АЗ ХОТИРОТИ БУЗУРГОН

Мегӯянд, ки замоне ба шӯъбаи Самарқандии Нашриёти давлатии Тоҷикистон шахсе мудир шуда омад, ки он қадар саводи казоӣ надошт ва аз майда-чуйдаи кори нашриёту таҳрири адабӣ бехабартар буд.

СУХАНИ БЕАДАБОНА, АММО...
Мегӯянд, ки замоне ба шӯъбаи Самарқандии Нашриёти давлатии Тоҷикистон шахсе мудир шуда омад, ки он қадар саводи казоӣ надошт ва аз майда-чуйдаи кори нашриёту таҳрири адабӣ бехабартар буд. Баъзан кормандони нашриёт ҳангома мекарданд, ки боре ин мудири чаласаводу камҳавсала дар ҷамъомади калоне вақти суханронӣ гуфтааст: «Азбаски то ба ҳол ба мо аз Сталинобод пул тарҷима накардаанд, додани ҳаққи таҳрири баъзе аз ходимон ба таъхир афтодааст». Он сон ки ҳамкорони мудир дар хотироташон овардаанд, дар таҳрири китобҳое, ки ба қалами ӯ мансуб буд, хатоҳои зиёде ба чашм мерасид ва ҳатто он мудири беҳавсала чизҳои дурустро нодуруст талқин мекард. Ва боз дар нахустварақи китоб “таҳрири адабии фалонӣ”-гӯён “имзои муборак”-ашро мегузошт. Инро дида ҳамкорон, ҳар яке ба таври худ табассум мекарданду мудири чаласавод бошад, аз шодӣ курта-курта гӯшт мегирифт.
Рӯзе адабиётшинос Раҳим Ҳошим баъди мутолиаи як асари таҳриркардаи он мудир назди Айнӣ мегӯяд: “Мудири мо таҳрири адабӣ накарда, балки ба таҳрир адаб кардааст”.
Аз ин суханони Раҳим Ҳошим дар лабони Устод Айнӣ табассум гул мекунад ва мегӯяд: «Ин суханат гарчанде беадабона аст, аммо нисбати ин беадаб ҳақ аст!» Ва аз чашмони ҳақбину сухансанҷии шоирона доштани шогирдаш басо шод мешавад. 
Байт: 
Чашме, ки надорад назаре, ҳалқаи дом 
аст,
Ҳар лаб, ки сухансанҷ набошад, лаби бом 
аст.
Баҳриддин ТОҶИДДИНОВ.

 

 

Чоршанбеи ДЕҲНАВӢ
БАЧАИ ЭҲТИЁТКОР
(Ҳикоя)

Шаб буд. Хоби Парвиз намебурд. Ҳамин дам дарвоза кӯфта шуд. Модараш хест, аммо Парвиз аз ӯ пештар рафта, дарвозаро кушод. Падараш будааст. Падараш аз вазни бори дар пушт дошта  печу тоб хӯрда, тез-тез нафас мекашид. 
– Кунҷора-а? –  пурсид Парвиз.
–  Хап! –  падараш худро дарун гирифт, –  дарвозаро пӯшон!
Парвиз дарвозаро пӯшонда, аз қафои падараш ба анборхона даромад.
– Аз ферма овардед-а? – боз доноӣ кард Парвиз.
– Хап! –  гуфт падараш ва боз таъкид намуд, –  боз ба касе налаққӣ!
Парвиз ваъда дод, ки дидаашро ба касе намегӯяд.
Рӯзи дигар бо бачаҳои ҳамсоя бозӣ карда пурсид, ки шаб падарашро дидаанд ё не. Онҳо надида будаанд. 
– Падарам шаб аз говхонаи хоҷагӣ кунҷора оварданд, –  гуфт Парвиз фахромез, –  як пуштораи таранг! Боз ба касе нагӯед.
Баъд, аз занҳои барои обгирӣ дар сари нӯла ҷамъомада пурсид. Онҳо низ надида будаанд. Таъин намуд, ки ба касе нагӯянд.
Духтур холканӣ омад, ба вай ҳам гуфт.
Пешинӣ пеши роҳи бачаҳои аз мактаб баргаштаистодаро гирифт ва таъкид намуд, ки касе нафаҳмад.
Бегоҳӣ, вақте ки падараш аз кор баргашт, Парвиз:
– Акнун ҳеҷ кас намегӯяд, –  гуфт болида.
– Чиро? – пурсид падараш.
– Кунҷора овардани шуморо. Ба ҳама фаҳмондам, ки ба касе нагӯянд...

Тӯҳфа – ифодагари эҳтиром     

Боре ҳамсоязан аз тӯҳфаи шавҳараш шикоят намуда гуфт, ки шавҳарам ба зодрӯзам гулдастаи тару тозаро тӯҳфа кард. Он баъди се-чор рӯз пажмурда шуд. Ба ӯ гуфтам, ки ба ҷойи гулдаста хӯрдание меовардӣ, аҳли оила аз он баҳраманд мешуд. Ё мисоли дигар. Ҷавоне низ дӯстдоштаашро бо гул табрик намуд. Дӯстдоштааш аз ин ранҷид ва муносибатро бо ӯ канд. Чунки дар зодрӯзи дугонааш дӯстдоштаи ӯ тилловорӣ ҳадя карда будааст...
Чунин мисолҳо бисёранд. Афсус, дар ҷомеа ҷавонони чизпараст, молу дунёро аз муҳаббати поку беолоиш боло гузоштагон вомехӯранд. Муҳим он аст, ки бо тӯҳфа меҳр, таваҷҷӯҳ ва дилбастагӣ тақдим гардад. Пеш аз он ки касеро бо зодрӯз ва ё ҷашни дигар шод кардан хоҳем, бояд завқу табъи ӯро ба назар гирем. Яъне, донем, ки ӯ чӣ тӯҳфае мехоҳад. Бори дигар бояд зикр кард, ки тӯҳфа ифодагари муҳаббат аст.
Ҳама аз тӯҳфа шод мегардад, ҳатто шахсоне, ки ҳама чизро доранд.
Аз ҷое хонда будам. Актрисаи ҳинд Ҳелма Малинаи куҳансол то ҳол аз дӯстон зоча ҳадя гирифтанро дӯст медоштааст. Зочаҳои ҷамъкардаашро ба хонаҳои меҳрубонӣ месупурдааст.
Ҷон Траволтаи ҳунарманд гулдон ва қадаҳҳои чинии қадимиро дӯст медоштааст. Рӯзе дӯсти ӯ дар рӯзи мавлудаш зарфи қиматбаҳои қадимиро тӯҳфа намуд. Соҳибҷашн, ки аз тӯҳфа бағоят хурсанд шуда буд, зуд онро бо ангуру себ пур карда рӯйи хон гузошт. Бостоншиносе дар зодрӯз ҳузур дошт ва соҳибҷашнро ба каноре кашида гуфт: «Зарф хеле қадимӣ, хушсохт ва зебост, аммо рӯзгоре ашрафзодагони Чин онро шабҳо барои қазои ҳоҷат истифода бурдаанд...»
Аммо барои соҳибҷашн ин аҳамият надошт, чунки тӯҳфа ба ӯ писанд омада буд.

ФАРИШТАИ САОДАТ.      

Таърихи соат 
Олимон бобати ба 24 соат тақсим кардани як шабонарӯз ҳанӯз дар асри XII ба як қарор омада буданд. Ғояи ихтирои соати зангӯладор, ки дар ҳар соат бояд як бор зангӯла занад, ҳамон вақт тавлид ёфт. Тахмин меравад бо 12 маротиба садодиҳии занги соат фарорасоии Соли нав аз ҷониби аврупоиён низ ҳамон вақт оғоз ёфтааст.
Дар нимаи аввали асри XIV дар Фаронса шоҳ Чарлз V дар манораи баланди шоҳигарӣ дар шакли доира соати деворӣ гузоштааст. Соли 1386 дар Англия низ ин гуна соат устувор гашт. Нахустин соатҳои механикӣ, ки зикр шуданд, танҳо як ақрабак нишондиҳанда доштанд. Баъдтар соати механикии нисбатан мукаммали «Маятник» ихтироъ гашт. Ихтироъгари он то ҳол номаълум. Гурӯҳе онро кашфи Леонардо да Винчи гӯянд, гурӯҳе бар онанд, ки «Маятник»-ро Галилео Галилей ихтироъ намудааст.
Дар асри XVII механики ҳуландӣ Христиан Ҳюйинг аввалин соати раққосакдорро ихтироъ кард, ки он нисбат ба соатҳои пештара вақтро дақиқтар нишон медод. Соли 1675 олими англис Томас Трампин соати боз ҳам мукаммалтар сохт. Вай маятникро бо пружина иваз кард, ки ин ба баҳрнавардон қулайӣ тавлид намуд. Охирҳои асри XIX ва аввали асри ХХ соатҳои дастӣ мавриди истифода гашт.
Ҳасанхон ОБИДҶОНОВ,
муаллим.

 


Ҳикоятҳои ибратомӯз 

АНИСИ ДИЛ
Ҷавондухтари ятиме, ки ғайр аз модараш касе надошт, шавҳар кард. Бадбахтона, шавҳараш ниҳоят марди дуруштхӯй буд ва дар ҳаққаш хеле зулму ситам мекард. На танҳо шавҳараш, ҳатто аҳли оилааш низ бо ӯ муомилаи бад мекарданд, шабу рӯз мисли хидматгор кор мефармуданд, дашному азияти зиёд мекарданд, баъзан, ҳатто мезаданд. Зани бечора аз ночорӣ ба модараш шикоят мекард, вале модараш ягона кӯмаке, ки аз дасташ меомад, ҳамроҳ гиря кардан буду халос. Ба ҳамин ҳол даҳ сол гузашт. Муносибати шавҳар ва аҳли оила бадтар шуда буд. Рӯзе модари ин зани ситамдида бемори вазнин шуд ва эҳсос кард, ки маргаш наздик аст. Зан гиря карду гуфт:
– Ягона шахсе будӣ, ки маро дилбардорӣ мекардӣ, пас аз сари ту ман чӣ кор кунам? 
Модар гуфт: 
– Агар пас аз марги ман дилат танг гардад, ба хонаам биё, ракъате чанд намоз бихон ва ҳангоми саҷда дарди дилатро ба Оллоҳ гӯй. 
Модар аз олам чашм пӯшид. Пас аз гӯру чӯби модар зан гӯё дар олам танҳо монд. Дигар касе намонда буд, ки дил холӣ кунад, аз ҳоли бадаш ҳасрат  кунад. Аз рӯи васияти модар ҳафтае як ё ду маротиба ба хонаи ӯ меомад, намоз мехонд ва ба Офаридгор рози дил мегуфт. Чун як моҳ бо ин минвол гузашт, аҳли хонавода ин равуои ӯро пай бурданд ва ба шавҳараш гуфтанд:
– Ҳамсарат ҳафтае як-ду маротиба ба хонаи модараш меравад, дар ҳоле ки он ҷо касе зиндагӣ намекунад, ғамгин меравад, вале шоду хуррам бармегардад. Ҳатман, бо касе пинҳонӣ вомехӯрад... 
Шавҳар аз ин суханон дарғазаб шуд ва қарор кард, ки ҳамсарашро ҳангоми хиёнат дастгир кунад. Рӯзе, ки ҳамсараш ба хонаи модар рафт, оҳиста аз қафояш рафт. Мебинад, ки ӯ бо тоату ибодат машғул мешавад ва саҷдаи дурудароз мекунад. Дар саҷда гиря мекунад ва мегӯяд:
– Парвардигоро, шавҳарамро ҳидоят кун. Аҳли оилаашро ҳидоят кун. Онҳо маро азият мекунанд. Парвардигоро, ба қалби шавҳарам раҳму меҳр андоз. Ман ӯро дӯст медорам, вале ӯ ба ман танҳо дарду ранҷ мерасонад. Ҳеҷ гоҳ аз ӯ сухани пурмеҳру муҳаббат нашунидаам. Ман ӯро мебахшам, Ту ҳам ӯро бубахш. 
Аз ин суханон шавҳар ба гиря оғоз кард, зуд рафта, ҳамсарашро ба оғӯш кашид, аз ӯ узр пурсид ва ваъда дод, ки дигар зулм нахоҳад кард. Ҳамон шаб зан дар хоб дид, ки шахсе мегӯяд: 
– Наздиктарин инсон бароят модарат буд, ба ӯ даҳ сол шикоят кардӣ, вале ӯ ба ту натавонист кӯмаке намояд. Ҳамагӣ як моҳ ба Офаридгор шикоят кардӣ, дуоят қабул ва мустаҷоб ва ҳолат беҳ гардид. Бидон, ки раҳмати Ӯ аз раҳми модар наздиктар аст!
Подшоҳ ва посбони пир
Подшоҳе дар як шаби сарди зимистон аз қаср берун шуд. Ҳангоми бозгашт посбони пиреро дид, ки дар ҳавои сард бо либоси тунук посбонӣ мекард. Аз ӯ пурсид: 
– Оё хунук намехӯрӣ? 
Посбон гуфт: 
– Сард аст, аммо либоси гарм надорам, маҷбурам, ки тоқат кунам.
Подшоҳ гуфт:
– Ман ҳоло дохили қаср меравам ва супориш медиҳам, ки як либоси гарм бароят биоваранд.
Посбон хушҳол шуда ба подшоҳ ташаккур гуфт. Аммо подшоҳ баробари ворид шудан ба қаср ваъдаашро фаромӯш кард. Субҳи рӯзи дигар ҷасади сармозадаи пирамардро аз ҳавлии қаср пайдо карданд, дар ҳоле ки бо ангуштонаш дар замин навишта буд: 
– Эй подшоҳ, ман ҳар шаб бо ҳамин либоси тунук сарморо таҳаммул мекардам, аммо имшаб ваъдаи ту маро аз по афтонд.
Интизорӣ аз марг бадтар аст...

Таҳияи Б. ГУЛРУХСОР.

Фолномаи Ҳофиз
Эй Ҳофизи Шерозӣ,
Ту кошифи ҳар розӣ.

«Сухани ӯ (Ҳофиз) ҳолатест, ки дар ҳавзаи тоқати башарӣ наёяд... ва аз машраби фақр чошнӣ дорад ва ӯро лисон-ул-ғайб ном кардаанд, сухани ӯ бетакаллуф аст ва содда» («Тазкираи Давлатшоҳ»). 
Ин дафъа ғазали «Рӯзгори парҳез» аз бисоти Хоҷа Ҳофиз бо шарҳи фолаш пешкаши хонандагони «Саҳифаи рӯзи истироҳат» мегардад. 
РӮЗГОРИ ПАРҲЕЗ
Агарчи бода фараҳбахшу бод гулбез аст,
Ба бонги чанг махӯр май, ки мӯҳтасиб тез аст.
Суроҳиеву ҳарифе гарат ба чанг афтад,
Ба ақл нӯш, ки айём фитнаангез аст.
Дар остини мураққаъ пиёла пинҳон кун,
Ки ҳамчу чашми суроҳӣ замона хунрез аст.
Ба оби дида бишӯем хирқаҳо аз май,
Ки мавсими варау рӯзгори парҳез аст.
Маҷӯй айши хуш аз даври вожгуни сипеҳр,
Ки софи ин сари хум ҷумла дурдиомез аст.
Сипеҳри баршуда парвезанест хунафшон,
Ки резааш сари Кисрову тоҷи Парвиз аст.
Ироқу Форс гирифтӣ ба шеъри хуш, Ҳофиз,
Биё, ки навбати Бағдоду вақти Табрез аст.
Дуруст аст, ки зоҳиран ҳама чиз бар вақфи мурод аст, вале мувозиб (эҳтиёт) бош, ки аз фурсатҳо дуруст истифода кунӣ ва коре накунӣ, ки ба зарарат тамом шавад. Дунё найрангбозу фиребкор аст ва набояд гӯли найрангҳои дунёро бихурӣ (яъне набояд фирефтаи найрангҳои дунё шавӣ). Ба зоҳири чизҳо ва афрод (одамон) бовар накун.
Таснифи Парвизи ИЗЗАТУЛЛО.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: