АЗ КОРГАРӢ ТО РАҲБАРӢ

Дар ҳудуди деҳаи Дашнободи ноҳияи Сариосиё оилаи Аҳмедовҳоро нек мешиносанду эҳтиром мекунанд.

Сарвари хонадон – амаки Абдураҳмон иштирокчии Ҷанги дуюми ҷаҳон буда, як муддат дар хоҷагии ҷамоавии «Дашнобод» (солҳои 1952-1959) раисӣ ва минбаъд дар идораҳои сохтмонии ноҳия вазифаи муҳосибро адо кардааст. Завҷааш ба ҷуз корҳои рӯзгор дар хоҷагии ҷамоавии «Дашнобод» кор карда, ба шавҳари худ кумак мерасонд. Зану шавҳар бо инояти Парвардигор пасопеш соҳиби ҳашт писар шуда, онҳоро хуб тарбия  доданд ва аксарашонро соҳиби маълумоти олӣ карданд. Хоса, амаки Абдураҳмон ба хондани бачаҳо аз таҳти дил эътибор дода, қотеъона талаб мекард, ки мактабро аъло хонанд. Падар аз гирумони бачаҳои худ хушнуд гашта, орзу дошт, ки дар маърифат воло ва дар илму фарҳанг дастболо шаванд. Ҳашт писарро зодаву ба камол расондан ба бонуи хонадон – холаи Турсун ҳам осон накӯчидааст. Хеле заҳмат кашид, то онҳо ба ҳашт наҷми дурахшоне мубаддал гарданд. Аммо  ҷойгоҳи Абдукарим дигар буд. 
Аз ёди модари раҳматии худ чашмони Абдукарими ҳоло 74-сола нам мешаванд ва фавран аз гӯшаи хотир мегузаронад, ки акнун падари дуогӯи ӯ Абдураҳмони  мушкилкушои мардум низ ба дунёи боқӣ реҳлат кардааст. Симои солори падар, табассуми беолоиши модар... мудом пеши назараш ҷилвагар гашта, Абдукарими акнун худ падару соҳиби чандин наберагони навбарро ноаён ғамолуд месозанд. 
Абдукарим Аҳмедов пас аз хатми мактаби миёнаи зодгоҳаш як сол дар хоҷагии ҷамоавии «Дашнобод» кор кард, баъд ба Донишкадаи хоҷагии қишлоқи Тошканд ҳуҷҷат супорид. Ин даргоҳи маърифатро бо баҳои хубу аъло хондаву хатм намуда, аз соли 1971 ба сифати иқтисодчӣ дар хоҷагии ҷамоавии «Дашнобод» ба кор оғоз намуд. 
Абдукарим аз соли  1998 раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Сурхондарё шуд. Баъдан номи ин идораи бонуфуз тағйир ёфта, ба Шӯрои сурхондарёии Федератсияи иттифоқҳои касабаи Ӯзбекистон мубаддал гашт. Инак, 27 сол боз дар мақоми раиси ин даргоҳ кор кардаву соҳиби обрӯйи баланд гаштааст.
– Ҳоло дар тамоми шаҳру навоҳии вилоят зиёда аз 2500 ташкилоти ибтидоии иттифоқҳои касаба амал мекунанд, ки беш аз 355 000 узв доранд. Ин як неруи муқтадир буда, дар атрофи Шӯрои сурхондарёии Федератсияи иттифоқҳои касаба муттаҳид гаштааст, – мегӯяд Абдукарим Аҳмедов.
Дар замони раҳбарии ӯ корҳои шоёне амалӣ шуданд, ки дар таърихи вилоят бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳанд гашт. Аз ҷумла, бозсозӣ ва аз таъмир шудани фароғатгоҳи  бачаҳо «Хонҷиза», ки 250 ҷой дорад, аз сифр сохта шудани фароғатгоҳи дорои 250 ҷой бо номи «Бешбулоқ – Сурхон – Шеробод»,  ки дар миқёси ҷумҳурӣ беназир аст, аз нав бунёд гардидани фароғатгоҳи бачагон барои 200 ҷой дар шаҳри Тирмиз бо номи «Амударё»-ро метавон чун мисоли сареҳе қайд намуд. Дар ин фарғатгоҳҳо, ки ҳама таҷҳизоти замонавӣ доранд ва дар гӯшаҳои сабзу хуррами вилоят қомат афтохтаанд, соле ҳудуди 3000 нафар бачаҳо таътили тобистонаи худро хубу хуш мегузаронанд. Бояд таъкид кард, ки барои аҳли меҳнат ва заҳмати вилоят низ осоишгоҳҳои хуб сохта шуданд. Яке аз онҳо дар ноҳияи Тирмизи вилояти Сурхондарё ҷой дорад, ки бо номи «Марвориди Тирмиз» маъруф аст. 
– Шӯро на танҳо аз ҳуқуқи аҳли меҳнати минтақа дифоъ мекунад, балки бо нишондоди раҳбари давлат дар офаридани ҷойҳои нави кор низ саҳм мегузорад. Дар саросари вилоят барои сохта ба истифода дода шудани коргоҳҳои хурду бузург ҳиссаи арзанде мегузорад. Як қисми қишри бекори аҳолиро дар маҳалҳо бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин месозад. 
Абдукарим Аҳмедов чун раҳбари донову пухтакоре дар сохтмони Ӯзбекистони Нав саҳм мегирад. Имрӯзҳо дар Шӯрои сурхондарёӣ 36 нафар мутахассисони баландпоя ифои вазифа мекунанд ва бо  раҳбари худ  дар пешбурди корҳо мусоидат месозанд. 
Аҳмедов аз он хурсанд аст, ки бо ибтикори раҳбарони воломақоми ду кишвари ҳамсоя – Ӯзбекистон ва Тоҷикистон дар таҳкими дӯстии халқҳои минтақа қадамҳои босубот гузошта мешаванд. Шӯрои сурхондарёии федератсияи иттифоқҳои касабаи ҷумҳурӣ бо Иттиҳодияи иттифоқҳои касабаи вилояти Хатлони Тоҷикистон созишномаи ҳамкориеро ба имзо расониданд. Тибқи созишнома, ки ибтидои соли 2023 ба имзо расид, ҳайати вакилони вилояти Хатлон бо роҳбарии раиси Иттиҳодияи иттифоқҳои касабаи минтақа Абдурозиқ Шарифӣ ба вилояти Сурхондарё ташриф оварданд. Намояндагони Шӯрои сурхондарёӣ низ ба вилояти Хатлон сафар карда, бо тарзи корбарии ҳамтоёни худ аз наздик шинос гардиданд. 
– Мо хеле шодем, ки дар доираи ин созишнома ҳамкориҳоямон густариш меёбанд ва орзумандем, ки оянда ба зинаи сифатан наве хоҳанд расид, – мегӯяд Абдукарим Аҳмедов.
Барои хидматҳояш дар роҳи ободии Ватан ӯ соли 2017 ба ордени «Дӯстлик» мушарраф гардид. 
Соли 2023 барандаи унвони ифтихории «Мураббии ҷавонон» шуд. 
– Дар кишваре, ки ба қадри инсон ва меҳнати ӯ мерасанд, зиндагӣ кардан басо гуворост. Аз чунин қадрдонӣ сарам ба осмон расидаву вуҷудам аз ҳисси ифтихор лабрез гашт, – суҳбати моро хулоса кард мусоҳибам.

Шариф ХАЛИЛ, 
хабарнигори «Овози тоҷик». 

Вилояти СУРХОНДАРЁ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: