АЗ МАҲАЛЛАИ ОБОД, АҲОЛӢ ХУРСАНДУ ШОД

Мардуми мо дар меҳмондӯстиву меҳмоннавозӣ назир надорад. Расму ойин ва анъанаҳои мардум чунин аст.

Баланд бардоштани эътибори маҳалла танҳо масъалаи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ нест, балки он масъалаи сиёсӣ, маърифатӣ ва маънавӣ низ мебошад.
 
Шавкат МИРЗИЁЕВ.
Мардуми мо дар меҳмондӯстиву меҳмоннавозӣ назир надорад. Расму ойин ва анъанаҳои мардум чунин аст. Дар ноҳияи Бахмали вилояти Ҷиззах  як гурӯҳ журналистони маҳалливу хориҷӣ ва блогнависон маҳз ана ҳамин гуна самимона ва хуш истиқбол гирифта шуданд.
Сафари навбатии матбуотӣ таҳти унвони “Ба маҳаллаи мо низ биёед” сурат гирифт.
Аввал аз бинои наву муҷаҳҳази бахши ноҳиявии пуштбонӣ аз маҳалла ва оила боздид намудем. Дар ин ҷо даҳ нафар машғули кор буданд. Баъд моро ба маросими кушодашавии бинои наву замонавии ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи “Нурафшон” даъват карданд. 
– Шумо аввал нону намаки моро чашед, онгоҳ худро ҳаргиз бегона ҳис намекунед. Ба ин гӯшаи биҳиштосо ва мардумаш дилкушоду дилписанд ҳамаи шуморо самимона хайра мақдам мегӯям!– гуфт ҳокими ноҳия Мӯсо Анорбоев.
Як гурӯҳ мӯйсафедон ва занҳои синнашон бузург низ, ки дар ин маросим ширкат мекарданд,  ба ҳокими ноҳия пайваста аз меҳмонон истиқбол намуданд.  
– Ноҳияи Бахмал бо ноҳияҳои Айнӣ ва Панҷакенти Тоҷикистон марзҳои муштарак дорад. Рӯзи кушодашавии бинои нави ҷамоати шаҳрвандон ба рӯзе рост омад, ки сарвари давлатамон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистони ҳамҷавор ташриф оварданд. Ин сафар дӯстиву рафоқат ва ҳамкориҳои мову тоҷиконро беш аз пеш мустаҳкам хоҳад кард,– изҳор намуд Мӯсо Анорбоев.
– Кайҳо боз орзу мекардам, ки ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаамон соҳиби бинои наву замонавӣ гардад. Баъди машварат бо писарҳоям қарор кардем, ки як қисми маблағи бинои ҷамоати маҳалларо аз ҳисоби буҷаи хонаводаамон пардозем. Дар шафати ин бино як иншооти думанзила сохта, онро ба ҷавонони маҳалла туҳфа кардем. Ҳоло он ҷо “Гузари ҷавонон” ном гирифтааст ва аллакай ба ҷои дӯстдоштаи ҷавонон табдил ёфтааст. Дар як хонаи он занону духтарон машғули дӯзандагӣ мебошанд,– мегӯяд сокини “Нурафшон” Улуғбекҳоҷӣ Ҷуманов.
Маълум шуд, ки вай аз шахсиятҳои саховатпешаи ин ҷамоат муаррифӣ шудааст. Дасти саховати вай беш аз пеш дарозтар мегардад ва чанду пеш ба оилаҳои камбизоати маҳалла 50 халта орди навъи олӣ ва 50 зарф равғани 5-литрӣ ҳадя намудааст.
Вай ишора кард, ки ғайр аз он ки дар рушду ривоҷи ноҳияи Бахмал саҳм гирифтааст, ҳамчунин солҳои зиёд дар идораҳои обёрии ноҳияҳои Мирзочӯл ва Булунғур низ вазифа анҷом додааст. Тавре ки ӯ тазаккур дод, аз сиёсати хирадмандонаи сарвари давлатамон Шавкат Мирзиёев хеле розӣ аст. Зеро баъди ба сари қудрат омадани он кас дар Ҷиззах муҷассамаи шодравон Шароф Рашидов қомат афрохт ва боиси ифтихори мардуми зиёди вилоят гардид. 
Баъд ин ҳамсуҳбати мо ёдовар шуд, ки боре бо котиби якуми Кумитаи Марказии Ҳизби коммунистии Ӯзбекистон Шароф Рашидов дар ноҳияи Мирзочӯл дучор омад. Ба гуфтаи ӯ Шароф Рашидов хеле одами оддӣ ва хоксор будааст. 
Дар идомаи сафари матбуотӣ ба кору фаъолияти хоҷагии фермерии “Наврӯз Н”, воқеъ дар ҷамоати шаҳрвандони “Шодлик”-и ин ноҳия аз наздик ошно шудем. Ба гуфтаи роҳбари ин хоҷагии фермерӣ Нуруллохон Темиров онро соли 1996 ташкил намудааст. Дар ҳисоби хоҷагии ӯ 1,8 гектар майдон мавҷуд буда, ба кишту парвариши зироати гуногун машғул мебошад. 
– Дар оғози соли равон панҷоҳ сотих замини хоҷагии фермериамонро барои сохтани гармхона ва парвариши бодиринги навъи “Орзу” ҷудо кардем. Дар бунёди он як қисми маблағ аз ҳисоби кредити имтиёзноки бонк харҷ гардид. Дар ин гармхона шаш нафар ба кори доимӣ ва 10 нафар ба кори мавсимӣ ҷалб шудаанд. То ин давраи мавсим ба бозорҳои ноҳия ва вилоят 25 тонна бодиринги хушсифат баровардаем. Тавре ки мебинед, ҳанӯз ҳосил зиёд аст. То охири мавсими имсола аз гармхонаи ҳудудӣ 20 тонна ҳосил ҷамъоварӣ хоҳем кард,– мегӯяд бо қатъият Нуруллохон Темиров.
Вай афзуд, ки ба ҳар як коргари мавсимӣ як миллион сӯмӣ маош мепардозад. Маоши коргарони доимӣ нисбат ба коргарони мавсимӣ панҷоҳ дарсад бештар аст. 
Дар ноҳияи Бахмал ба парвариши рустании заъфарон рӯй овардани соҳибкорон фоли нек мебошад. Зеро парвариш ва бастабандии ин гиёҳи дорувор кори содаву осон намебошад. Ба гуфтаи мутахассисони соҳаи тиб заъфарон барои табобати бемориҳои зиёд, аз ҷумла роҳи нафас, дарди чашм, ҷигар, дил, ҳамчунин барқарор намудани хотира хеле муфид мебошад. Корхонаи муштараки Ӯзбекистон – Италия – “BMB-OPERA ZAFFERANO” дар айни ҳол ба парвариш ва фурӯши ин маҳсулот машғул мебошад. Мудири иҷроияи корхонаи мазкур Абдурашид Шарофуддиновро ба суҳбат кашидем.
– Гули заъфарон аз гаронтарин растаниҳо ба шумор меравад. Дар бозори ҷаҳонӣ онро “Тиллои сурх”низ меноманд. Як кило гули заъфарон, бо дарназардошти сифати он, то 30 ҳазор евро арзиш дорад. Тухмии растании заъфаронро аз Италия оварда коштем. Ҳоло дар майдони панҷоҳ гектар ин растаниро парвариш мекунем, –  мегӯяд Шарофиддинов.
– Чаро асосан занону духтарон ба кор ҷалб шудаанд?– пурсидем аз мудири иҷроияи корхона.
– Гули заъфарон хеле гули нозук аст ва онро танҳо дастони нозук чида метавонанд, барои ҳамин дар ҷамъоварӣ ва банду басти он асосан аз занон истифода мекунем. Соли равон дар корҳои мавсимӣ мо ҳудуди ҳашт ҳазор занону духтарони маҳаллиро ба кор ҷалб намудем, –  изҳор кард  Шарофиддинов. 
Ногуфта намонад, ки 90 дарсади маҳсулоти заъфарони ҷаҳон дар Эрон парвариш карда мешавад. Дар айни ҳол Ӯзбекистон низ ба ин қатор шомил шудааст. Мудири иҷроияи корхона боз тазаккур дод, ки аллакай маҳсулоти онҳо ба харидорони зиёд дастрас шудааст ва эҳтиёҷ нисбати он дар дохили кишвар беш аз пеш меафзояд. 
Сафари матбуотии мо ба ҷониби ҷамоати шаҳрвандони “Узунбулоқ” идома кард. Дар ҳудуди ин ҷамоат лоиҳаҳое мавриди татбиқ қарор дода шудаанд, ки бар асоси он ва бо истифода аз оби дарёи Зарафшон як қисми аҳолии вилояти Ҷиззах бо оби нӯшокӣ таъмин хоҳанд шуд.
– Татбиқи лоиҳаи мазкур 576 миллиард сӯмро тақозо мекунад. Қарор аст, ки обе, ки аз дарёи Зарафшон тавассути лӯлаҳо ба ин ҳавзҳо мерезанд, полоиш мешавад ва аз ноҳияи Бахмал барои аҳолии шаҳрҳои Ҷиззах ва Ғаллаарал, ноҳияҳои Пахтакор, Дӯстлик, Шароф Рашидов ва Мирзочӯл тавассути лӯлаҳои ҳазордиаметрӣ интиқол меёбад. Масофаи умумии лӯлаҳои об 182 километрро ташкил менамояд,– гуфт масъули корҳои идории лоиҳаи мазкур Дилмурод Каримов. 
Вай афзуд, ки дар ҳоли ҳозир 90 дарсади корҳои барномарезишуда анҷом пазируфтанд. Ба гуфтаи ӯ марҳилаи ниҳоии корҳои марбут ба ин лоиҳа то моҳи декабри соли равон ба фарҷом хоҳад расид.
Ноҳияи Бахмал барои рушди сайёҳӣ низ имкониятҳои фаровон доштааст. Ба ин зимни боздид аз ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи “Урмончӣ” эътимод ҳосил кардем. Барои ҷалби сайёҳони маҳаллӣ ва хориҷӣ дар ин ҷо кемпингҳои махсус ташкил кардаанд. Фароғатгоҳи “Бахмал” дар бағали кӯҳу адирҳо ва анбӯҳи дарахтзор воқеъ гаштааст. Маълум шуд, ки ҳудуди он ду гектар майдонро ишғол менамояд. Ин фароғатгоҳ даҳ кемпинги аз ҳар нигоҳ муҷаҳҳаз ва дорои шароити заруриро дар ихтиёри 150 нафар сайёҳон қарор додааст. Онҳо дар баробари он ки аз табиати гуворо, боду ҳавои хуш ва чаманзорҳои сабзу хуррам метавонанд баҳра баранд, ҳамзамон бо кумаки шифокорон саломатии худро низ барқарор мекунанд.
Дар ин фасли гармо, ки одамони зиёд худро ба ҷойҳои сояву салқин мезананд, ҳавои ин ҷо аз тарафи шом хеле салқин мешудааст. Ҳатто бидуни либоси гарм кас наметавонистааст шабонгоҳ дар ҳавои кушод сайругашт кунад. Инро гурӯҳи сайёҳоне, ки ин ҷо истироҳат мекарданд, тасдиқ намуданд. 
Ба ин тартиб, сафари навбатии матбуотӣ, ки Вазорати пуштбонӣ аз маҳалла ва оилаи ҷумҳурӣ барои журналистони маҳалливу хориҷӣ ташкил карда буд, ба поён расид. 

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири махсуси “Овози тоҷик”.

Вилояти ҶИЗЗАХ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: