Бехатарии маҳсулоти хурокворӣ, муттасил таъмин кардани аҳолӣ бо маҳсулоти босифату кафолатдори кишоварзӣ аз ҷумлаи масъалаҳои муҳим ба шумор мераванд.
Содироти мунтазами маҳсулоти хоҷагии қишлоқ ба бозорҳои дохидӣ ва хориҷӣ дар ҷабҳаи аграрӣ тезондани ислоҳотро тақозо мекунад.
Ҳоли ҳозир хоҷагиҳои гармхонавӣ бобати тамоми сол таъмин сохтани бозорҳо бо маҳсулоти кишоварзӣ нақши муҳим мебозанд, барои ҳамин ҳам ба самти мазкур эътибори махсус дода мешавад. Қарори Президент «Дар бораи чораҳои иловагӣ бинобар баланд бардоштани самаранокии фаъолияти хоҷагиҳои гармхонавӣ» аз 2 ноябри соли равон барои ба дараҷаи нав бардоштани корҳо дар самти мазкур аҳамияти махсус касб менамояд.
Хабарнигори ӮзА бо директори ганералӣ оид ба рушди боғдорӣ ва хоҷагии гармхонавӣ Ҳусниддин Каримов дар бораи аҳамият ва моҳияти қарори мазкур, ҳамчунин вазифаҳое, ки дар он муайян шудаанд, суҳбат кард.
– Аҳамият ва моҳияти муҳими чорабиниҳое, ки дар қарори Президент аз 2 ноябри соли равон мушаххас шудаанд, аз чиҳо иборатанд?
– Зиёд кардани истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ, ҳаллу фасли мушкилоте, ки фермерон ва деҳқонон бо онҳо рӯ ба рӯ мешаванд, кумакрасонӣ ба онҳо ба самтҳои бартариноки сиёсати давлатӣ табдил ёфтанд. Ин, албатта, бесабаб нест. Мувофиқи таҳлилҳо 25 намуди молҳои хӯрокворие, ки ба бозорҳои дохилӣ пешниҳод мешаванд, аз воридот вобастаанд. Чунончи, 20-25 фоизи талаботи ҳарсола ба 3 миллиону 400 ҳазор тонна картошка аз ҳисоби воридот сарпӯш карда мешавад. Талаботи солонаи мо ба равғани рустанӣ 515 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад, ки 46 фоизи он аз хориҷа ворид мегардад.
Барои он ки кашондани маҳсулоти хӯроквориро коҳиш диҳем, бояд истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро зиёд кунем. Дар ин бобат аҳамият ва нақши хоҷагиҳои гармхонавӣ баланд аст. Ҳоли ҳозир майдони умумии 3000 гармхонаҳои кишвари мо 6 ҳазору 300 гектарро ташкил медиҳад. Он санад боиси эътибор мебошад, ки 4 ҳазору 300 гектари онҳо панҷ соли охир ташкил ёфтанд ва ин нишондиҳанда сол аз сол меафзояд.
Мувофиқи қарори мазкур дастгирии субъектҳои хоҷагиҳои гармхонавӣ, фароҳам овардани шароитҳои мусоидтар барои аз ҷиҳати иқтисодӣ самарабахш кор кардани онҳо, ҳамчунин рағбатноксозии иловагии афзудани даромади аҳолӣ, ки дар ин соҳа кор мекунанд, пешбинӣ мегардад. Бинобар ҳуҷҷати мазкур муҳлати умумии пардохти даврони имтиёзноки вомҳо 14 сол ва аз 3 сол то ба 5 сол тамдид додани онҳо, ки аз ҳисоби маблағи идораҳои байналхалқии молиявӣ, бунёдҳои мақсаднок, бунёди таҷдид ва рушд бо асъори миллӣ ва хориҷӣ барои хоҷагиҳои гармхонавӣ ва анборҳои сард ҷудо карда шудаанд, пешбинӣ гардидааст.
Шарти сарпур сохтани вомҳои ҷудогардида ба шароити ҷамъоварӣ ва фурӯши ҳосили гармхонаҳо мувофиқ карда шудааст. Тамдид додани муҳлат пас аз ҷамъоварӣ, фурӯши ҳосил ва гирифтани даромад имконияти хуб барои фермерон мебошад.
Баробари ин ба хоҷагиҳои гармхонавӣ дар давраи аз 1 октябри соли 2022 то 1 апрели соли 2023 ба тартиби мустасно миқдори қарз бинобар сари вақт напардохтани музди гази табиӣ илова карда намешавад.
Умуман тамоми чораҳое, ки дар ин қарор пешбинӣ шудаанд, ба дастгирии ҳамаҷонибаи хоҷагиҳои гармхонавӣ, фароҳам овардани шароит баҳри фаъолияти озоди онҳо хидмат мекунанд. Ба шарофати он аҳолӣ бо маҳсулоти босифати хӯрокворӣ таъмин карда мешавад, даромадҳои иловагии ӯ меафзояд.
– Дар қарор аз ҷониби бонкҳои тиҷоратӣ ҷудо кардани вомҳо барои хариди тухмӣ, ниҳолҳо, нуриҳо, воситаҳои кимиёвӣ, маводи зарурии гармхонаҳо ва гармкунии онҳо низ пешбинӣ шудаанд. Дар ин маврид талабот ба шартҳои ҷудо кардани маблағҳои вомӣ чӣ гунаанд?
– Барои бо воситаҳои коркард таъмин сохтани хоҷагиҳои гармхонавӣ аз ҷониби бонкҳои тиҷоратӣ ба муҳлати як сол, аз ҷумла даври шашмоҳаи имтиёзнок вомҳо ҷудо карда мешаванд. Ин вомҳо мувофиқи тартибе, ки дар қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 6 октябри соли 2022-юм муқаррар гардидааст, ҷудо карда хоҳанд шуд.
Яъне вомҳо барои парвариши зироати кишоварзӣ дар ҳаҷми то 150 миллион сӯм бидуни қарз ҷудо мегарданд. Пардохти фоизӣ бинобар вомҳо дар ҳаҷми 14 фоизи солона, вомҳо ба муҳлати 12 моҳ бо давраи имтиёзноки то шашмоҳа ҷудо карда мешаванд. Як қисми то 50 фоиз аз миқдори ҷудокардашудаи маблағҳои вомӣ мувофиқи дархости қарзҳо нақд пешниҳод карда мешавад. Маблағи Бунёди рушди боғдорӣ ва хоҷагии гармхонавӣ ба сифати таъминоти гаравгон бинобар вомҳои ҷудошуда қабул карда мешавад.
Вомҳои бонкӣ дар асъори хориҷӣ аз ҳисоби маблағҳои Оҷонсии пешбурди содирот барои воситаҳои муомилот, ки барои парвариши маҳсулоти содиротӣ дар хоҷагиҳои гармхонавӣ заруранд, бинобар миқдори 4 фоизи солона ҷудо карда мешавад. Дар ин маврид ба сифати таъминоти вомӣ полисҳои суғуртавии ширкати суғуртавии «Ӯзбекинвест» қабул карда мешавад, 75 фоизи хароҷот барои мукофоти суғуртавӣ, ки аз ҳисоби маблағҳои Оҷонсии пешбурди содирот сарпур карда хоҳад шуд, қабул карда мешаванд.
– Вазифаҳо бобати бо тухмӣ, ниҳолҳо, нуриҳои минералӣ ва дигар захираҳои моддӣ таъмин кардани хоҷагиҳои гармхонавӣ ва баргузор намудани чорабиниҳо барои аз онҳо харидани маҳсулоти парваришшуда мушаххас гардиданд. Ба ин муносибат аз ҷониби Оҷонсии оид ба рушди боғдорӣ ва хоҷагиҳои гармхонавӣ чӣ гуна корҳо ба нақша гирифта шудаанд?
– Механизми нави парвариши маҳсулот дар хоҷагиҳои гармхонавӣ ба бозорҳои дохиливу хориҷӣ фиристодани маҳсулоти тайёр ҷорӣ карда шуд, ки мувофиқи он Оҷонсии оид ба рушди боғдорӣ ва хоҷагии гармхонавӣ бобати ба хоҷагиҳои гармхонавӣ расонда додани тухмиҳо, ниҳолҳо, нуриҳои минералӣ ва маводи дигар, аз онҳо харидани маҳсулоти расондашуда чораҳо меандешад.
Дар ин маврид талаботе, ки пеш аз мавсими кишт ба хоҷагиҳои гармхонавии дар ҷумҳурии мо амалкунанда пешниҳод шудаанд, омӯхта хоҳад шуд. Дар асоси ин Оҷонсӣ рӯйхати захираҳои моддӣ бинобар хелҳои тухмӣ, ниҳолҳо, нуриҳои менералиро ташаккул медиҳад, хариди маҳсулотеро, ки дар гармхонаҳо мувофиқи нархҳои шартномавӣ парвариш карда шудаанд, ба роҳ мемонад. Якҷо бо Оҷонсии пешбурди содирот ба содироти маҳсулоти дар гармхонаҳо парваришшуда ва ҷустуҷӯйи бозори фурӯши онҳо кумаки амалӣ мерасонад.
Бояд эътироф кард, ки чунин низом, бешубҳа, барои фермерони мо қулаиҳои бузург фароҳам меоварад. Ғайр аз ин, он ба таъминоти муттасили бозори дохилӣ бо маҳсулот, зиёд шудани ҳаҷми содирот мусоидат мекунад.
Боз як масъалаи муҳиме, ки дар қарори Президент зикр ёфтааст, он аст, ки Оҷонсии оид ба рушди боғдорӣ ва хоҷагии гармхонавӣ ба гармхонаҳо тухмӣ, ниҳолҳо, нуриҳои минералӣ ва маводи дигарро расонда медиҳад, маҳсулотро мехарад ва ба содирот мебароварад, Оҷонсии оид ба карантин ва муҳофизати рустаниҳо бобати парвариши ниҳолҳо кумак мерасонад. Механизми мазкур ба ҳифзи маҳсулот аз зараррасонҳо ва нигоҳ доштани сифати онҳо ба дараҷаи зарурӣ, ки дар гармхонаҳо парвариш шудаанд, хидмат мекунад. Ғайр аз ин он барои муваффақ шудан ба натиҷаи пешбинигардида аҳамияти муҳим дорад.
Мусоҳиб
Муҳтарама КОМИЛОВА,
хабарнигори ӮзА.