Солҳои охир аз тарафи сарвари давлат барои мо – ҷавонон баҳри омӯхтани илм ва касбу ҳунар ҳамаи шароит ва имкониятҳои васеъ фароҳам оварда шудааст.
Ҳар сол шумораи таълимгоҳҳои олӣ зиёд мешаванд, то ки ҷавонони мо соҳиби таълими олӣ бошанд.
Камина аз синни мактабхонӣ ба омӯзиши илм шавқи баланд доштам. Аввал дар мактаби таълими умумии рақами 3-юми шаҳри Чуст, сонитар дар литсейи академии Донишкадаи муҳандисиву сохтмони Намангон таҳсил гирифтам. Дар машғулиятҳои литсей фаъол иштирок кардам ва вақтҳои холиамро бекор нагузаронида, аз ҳамаи фанҳо тайёрӣ дидам. Ин натиҷаи дилхоҳ дод. Баъди хатми литсей ба Донишкадаи муҳандисиву сохтмони Намангон бо гранти давлат қабул шудам.
Солҳои таҳсил дар донишкада баробари дар корҳои ҷамоатӣ фаъол иштирок кардан, дар озмун ва конфронсҳо низ иштирок намудам. Соли 2000-ум озмуни «Талабаи сол»-и донишкада баргузор гардид, дар он иштирок намуда, ҷойи якумро ба даст овардам. Соли 2021 12 маротиба дар рӯзнома ва маҷаллаҳои ҷумҳурӣ ва байналхалқӣ бо мақолаҳои илмӣ иштирок карда, соҳиби сертификат гаштам. Аз фанни физика дар олимпиадаи ҷумҳурӣ муваффақиятнок иштирок кардам.
Аз ҳамаи шароит ва имкониятҳое, ки барои мо – ҷавонон пешбинӣ шудааст, бояд пурра истифода бурда, илм омӯзем ва соҳиби дониши баланд гардем. Ҳамчун ҷавонони соҳибихтисос ба воя расем ва барои равнақи мамлакатамон ҳисса гузорем.
Ҳоҷиакбар ҲАСАНОВ,
донишҷӯйи Донишкадаи муҳандисиву сохтмони Намангон,
барандаи стипендияи давлатии ба номи Берунӣ.