АЗ КӮЛБОРИ ДАРВЕШ

Гар нахоҳӣ , ки назар бар мани дарвеш кунӣ,

Ин тавонӣ, ки ба сад ғусса дилам реш кунӣ. 
Накунӣ гӯш ба ҷое, ки равад қиссаи ман, 
Магар он гӯш, ки бар қавли бадандеш кунӣ... 

(Авҳадии МАРОҒАӢ) 

Боре Дарвеш дар канори падари навадсола ва набераи даҳсолаи худ дами фароғат мезад. Бо қасди андешахонӣ аз ҳарду дархост, ки орзуи хешро мухтасар нависанду ба ӯ диҳанд. Нахуст, барги иншои набераро боз кард, ки навишта буд: “Кошки, ҳарчи тезтар бобом боре шаваму риши сафедама молида, таёқама дошта, тасбеҳама гардонда шинам ва набераю абераҳом аз ҳар тараф “бобоҷон” гӯён ба сару кифтам буроянду фуроянд!”. 
Дарвеш ба иншои дигар чашм давонд: “Эй Худоҷон, кош як бори дигар ба монанди ҳамин абераам писараки хурдакак мешудам! Зиндагиамро бо диду усули тоза чунон месохтам, ки армоне дар дилам намемонд!”, навишта буд падар. 
*** 
Дар ҳини дарси одоб писари аҳли Дарвеш суол кард: 
– Аз чӣ бояд эҳтиёт шуд, ки ба пойдории оила халале ворид нашавад? 
Дарвеш ангушт рӯйи пешонӣ молида гуфт: 
– Ҳамеша аз се чиз ман нигарон ҳастам: аввал ин ки хушдоману арӯс бо якдигар муросо накунанд, дуввум рашки зан, ки ба шавҳар дорад ва севвум, ҷаҳолати мард. 
*** 
Дар дили як суҳбати гарм ҳамсинфи Дарвеш аз ӯ пурсид: 
– Маро дӯст бисёр асту хеш фаровон. Чӣ кор кунам, ки ҳам дӯстам бимонаду ҳам хешам бегона нагардад? 
Дарвеш андешаманд посух дод: 
– Агар хоҳӣ, ки бо дӯстат ҳусни дӯстӣ бимонад, ба ӯ қарзи гарон надеҳ ва агар нахоҳӣ, ки хешат бегона гардад, аз қудоандагӣ бо ӯ парҳез кун. 

Таҳияи 
Юнуси ИМОМНАЗАР.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: