои нақши румию ироқӣ шакли  гулу муғҷаро додааст, ки ин маҳорати зиёд талаб мекунад, ки Алишер Ғоибов  онро ба дараҷаи олӣ иҷро намудааст. Агар аз изораҳои гуногуни нақшҳои ӯ сухан ронем, устоҳои гаҷкори  пешина   девори хонаро ба се қисм тақсим мекардаанд, ки ороиш диҳанд. Аз фарш  то миёнбанди девор, аз миёнбанд  то гиребони  девор, аз гиребон то шифти хона. Ҳамин нақше, ки  аз фарш то миёнбанди девор кашида мешавад, нақши  изорагӣ  мегӯянд. Алишер аз ҳамаи имкониятҳои  гаҷкорӣ  пурраву мукаммал истифода бурда, чунин изораҳо офаридааст, ки ҳайрати одамро  меафзоёнад.  Ӯ дӯстдорандаи нақши турунҷ  мебошад. Турунҷҳои он аз рангҳои гуногун иборат мебошад. Рангҳои чор фасл  ба як меъёр  тобишҳои гуногун дорад. Аммо ӯ бо ин қонеъ намегардад, ҳаракат мекунад беш аз пеш нақшҳои навро эҷод кунад.
 
Беҳрӯзи ДАВЛАТ,
вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: