АЗ МО ВОБАСТА АСТ

Тайи чанд моҳ аст, ки рӯйи ҷаҳонро бемории коронавирус фаро гирифтааст.

Тайи чанд моҳ аст, ки рӯйи ҷаҳонро бемории коронавирус фаро гирифтааст. Ин беморӣ балои азими асри XXI гардид.
 Дар ҳамаи мамлакатҳо қоидаҳои карантин ҷорӣ гардида, одамон хонанишину ниқобпӯш шуданд. Ин барои пешгирии эпидемияи коронавирус омили оддӣ, ягона ва муҳим буда, барои саломатии шахсӣ фоидаи калон дорад.
Дар натиҷаи эпидемияи коронавирус ҳазорҳо корхонаҳо фаъолияташонро қатъ карданд, ки аз ин ба буҷаи давлатҳо миллиардҳо маблағ зарар расид, ки минбаъд барои рафъи он солҳои зиёд лозим мешавад.
Хонанишинӣ ба рӯҳияти бисёриҳо зиён расонид, аммо чӣ илоҷ, тоқат кардан лозим меояд. Имрӯз барои мо, пеш аз ҳама, оромӣ ва сабру тоқат лозим аст.
Дар мамлакати мо барои пешгирӣ ва табобати ин беморӣ чораҳои зарурӣ андешида шуда, бисёр ҳамватанонамон шифо ёфта истодаанд. Тадбирҳои зидди коронавирус андешидаи давлатамон лоиқи таҳсин гардидааст. Сарвари давлатамон Шавкат Мирзиёев шабу рӯз дар ғами пешгирии эпидемия ва таъминоти аҳолӣ мебошад.
Аммо пешгирии эпидемия ва тозашавии кишварамон аз ин офат, пеш аз ҳама, ба ҳар яки мо вобаста аст.
Имрӯз ҳам ношукрҳо, вайронкунандагони интизоми карантин кам нестанд. Одамони бениқобро, ки беҳуда дар кӯчаҳо сайр доранд, дида истодаем, ки ин бар хилофи тартибот мебошад. Бояд ҳар як шахс қоидаҳои коронавирусро бечунучаро иҷро кунад.
Баъзе тадбиркорҳои беинсоф аз ҳолати карантин истифода бурда, нархи навои озуқавориро хеле баланд бардоштанд, ки ин аз рӯйи инсоф нест.
Ҳоло давлат барои гузаронидани баъзе маросимҳо дар ҷамъомади то 30 нафар рухсат додааст. 
Мо бояд барои беҳтаршавии зиндагонӣ, барои бахту саодати фарзандон, барои шод кардани хотираи гузаштагонамон ҳамеша бо иқдоми нек амал кунем, дар гузаронидани тӯю тантанаҳо, маросимҳои дафн андешаманд бошем, ба исрофкориву дабдабабозӣ роҳ надиҳем, маблағи зиёдатӣ дошта бошем, онро эҳтиёт кунем, сарфакор шавем. Чунки маблағ ҳамеша дар кадом ҳолат набошем, кадом мартабаро соҳиб набошем, лозим мешавад. Аз ин лиҳоз хароҷоти беҳуда лозим нест.
Ба ҷойи онҳо меҳру шафқатро пеш гирифта, ба  наздикон ва хешу ақрабои дармонда ёрии моддӣ расонем. Барои беҳтаршавии соҳаҳои таълиму тандурустӣ, маданияту варзиш хайру эҳсон кунем. 

Назирҷон ЭРГАШЕВ,
деҳаи Варзики ноҳияи Чуст.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: