АЗ НИҲОДИ СИЁҲКУНАНДА БА СОХТОРИ ҲИМОЯКУНАНДА

Мо ба муносибати Рӯзи кормандони прокуратура, инчунин 30-юмин солгарди таъсисёбии Прокуратураи Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо прокурори вилоят Равшан Машарипов ҳамсуҳбат шудем.

Мо ба муносибати Рӯзи кормандони прокуратура, инчунин 30-юмин солгарди таъсисёбии Прокуратураи Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо прокурори вилоят Равшан Машарипов ҳамсуҳбат шудем.
– Равшан Раҷаббоевич! Нахуст бо 30-юмин солгарди таъсисёбии мақомоти прокуратура табрику таҳният мекунем. Ба Шумо ва кормандони соҳа, пеш аз ҳама, тани сиҳҳат, хушбахтии оилавӣ ва барори кор орзумандем. 
– Ташаккур! Воқеан, касби мо баробари пуршараф  будан масъулиятнок ҳам ҳаст. 
Бо эътибори хоссаи Сарвари давлатамон Рӯзи кормандони прокуратура эълон гардидани санаи 8-уми январ барои мо – муҳофизони қонун зуҳуроти қадрдонии баланд аст. Замоне прокуратура як ниҳоди ҷазодиҳанда, сохтори маҳкумкунанда буд. Дар натиҷаи ислоҳоти судиву ҳуқуқӣ, ки тӯли солҳои истиқлол зина ба зина амалӣ мегарданд, он ба мақомоти боэътимоди мардум табдил ёфт. Фаъолияти мақомоти прокуратура барои хизмат ба манфиати халқ нигаронида мешавад.
Бахусус, тӯли панҷ соли охир дар фаъолияти мақомоти прокуратура дигаргуниҳои калон ба амал омаданд. Сарвари давлат вазифа гузошт, ки прокуратура ба “Прокуратураи халқӣ” табдил дода шавад. Имрӯз меъёри асосии фаъолияти мо ба ҳамин мизон такя мекунад. Ба ин далел масъулияти кормандони соҳа бобати таъмини уствории қонун ва таҳкими волоияти қонун афзуд.
– Ба муносибати иди касбӣ бо собиқадорони соҳа суҳбатҳои самимӣ барпо гардиданд. Аксари онҳо дар бораи шароити имрӯза бо шавқу завқ сухан ронданд. Аз ин рӯ, дар бораи дирӯзу имрӯзи мақомоти прокуратура ҳарф мезадед.
– Фахру ифтихори собиқадорони мо беҳуда нест. Шароити имрӯза воқеан хуб аст. Онро бо дирӯз наметавон муқоиса кард.
Мувофиқи замон шароити кор ва имкониятҳои техникии мақомоти прокуратура беҳтар гардидааст, ки дар навбати худ ба сифат ва самаранокии кор таъсири мусбат мерасонад. Намояндагони насли калонсол нағз дар хотир доранд, ки асбоби асосии кор машинкаҳои чопкунӣ буд.
Мо барои навиштани даҳҳо ҷилди парвандаҳои ҷиноӣ ва маводи дигар, шабҳоро ба субҳ мепайвастем. Ҳангоми навиштани як саҳифа, агар ба хатое роҳ диҳем, онро дубора менавиштем. Бахусус, касро даҳҳо маротиба рӯбардор кардани як ҳолат дилтанг мекард. Чун ҳозира нусхабардорӣ осон набуд. Ин душвориҳоро ҷавонони имрӯз тасаввур карда наметавонанд. Ҳол он ки ман аз сад якеро гуфтам.
Ҳоло сохтор бо технологияҳои замонавӣ муҷаҳҳаз мешавад. Бахусус, шабакаи интернетӣ, алоқаи босифати мобилӣ, сохтори табодули ҳуҷҷатҳои электронӣ қулайиҳои зиёдро фароҳам оварданд.
Пештар шароити корӣ низ хуб набуд. Прокуророни аксар шаҳру ноҳияҳо дар биноҳои мутобиқшуда, ки шароити хуби корӣ надоштанд, меҳнат мекарданд. Масъалаи муҳайё намудани шароити зист барои кормандоне, ки аз дигар ҷой омадаанд, дар ёди касе набуд. Ҳар кас худ барои иҷора хона мегирифт ё аз манзили дур равуо мекард. Баъзе кормандон дар коргоҳ мехобиданд.
Тӯли солҳои 2013-2015 бинои маҳкама ва бинои иттиҳодияи ташкилотҳои иттифоқи касабаи вилоят якҷоя гардида, он ду баробар калон шуд ва тибқи талаби замон ба таври замонавӣ таъмир гардид.
Соли 2018 биноҳои иловагӣ сохта ва гирду атрофи онҳо обод карда шуданд. Толори варзишӣ, ошхона, маҷлисгоҳҳои хурду калони дорои тамоми шароитҳо мавриди истифода қарор гирифтанд.
Агар соли 2014 прокуратураи ноҳияи Қӯшработ, соли 2015 прокуратураи шаҳри Каттақӯрғон, соли 2016 прокуратураи ноҳияи Ургут, соли 2018 прокуратураи ноҳияи Тайлоқ, соли 2019 прокуратураҳои ноҳияи Самарқанд ва Нуробод, соли 2021 прокуратураҳои Иштихон, Нарпай, Булунғур, Ҷомбой ва Қӯшработ соҳиби бинои замонавӣ гардида бошанд, соли 2015 биноҳои прокуратураҳои ноҳияҳои Пайариқ ва Каттақӯрғон аз таъмири капиталӣ баромаданд.
Дар онҳо мутобиқи вазифаи ҳар як корманд хонаҳои алоҳидаи корӣ, таҷҳизоти замонавӣ, хонаҳои маънавият ва тадбиркорон, коргоҳи алоҳидаи қабули шаҳрвандон мавҷуданд. Барои кормандоне, ки аз роҳи дур омада, кор мекунанд, меҳмонхонаҳо фаъолият доранд.
Ба ҳифзи иҷтимоии коркунон низ эътибори ҷиддӣ дода мешавад. Ба ҷавонон барои харидани хона ва мошин воми имтиёзнок медиҳем. Кормандоне, ки ба туфайли садоқат ба касб ба натиҷаҳои хуб ноил шудаанд, аз ҷиҳати маънавию моддӣ ҳавасманд карда мешаванд. Табиист, ки ин шароит на танҳо ба собиқадорони мо, балки ба соҳибони дигар касбу корҳо низ илҳом мебахшад. Аммо вазифаю масъулияте, ки дар назди мо гузошта шудааст, мутобиқи ин ғамхориҳост.
– Тавре таъкид кардед, кор дар мақомоти прокуратура баробари шаъну шараф будан, масъулият низ дорад. Фидокорони касб аз тарафи ҳукумат чӣ хел қадр мешаванд?
– Дар меҳвари ҳар як ислоҳоте, ки дар мамлакат амалӣ мешаванд, қадр ва манфиати инсон қарор дорад. Соли ҷорӣ аз тарафи Сарвари давлат Соли гиромидошти қадри инсон ва маҳаллаи фаъол номгузорӣ шуд. Ин худ исботи гуфтаҳои болост. Зеро бузургдошти инсон ин, пеш аз ҳама, таъмини ҳуқуқ ва озодӣ, манфиатҳои қонунии онҳо мебошад. Дар сохтори мо низ ба дастгирӣ ва рағбатноксозии кормандони фаъол ва пешқадами соҳа эътибори алоҳида дода мешавад. Дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон соли 1992 шодравон Адолат Ҳамроқулова, соли 1993 марҳум Маҳаммадӣ Мӯминов бо унвони «Ӯзбекистонда хизмат кӯрсатган юрист» («Ҳуқуқшиноси шоистаи Ӯзбекистон») сарфароз гардиданд. Қилич Норбеков (равонаш шод бод), ки дар прокуратураи Челак ба ҳайси муфаттиш кор кардааст, соли 1996 дар асоси фармони Сарвари давлат бо ордени дараҷаи II «Шон-шараф» мукофотонида шуд.
Ғайр аз ин, Алишер Ҳусайнов, ки солҳо чун прокурори вилояти  Самарқанд кор кардааст, соли 2002 бо ордени «Меҳнат шуҳрати» қадрдонӣ гардид. Ёрдамчии калони прокурори шаҳри Самарқанд Галина Бурҳонова соли 2007 соҳиби медали «Ҷасорат» шуд.
Соли гузашта низ як гурӯҳ кормандони мо бо медал ва орденҳо сарфароз гардиданд. Аз ҷумла, прокурори шаҳри Самарқанд Дилмурод Сайидқулов бо медали «Содиқ хизматлари учун», ёвари калони прокурори шаҳри Самарқанд Алишер Шамсиқулов ва собиқадор Аҳад Эсонов бо унвони «Ӯзбекистон Республикаси прокуратурасининг фахрий ходими» («Корманди ифтихории Прокуратураи Ҷумҳурии Ӯзбекистон») сарфароз гардиданд.
– Маълум аст, ки прокуратура дар сафи пеши мубориза бо коррупсия қарор дорад. Барои ба касе ақл омӯзондан, аввал бояд намуна шуд. Ба ин маънӣ, дар худи сохтор бобати мубориза бо коррупсия чӣ гуна корҳо амалӣ мешаванд?
– Ҳамаи корҳое, ки дар боло таъкид кардам, натиҷаи амалии мубориза бо коррупсия дар сохтор мебошад. Коррупсия ва ришвахурӣ кай авҷ мегирад? Вақте ки корманд аз натиҷаи кораш қаноатманд набошад, ҷонро дар азоб гузошта меҳнат кунаду аз муаммоҳои маишии хонавода азият кашад, дар фалон ҷо кор мекунам, гӯяду дар иҷора зиндагӣ кунад, аз надоштани мошин душворӣ кашад, меҳнати фидокоронааш муносиб қадр карда намешавад... ва ғайра. Дар ин бобат бисёр ҷиҳатҳо мавҷуданд.
Имрӯзҳо робарияти мо барои ҳалли муаммоҳои одитарини кормандон эътибори алоҳида медиҳад. 
Қисми асосии ходимони мо ҷавонон ҳастанд. Акнун тасаввур кунед, ки агар коргар донишгоҳро хатм карда, ба мақомоти бонуфуз ба кор дарояд, дар шароити беҳтарини меҳнатӣ кор карда, музди меҳнаташ кофӣ бошад, дар асоси воми имтиёзнок хонаи обод, асбобу анҷоми замонавии рӯзгор, мошини нав ба даст оварад, магар аз таҳти дил ва содиқона меҳнат намекунад? Вақте ки фидокорона меҳнат мекунад, албатта ба натиҷаҳои хуб мерасад. Дар чунин маврид агар роҳбарият низ меҳнат ва дастовардҳои ӯро эътироф намуда, рағбатнок намояд, бештар рӯҳбаланд мегардад. Дар натиҷа, мавқеъ, унвон, обрӯю эътибор дар ҷамоа торафт баланд мешавад. Ростӣ, панҷ панҷа баробар нест, вале бо камоли бовар гуфта метавонам, ки кормандони мо ба қадри зарурӣ соҳиби дониш ва ҷаҳонбинии васеъ ҳастанд.
Таҷрибаи нави зиддикоррупсионӣ низ ба роҳ монда шудааст. Агар касе ба корманди прокуратура маблағи муайяне пешниҳод кунад, корманд дар ин бора ба сардор хабар медиҳад ва фавран чорабинии зарурӣ андешида мешавад. Порадиҳанда ҳангоми додани пул дастгир ва ба ҷавобгарӣ кашида мешавад. Корманд барои фидокорӣ, садоқат ба касби худ, паст накардани обрӯи мақомоти прокуратура ва саҳм дар мубориза ба муқобили коррупсия ба андозаи миқдори порае, ки пешниҳод шуда буд, мукофоти қонунӣ мегирад. Дар ин бора чанд мисоли аниқ оварда метавонам. Ин таҷриба ҳам самараи хуб медиҳад.
Оре, меҳнати ҳалол ва таҳтидилона гарави обрӯю эътибор, хаёти осудаю фаровон ва ояндаи дурахшон аст. Инро коркунони мо нек идрок менамоянд.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
Хондамир МАРДИЕВ, 
мушовири адлия, ёвари прокурори вилоят.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: