Аз хориҷа гурӯҳи навбатии бачагони беназорат ба кишварамон баргардонида шуданд

1 сентябри соли 2024 14 нафар бачагони ӯзбекистонӣ, ки дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия дар вазъи вазнини зиндагӣ, бе нигоҳубини падару модар мондаанд, ба кишварамон баргардонида шуданд.

Дар ин бора Хидмати ахбори Агентии миллии ҳифзи иҷтимоӣ хабар додааст.

Кӯдаконро ба Тошканд оварда, ба нигоҳубини падару модар ва хешу таборашон бармегардонанд.

Бачагонро ба Тошканд оварда, ба нигоҳубини падару модар ва хешу таборашон бармегардонанд.

Ба кӯдакон ва аъзои оилаи онҳо аз ҷониби Марказҳои хидматрасонии иҷтимоии "Инсон", ки дар наздикии маҳалли зисташон қарор дорад, як қатор хидматҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла кумаки равонӣ ва ҳуқуқӣ расонида мешавад.

Агентии миллии ҳифзи иҷтимоӣ бо дастгирии Вазорати корҳои хориҷӣ бо ҳамроҳии кормандони масъули Вазорати корҳои дохилӣ барои баргардонидани кӯдакони ноболиғе, ки дар мамлакатҳои хориҷӣ бе парастории падару модар мондаанд, корҳои заруриро анҷом медиҳад.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: