Рӯзи якшанбеи гузашта як гурӯҳ сармоядорону тадбиркорони ҳиндустонӣ бо роҳбаладии сарвазири штати Гуҷарат Вишай Рупанӣ ба шаҳри Самарқанд ташриф фармуда, дар ҳокимияти вилоят бо ҳоким Эркинҷон Турдимов доир ба ривоҷу равнақ додани тадбиркорӣ ва сармоягузорӣ суҳбат карданд.
Ҳоким бо роҳбарони ширкатҳои бонуфузи штати Гуҷарат доир ба ислоҳоти иқтисодӣ, ки дар мамлакатамон амалӣ мешаванд, маълумот дод. Меҳмонони хориҷӣ ба маҳсулоти саноатӣ ва хоҷагии қишлоқ бо тамғаи “Сохти Ӯзбекистон” ва дар Самарқанд бунёд гардидаанду содир мешаванд, мароқ пайдо карданд. Инчунин, диққати онҳоро шароити воридоти сармояи хориҷӣ, муҳити кор ва салоҳияти иқтисодиёти вилоят ба худ кашид.
Иштирокчиёни бизнес-форум ба Донишгоҳи давлатии Самарқанд низ ташриф фармуда, бо фаъолияти факултаи байналхалқӣ, ки дар он Маркази фарҳанги Ҳиндустон вуҷуд дорад, шинос шуданд. Ректори таълимгоҳи мазкур Рустам Холмуродов доир ба ҳамкорӣ бо мактабҳои олӣ, аз ҷумла, Ҳиндустон маълумот дод.
Корчаллонҳои Ҳиндустон бо ёдгориҳои таърихии Самарқанд низ шинос шуданд.
– Бизнес-форуми мазкур далели он аст, ки дар кишвари шумо ба сиёсати кушоди иқтисодӣ аҳамияти калон дода мешавад, – гуфт Вижай Рупанӣ. – Мо шартномаҳои ҳамкорӣ бастем, ки аз онҳо ҳар ду тараф манфиатдор ҳастанд.
– Таассуроти шумо аз шаҳри Самарқанд чӣ гуна?
– Ҳиндустон барҳақ кишвари афсонавист, вале Самарқанд шаҳри афсонавӣ будааст. Маҷмӯаи Регистон, Осорхонаи Мирзо Улуғбек ва дигар ҷойҳои таърихии Самарқанд диққати моро ба худ кашид. Аз меҳмоннавозии мизбонон, хӯрокҳои хуштамъу аълосифат, нозу неъмати биҳиштӣ мо дар ҳайратем. Ғайр аз он корҳои ободонӣ ва бунёдкорӣ лоиқи таҳсин аст. Шояд аз ҳамин сабаб сайёҳони хориҷӣ хеле бисёранд.
Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.