Дар сайёраи замин, ки мо ҳаёт ба сар мебарем, рустаниҳои гуногун мерӯянд.
Дар сайёраи замин, ки мо ҳаёт ба сар мебарем, рустаниҳои гуногун мерӯянд. Ҳоло дар тамоми дунё қариб 500 ҳазор хел намуди рустаниҳо маълум аст.
Олими машҳури Ӯзбекистон академик Тошмуҳаммад Қорӣ-Ниёзӣ пас аз тадқиқотҳои илмӣ исбот кардааст, ки ҳатто аз милод чанд ҳазор сол пеш ҳам дар атрофи водии Зарафшон, аз он ҷумла Самарқанди бостонӣ ҷангалҳои касногузар арзи вуҷуд дошта, бо мурури замон аз байн рафта, боғдорӣ ва деҳқонӣ ба вуҷуд омадааст.
Бояд таъкид намуд, ки дар давраи ҳукмронии Соҳибқирон Амир Темур Самарқанд ба гулбоғу токзор табдил ёфт. Ҳоло ҳам дар вилояти мо чанд мавзеъ бо номҳои Боғибаланд, Боғи биҳишт, Боғи тилло, Боғи Фирӯза, Боғи зоғон ва ғайра арзи вуҷуд дорад.
Тирамоҳи соли равон дар асоси лоиҳаи «Ҳудуди сабз», ки бо ташаббуси сарвари давлатамон оғоз ёфт, дар вилояти Самарқанд панҷ миллиону 400 ҳазор бех ниҳолҳои манзаравӣ ва меванок дар асоси тавсияҳои олимони соҳаи мазкур сабз гардиданд.
– «Аз нек – боғ», гуфтаанд, – иброз дошт сарвари садорати хоҷагии ҷангали вилояти Самарқанд Зиёдулло Ҷамолов, – бо ғайрату ташаббуси аҳли ташкилотамон дар як ҳазору 450 гектар майдон боғ бунёд намуда, барои обёрӣ ва нигоҳубин шахсони масъулро таъин кардем.
Чӣ ҷои руст кардан аст, аввалҳо натанҳо дар корхонаи мо, инчунин дар дигар ташкилоту муассисаҳо ба расмият, яъне барои «ҳисобот ба боло» ниҳолшинонӣ авҷ мегирифт. Имсол масъала ранги дигар гирифта, назорати халқӣ ва ҷамоатӣ пурзӯр аст.
– Зиёдулло Уроқович, ниҳолҳо ва гулбуттаҳоро аз куҷо пайдо мекунед?
– Дар тасарруфи мо даҳ адад хоҷагиҳои ёрирасон ҳаст, ки ҳар яке гармхона ва шуъбаҳои ниҳолпарварӣ дорад.
Ба маълумоти шумо расонам, ки имсол як қисми ниҳолҳои дарахтони мевадор ва манзаравӣ ба оилаҳои камбизоат ройгон тақсим шудаанд. Мақсад — бештар боғ пайдо шуда, кишвари азизамон ба маънои том ба ҳудуди сабз табдил ёбад.
Боз як хушхабар дар он аст, ки қариб дар ҳар як ноҳияҳои вилояти Самарқанд боғҳо номи «Ӯзбекистони нав»-ро гирифтаанд.
Аз фасли баҳор сабзонидани ниҳолҳо боз идома хоҳад ёфт. Фақат мо насиҳати Соҳибқирон Амир Темур «Хоҳ шоҳ ҳастӣ, хоҳ гадо, ниҳол парвариш намо»-ро фаромӯш накунем. Зеро «аз нек боғ» гуфтаанд.
Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори
«Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.