АЗ ХАТКАШОНӢ ТО РОҲБАРӢ

Тахминан яке аз рӯзҳои соли 1964 буд.

Муқим Бақоев занг зада маро ба хӯроки нисфирӯзӣ таклиф кард. Ҳамон рӯз дар яке аз ошхонаҳои барҳаво бо Муқим Бақоев тановул кардем. Муқимака бо хурсандӣ гуфт, ки дар оилаи ӯ меҳмони нав ба дунё омадааст, ба ӯ Гулчеҳра ном гузоштаанд. Мо сиҳат-саломат, боақлу доно, соҳибҷамол ва меҳрубони падару модар ба воя расидани Гулчеҳраи хурдакакро таманно намуда ният кардем, ки монанди мо соҳиби қалам гардад...
Муқим Бақоев фарзанди шаҳри Самарқанд буда, дар тӯли солҳои 1955-1962 ба сифати ҳуқуқшиноси соҳибтаҷриба дар таъмини осоиштагии аҳолии вилояти Самарқанд, бахусус шаҳр ва ноҳияи Каттақӯрғон хидмати беназир нишон дода, ба туфайли ҳушёрӣ, зиракӣ ва чашмикордониаш меҳру муҳаббати мардум ба ӯ хеле зиёд аст.
Муқим Бақоев соли 1961 факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии ба номи Алишер Навоии Самарқандро хатм кардааст ва ман аз ҳамон дам ӯро мешиносам. Чунки ҳамон вақт мақола, очерк ва лавҳаҳои ману ӯ доир ба ҳаёт, фаъолият ва меҳнати инсонҳои фидоии мардуми тоҷик, ки дар ҷабҳаҳои мухталиф кор мекарданд, дар саҳифаҳои рӯзномаи ҳамонвақтаи «Ӯзбекистони сурх» («Овози тоҷик») мунтазам чоп мегардиданд.
Рӯзҳову моҳҳо гузаштанд, Гулчеҳра ба воя расид. Падару модараш ӯро ба мактаби миёнаи рақами 10-уми шаҳри куҳна, ки ба хонаашон наздик буд, ба дасти директори мактаб Галия Зоитова супурданд. Гулчеҳра аз рӯзҳои аввали таҳсил дар мактаб аълохон ва пешқадам буд. 
Ӯ соли 1982 мактаби миёнаро хатм кард ва дертар дар шуъбаи алоқаи шаҳри Каттақӯрғон дар вазифаи хаткашон ба кор мепардозад.
Роҳбарият пухтакор ва меҳнатдӯстии духтаракро ба назар гирифта, ӯро ба шуъбаи операторӣ ва дертар ба шуъбаи алоқаи рақами 3-юми истгоҳи роҳи оҳани шаҳри Каттақӯрғон  роҳбар таъин мекунад. Роҳбарӣ кардан ба як корхонаи мустақил кори осон набуд, аз Гулчеҳра сабр, масъулият ва бовариро талаб мекард.
– Баҳри пухта омӯхтани касб, дар муддати кӯтоҳ ба ҳурмату эътибори мардум ноил гаштанам ҳиссаи роҳбарони почта Валентина Горбунова, Раиса Окаева, Раъно Ҷалилова, Дилором Тоирова ва дертар Шуҳрат Ҳакимов калон аст. Ман аз онҳо як умр миннатдор ҳастам, – мегӯяд Гулчеҳра Бақоева.
Ҳангоми таваллуди Гулчеҳра ният карда будем, ки ӯ журналист шавад, аммо ӯ журналист нашуда бошад ҳам, ба соҳаи хабарнигорӣ наздик – касби ходими алоқаро интихоб намуд. Рӯзномаю маҷаллаҳоро, ки дар онҳо заҳмати журналист дарҷ ёфтааст, бо ташаббуси ӯ саривақт ва бетаъхир ба мардум мерасанд. Мавсими обуна ба нашрияҳои даврӣ ӯ боз ҳам серкор мегардад ва ҳаракат мекунад, ки ба аҳолӣ дар паҳншавии воситаҳои зиёбахш саҳм гузорад.

Ғайрат ШУКУРОВ,
журналисти собиқадор.  

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: