АЗ НАВИГАРИҲО ОГОҲЕМ?

Давраи тараққиётро аз сар мегузаронем.

Хусусан, ду-се соли охир дар мамлакатамон тағйирот ва дигаргунсозиҳои азим рӯй доданд, ки марбут ба соҳаҳои гуногунанд. Ҳаёт босуръат пеш меравад. Аз ҷониби Президентамон ва ҳукумати ҷумҳурӣ қарор, фармон ва фармоишот қабул ва эътибор пайдо мекунанд. Қонунҳоямон шахшуда нестанд. Ба онҳо, дар вақти пеш омадани зарурат, дигаргунӣ ва иловаҳо дохил карда мешаванд. Аз тағйиротҳо бояд саривақт огоҳ шуд. Бехабар мондан аз навигариҳое, ки ҷорӣ мешаванд, нишонаи қафомондагӣ аз замон аст. Дар таблиғ ва фаҳмонидани мазмуну моҳияти ҳуҷҷатҳое, ки қабул карда мешаванд, нақши воситаҳои ахбори оммавӣ хеле калон. Хусусан, бо варақ задани матбуоти нашрӣ аз навигарӣ оиди қонунгузорӣ, ҷорӣ шудани низом ва қоидаҳои нав амиқтар огоҳ шудан мумкин. Интернет низ дар ин бахш ёвари зудкори мост. Ҳаракат мекунад навигариҳоро аз ҳама пештар дар саҳифаҳои худ ҷой диҳад.
Бо вуҷуди ҳамин огоҳии аксарияти мо ба дараҷаи зарурӣ нест. Дониш, ҷаҳонбинӣ ва маданияти ҳуқуқии на ҳамаамон ба талаботи рӯз ҷавобгӯст. Як-ду даҳсола қабл вазъ боз ҳам ногувор буд. Тафаккури ҳуқуқии шахсоне низ маҳдуд буд, ки худ дар ин соҳа фаъолият мебурданд.
Баъди воқеаҳои февралии соли 1999 бақайдгирии шаҳрвандон дар пойтахт маҳдуд гашт. Мувофиқи низоми нав, дар назди ҳокимияти шаҳри Тошканд комиссияи махсус таъсис ёфт. Ариза ва ҳуҷҷатҳои шахсоне, ки аз рӯихати доимӣ гузаштанианд, аз ҷониби ҳамин комиссия омӯхта ва танҳо «заруртарин»-ҳо барои қайди доимӣ пешниҳод мешуданд. Аз ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғона ба Тошканд омада, соҳиби кор ва манзил шуданам ба ҳамин давр мувофиқ омад. Ҳокими шаҳри Тошканд дар бораи ҳуқуқ пайдо карданам ба хонахарӣ аз пойтахт ва ба қайди доимӣ гузошта шудани шиносномаам қарор баровард. Аз омади кор ва осон ҳал гардидани масъалае, ки воқеан душвор буд, мамнун гаштам. Манзиламро ба номи худам расмӣ гардондам. Вале дар масъалаи қайди паспорт сарсонӣ пеш омад. «Мизи паспорт»-и ноҳияи Юнусобод нусхаи асли қарори ҳокими шаҳрро талаб намуд. Ба нусхаи ҳуҷҷат бовар накард. Нусхаи аслро идораи нотариалӣ аснои хонахариам чун асос ба худ гирифта буд. Биёред, бе асл шуморо аз рӯихат гузаронда наметавонем, гуфтанд дар «мизи паспорт». Ба нотариус рафтам. Гуфтанд, ки аслро баргардонда наметавонем, он бояд дар мо нигоҳ дошта шавад. Ҳамин тавр, мокувор равуоям байни ду идора хеле давом намуд. Масъулони ду идора якдигарро бо «бехабарӣ аз низом» муттаҳам  мекарданд. Вақт мегузашт. Дар шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Юнусобод гуфтанд, ки то яктарафа шудани масъала шуморо ба қайди муваққатӣ мегузорем.
Ба ҳокимияти шаҳр рафтам. Ба ҳуқуқшиноси ҳокимият вазъро фаҳмондам. Вай хаёл карда монд. Ба фикрам, мизи паспорт ҳақ, гуфт вай, оригинал бояд дар ҷое нигоҳдорӣ шавад, ки аз рӯихат мегузаронанд, шумо равед, масъаларо ба зудӣ ҳал мекунем ва ба шумо хабар медиҳем. Тез биёед, гуфтанд телефонӣ аз идораи нотариалӣ, нусхаро оварда, аслро бурданатон мумкин, узр мепурсем. Ман боз дар нотариус. Ҳуҷҷатҳоро ба архив супурда будаанд. То кофта, ёфтанд ва баргардонданд, боз хеле вақт гузашт.
Нигаред, аз низом бехабарии шахсони масъул, хусусан, аз навигарӣ дар соҳаи ҳуқуқ дар ғафлатмонии шахсе, ки дар соҳаи ҳуқуқу тартибот кор мекунад, ба сарсонии чӣ қадар шаҳрвандон оварданаш мумкин. Хайр, аз ин воқеа хеле гузашт. Ҳоло маданияти ҳуқуқии масъулоне, ки дар соҳаҳои ҳуқуқу тартибот кор мекунанд, дар чӣ поя?
Чанд вақт пеш дар масъалаи ба иҷора супурдани яке аз хонаҳои ҳавлии наве, ки харидаам, ба яке аз идораҳои давлатии нотариалӣ рафтам. Ҳуҷҷатҳоямро қабул ва миқдори андози якмоҳаеро, ки мувофиқи шартномаи иҷора супорам, муайян карданд. Суммаи калон. Гуфтам, ки ман тамоми ҳавлиро не, хонаеро супурданиам. Ин мумкин нест, гуфт нотариус. Чӣ тавр мумкин нест? – ман ҳайрон. Хубаш, ба дигар нотариус равед, маслиҳат дод шахси масъул, ман дар ин ҷо одами нав, ростӣ, баъзе қоидаҳоро намефаҳмам. Аҷиб! «Одами нав»-е, ки қоидаҳои муқаррарии «шахси оддӣ» донистаро ҳанӯз намедонад, дар идораи давлатии нотариалӣ фаъолият бурданаш мумкин?
Дар идораи нотариалии дигар, хайрият, корҳо осон ҳаллу фасл шуданд.
Муҳлати шартномаи иҷора ба охир расид, лозим омад ҳавлиро ба иҷорагирҳои нав супорам. Пешакӣ ба нотариус рафтам ва ҳуҷҷатҳоеро, ки бояд соҳиби хона пешниҳод созад, пурсидам. Вай дар коғазак чизҳои заруриро қайд кард. Дар бораи нафароне, ки дар қайди манзиланд, аз идораи маҳалла маълумотнома оварданам низ сабт ёфта буд. Ба идораи маҳалла рафтам. Гуфтанд, ки ин «ваколат» акнун дар мо не, ба «мизи паспорт»-и ноҳия равед, ҳамон ҷо маълумотнома медиҳанд. Лозим омад ба ҷое, ки таъин карданд, роҳ пеш гирам. Вале он ҷо: «Шуморо беҳуда овора кардаанд, чӣ нотариус, чӣ масъулони маҳалла, аз афти кор, аз қароре, ки Президент дар масъалаи қайд баровардааст, ҳанӯз бехабар», гуфт сардори «мизи паспорт»-и ноҳияи Миробод ва телефони мобилиашро гирифта, ҷойҳои даркории қарорро, ки сабт ёфта буданд, нишон дод.
Бо вуҷуди сарсонӣ мамнуние ҳис мекардам. Қарорҳое, ки қабул мешаванд, хусусан, дар масъалаи қайди паспорт, ба аҳолӣ сабукӣ мебахшанд. Чӣ лозим коғазбозиҳои аз ҳад зиёд?
Як қисм донишҷӯёне, ки дар пойтахт мехонанд, мехоҳанд ҳамин ҷо монанд. Ё худ бисёр ҳамватанонамон аз вилоятҳои гуногуни ҷумҳурӣ дар Тошканд кору зиндагӣ кардан мехоҳанд. Душвортарин масъалае, ки онҳоро ба ташвиш мегузошт, қайди шиноснома ва бе он ба кор намегирифтанд. Мардуми муқими шаҳр барои дар манзилашон ба руихати муваққатӣ гузоштани онҳо ба осонӣ розӣ намешуданд. Акнун бо қайди доимӣ дар вилоятҳои дурдаст низ дар Тошканд истиқомат ва кор кардан мумкин. Дар масъалаи шартномаи иҷора низ зарур нашуда мондани қайдро фаҳмида, «айни муддао!» – гуфтам дар дил. Вале аз ин навигарии хуб чаро дар идораи нотариус ва маҳалла ҳанӯз бехабаранд?
Аз ибтидои соли равон боз як «навигарии хуб» ба тартиби иҷорасупории манзилҳои шахсӣ ворид гашт. Акнун соҳиби хона ва иҷоранишин бевосита дар идораи андоз ҳуҷҷатҳоро расмӣ карда метавонанд. Тасдиқи ҳуҷҷатҳо дар идораи давлатии нотариалӣ шарт нест. Иҷоранишин аз пардохти боҷ барои расмигардонӣ озод – дар идораи андоз маблағ талаб карда намешавад.
Бо вуҷуди он ки қоидаи навро таблиғ ва эълон мекунанд, афсӯс, касҳои аз он бехабар ҳанӯз ёфт мешаванд. Аз навигариҳо воқиф бошем, ҳуқуқи худ шиносем, фоидаи худи мо. Ҳарҷониба огоҳии шахсони масъул ва ҳуқуқӣ бошад, масъалаи боз муҳимтар!

М.ШОДИЕВ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: