Барои кӯдакон
Баҳри ману Фарзона,
Хонд бибиам афсона.
«Очахаргӯшаке буд,
Хапу хомӯшаке буд.
Як бачаи ало дошт,
Шӯху гапнодаро дошт.
Ба гапаш гӯш намекард,
Ҳар чиро хуш намекард.
Рӯзе ба ҷонаш расид,
Бачаашро сахт газид.
Модар гардид саргаранг,
Асабҳош шуд таранг.
Меҳру муҳаббаташ «мурд»,
Бачаашро фурӯ бурд».
Аз ин гуфтори момо,
Даҳони мо бишуд во.
Фарзона ғавғо накард,
Шӯру моҷаро накард...
Вақти хоб шуд, азизам, –
Хитоб намуд бибиам, –
– Акнун назди очат рав,
Хоб куну осуда шав!
Фарзона кард инро рад,
Гуфто: «Очам мехурад»
ҚАНДАКАТРО
ЧОЙ ХӮРДАСТ
Фиғон баровард саҳар,
Хоҳарчаам Нилуфар:
«Қандаки ман куҷо шуд,
Бар шиками кӣ ҷо шуд?
Ин дафъа бар пиёла,
Қанд гузорад Зулола.
Нилуфар аз ин рафтор,
Шоду мамнун буд бисёр.
Аммо пас аз чанде боз,
Савор шуд ба аспи ноз:
«Қандаки ман куҷо шуд?
Бар шиками кӣ ҷо шуд?»
Бобояш бо навозиш,
Аз Нилуфар кард хоҳиш:
– Қандата фаромӯш кун,
Чойи ширинро нӯш кун.
Қандакат бисёр будаст,
Ҳамаашро чой хӯрдаст.
Дилрабо НАСИМӢ,
шаҳри САМАРҚАНД.
Санҷиши қалам
ПАЙКИ НАҶОТ
Қанду набот бошад ҳар як дуот, модар,
Пайки наҷот бошад ҳар як дуот, модар.
Гӯши равон навозад, бо тори ҷон бисозад,
Савти баёт бошад ҳар як дуот, модар.
Дар осмони уммед то боргоҳи хуршед,
Моро қанот бошад ҳар як дуот, модар.
Дунё ба дӯши мо бор дар ин раҳи на ҳамвор,
Сабру субот бошад ҳар як дуот, модар.
Бо ту ҳама мо шодем, аз банди ғам озодем,
Хатти барот бошад ҳар як дуот, модар.
Дар дашти зиндагонӣ афтем ташна ҳар гоҳ,
Оби ҳаёт бошад ҳар як дуот, модар.
Муҳаммад АКАЕВ,
деҳаи Ӯхми ноҳияи Фориш.