«АЗ ИШҚИ ТУ ТО ИШҚИ ҲАҚ»

Чунин ном дорад асари тозанашри шоири ширинкалому хушбаёни тоҷик Хоҷа (Норхоҷа Чориев), ки имрӯзҳо 50-солагии зодрӯзи хешро қайд мекунад.

Бо ҳамин муносибат дар Маркази ахбор-китобхонаи ба номи Пушкини шаҳри Самарқанд тақдимоти баёзи мазкур баргузор гардид. Дар чорабинӣ мухлисони шеърият, адибу нависандагони ҳавзаи Зарафшон, талабагони бахши тоҷикии Донишгоҳи давлатии Самарқанд, навқаламону хонандагони синфҳои болоии мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии тоҷикӣ ширкат варзиданд.
Муҳаррири рӯзномаи «Овози Самарқанд» Баҳодури Раҳмон ба тадбир ҳусни ифтитоҳ бахшида, риштаи суханро ба доктори илмҳои филологӣ, профессори Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон Аъзамҷон Азизӣ, ки ба ин маҳфил даъват шудаанд, дод. Нотиқ қайд намуд, ки замини муқаддаси Самарқанд шоирхез аст ва дар ин ҷо бисёр шоирон ба камол расидаанд. Яке аз онҳо шоир Хоҷа мебошад, ки китоби тозанашри ӯ «Аз ишқи ту то ишқи Ҳақ» ба ман писанд омад.
Инчунин эҷодкорон Нормурод Каримзода, Дилшодаи Фарҳодзод, адиби номдор Адаш Истад, раиси иттифоқи нависандагони вилояти Самарқанд Тошпулод Тугалов ва дигарон ба минбар баромада, дар бораи шоир ва асари наваш мубодилаи афкор намуданд.
– Нахустин маҷмӯаи камина «Паёме аз жарфҳои сукут» ном дошт, – гуфт соҳибҷашн ва имрӯз боз як китоби нав интишор ёфт, ки ба назарам сарҳисоб аст. Мақсадам ба давру замон ва муҳимаш, мухлисони шеърият писанди он аст.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: