АЗ КАСБАМ «ШУҲРАТ» ЁФТАМ

Мутафаккире гуфтааст, ки «агар инсон касбро нодуруст интихоб кунад, то охири умраш ҳамон касб аз ӯ қасос хоҳад гирифт».

Шукри беадад, ки ман касбро дуруст интихоб намудаам. Аслан  духтурӣ  дар хуну шарёнам аз овони кӯдакӣ вуҷуд дорад. Зеро дар хонаводаи духтурон ба дунё омадаам. Падарам – қиблагоҳам доктори илмҳои тиб, профессор, академик мебошанд. Хоҳарам Раънохон низ дотсент, бародаронам, амаку амакзодаҳоям низ аз ҳамин касби боифтихор шарафманд  шуда, дар Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд. Падарам Фозил Абдураҳмонов бо ҳамкасбони ӯзбекистониашон дӯсти қаринанд. Ман, ки аз соли 1995 дар Тошканд макону мақом ёфтаам, аз шарофати дӯстии насли калонсоли табибони ҳозиқи ӯзбеку тоҷик низ баҳраманд гаштаам. Беш аз 20 сол аст, ки дар кафедраи онкологияи Донишкадаи такмили ихтисоси духтурони Тошканд кор мекунам.
Дар зиндагӣ як ҳикматро андӯхтам, ки агар инсон дар талоши касбу кор, аз бар намудани илми фоиданок бошад, ҳатман соҳиби эҳтирому эътироф мешудааст. Ман дар Тошканд аз ҷумлаи бародарони ӯзбек ва дигар миллатҳо дӯстони зиёд ёфтам. Аслан барои духтурони тамоми дунё сарҳади миллату давлат, ё сарзамин як чизи нисбист. Мақсади ягонаи мо ба дарди дардмандон марҳам шудан, онро муолиҷа кардан аст.  
Ман дар диёри Ӯзбекистон кам нашудам. Фарзандонам ин ҷо соҳиби маълумоти олӣ шуданд, ҳамсарам Азизахон рисолаи номзадии филологиро ҳамин ҷо ҳимоя кард. Яъне ҳар яки мо аз дунболи касбу корем. Дар остонаи ҷашни бузурги истиқлолият хонаи мо аз суруру шодмонӣ боз ҳам пурнур шуд. Зеро бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Ш.Мирзиёев  ман  бо медали «Шуҳрат» сазовор дониста шудам. Дар зиндагӣ рӯзҳои нишотбахш, албатта зиёд мешаванд. Аммо ба нишони давлати ояндааш бузурги Ӯзбекистон сазовор шудан боиси ифтихори бузург аст. Ман  дар назди мардум, хусусан, ҷамоае, ки маро солҳост дастгирӣ менамояд, назди устодон қарздорам. 
Истиқлолияти Ӯзбекистон поянда бод!

Комилҷон АБДУРАҲМОНОВ,
дотсенти кафедраи онкологияи Донишкадаи такмили ихтисоси духтурони Тошканд, дорандаи медали «Шуҳрат».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: