«... АЗ ГУФТАИ НОХУБ НИГАҲ ДОР ЗАБОНРО»

Забон дар пешрафти инсону ҷамъият нақши муҳим дорад.

Забон дар пешрафти инсону ҷамъият нақши муҳим дорад. Аз ин ҷост, ки бисёр адибон, равшанфикрон, мутафаккирони гузаштаву имрӯза ба забон, мавқеи он дар ҷамъият ва суду зиёни он аҳамият дода, суханони ҳикматнок ба ёдгор гузоштанд. 
Саъдии ширинкалом суханро инъикоскунандаи ҷавҳари инсон қаламдод кардааст:
То мард сухан нагуфта бошад, 
Айбу ҳунараш нуҳуфта бошад.
Яъне, фазлу дониши инсон ва хислати ӯ дар гуфтор ва нутқи ӯ таҷассум меёбад. Маҳз ба туфайли нутқ айбу ҳунар, фазлу камоли одам аён мегардад. Аз ин рӯ, бояд ҳар як шахси солимақл нахуст андеша кунад, суду зиёни суханро дар тарозуи хирад баркашида, сипас ҳарф занад. Сухани бамавқеъ ва асил инсонро сарбаланду шуҳратёр, вале сухани беҷо, беҳудаю бемаънӣ шахсро беҳурмату беиззат мегардонад. Носири Хусрав чунин панде дорад:
Хоҳӣ, ки наёрӣ ба сӯйи хеш зиёнро,
Аз гуфтаи нохуб нигаҳ дор забонро.
Инсон тавассути ду неъмати олӣ – шуур ва забон аз дигар мавҷудоти олам фарқ мекунад, ки дар ин бора Саъдӣ дар қитъаи дигараш фармудааст:
Ба нутқ асту ақл одамизода фош,
Чу тӯтӣ сухангӯи нодон мабош.
Пургӯӣ ва беҳуда сухан гуфтан қимати инсонро мекоҳад. Ба қавли Фирдавсии бузург:
Чу гуфтори беҳуда бисёр гашт,
Сухангӯй дар анҷуман хор гашт.
Ҷалолиддини Балхии Румӣ таъкид менамояд, ки як сухани беҷо олам (ҷамъият)-еро вайрон мекунад:
Оламеро як сухан вайрон кунад, 
Рӯбаҳони зиндаро шерон кунад.
Сад афсӯс, дар байни мо нафароне ҳастанд, ки ба ҷойи суханҳои бамаънию бамаврид суханҳои талху бемазаро истифода мебаранд. Мардоне ҳастанд худро сарвари оила ҳисобида, гӯё ҳуқуқи оиладорӣ куллан дар дасти онҳо бошад, зану фарзандашонро бо суханҳои таҳқиромез «ҷазо» медиҳанд.
Ҳар субҳ аз шафати мактаб гузашта ба коргоҳ мешитобам. Ба хонандагони хурду калони мактаб, ки аз дарвоза даро-баро мекунанд, эътибор медиҳам. Духтараку писараконе ҳастанд, ки ба ҳам суханони хуб мегӯянд ва даст ба пеш гузошта ба калонсолон «ассалому алейкум» мегӯянд. Инро шунида кас хушнуд мегардад ва ба падару модарашон раҳмат мефиристад. Аммо бачаҳое ҳастанд, ки калонсолонро нодида гирифта, тела дода мегузаранд. Онҳо ҳангоми суҳбат ба якдигар суханҳои ноҷояро истифода мебаранд, ки табъи шунаванда хира мегардад ва беихтиёр, волидон ва муаллими ҳамон бачаро пеши назар меоварад, ки барояш одоби муоширатро наомӯхтаанд. Ҳатто баъзе бачаҳои якуму дуюмхонак байни ҳар як сухани худ ибораҳои беҳудаи гӯшхарошро истифода мебаранд. На танҳо омӯзгори забон ва адабиёт, балки муаллимони дигар фанҳо низ  оиди тартибу интизом, ҳурмати калонсолон, одоби сухангӯӣ, муносибати ҳамдигар бояд  5-10 дақиқа ба хонанда сабақ диҳанд. Носири Хусрав фармудааст:
Ба нармӣ гар сухан ронӣ ҳамерон,
Ки аз тезӣ ба ранҷ ояд дилу ҷон.
Макун фаҳшу дурӯғу ҳазл пеша,
Мазан бар пойи худ зинҳор теша...
Мо ин ҷо ҳамагӣ чанд байти шоирони классики форс-тоҷикро доир ба одоби сухангӯӣ ва суду зиёни он овардем. Ин гуна байтҳои обдор дар хазинаи адабиёти беш аз ҳазорсолаи мо фаровонанд. Омӯзгорон дар соатҳои тарбиявӣ аз онҳо метавонанд истифода баранд. Сабаби таъсирнокии чунин байтҳо дар он аст, ки ҳамаашон дар асоси ҳадис ва оятҳои Қуръон гуфта шудаанд ва бешубҳа, дар камолоти маънавии ҷавонон нақши муҳим доранд.

Саодат РӮЗИЕВА.      
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: